Нашрияи Омӯзгор

Бинои иловагии муассисаи таълимӣ

Сана: 2021-10-27        Дида шуд: 743        Шарҳ: 0

 

21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Хуррамзамини деҳоти ба номи Исмат Шарифи ноҳияи Данғара бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8-ро ифтитоҳ намуданд.

Иншооти соҳаи маориф аз 9 синфхонаи барҳаво иборат буда, барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ пешбинӣ шудааст. Дар бинои қаблии муассиса аз сабаби фарсуда будани он барои ба таълим фаро гирифтани наврасон шароити таҳсил ба талабот ҷавобгў набуд.

Бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8 дар доираи омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи соҳибкорон бо назардошти фароҳам овардани шароити замонавии таълим барои наврасон сохта шудааст.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз шароити фароҳамшуда омўзгоронро барои дар рўҳияи хештаншиносӣ ва омўзиши донишҳои муосир тарбия намудани наврасон вазифадор карданд.

Дар маҷмуъ, дар иншооти соҳаи маориф 288 нафар дар ду баст ба таълим фаро гирифта мешаванд.

 

President.tj


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш