Нашрияи Омӯзгор

Сулҳ ҳамеша поянда бод!

Сана: 2021-10-27        Дида шуд: 774        Шарҳ: 0

 

Арзишмандтарин неъмате, ки мо дар замони Истиқлоли давлатӣ ба даст овардем, аҳдномаи сулҳу ваҳдат дар Иҷлосияи 16 – уми Шўрои Олӣ буд, ки бо талошҳои Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт.

Сулҳ асоси ҳама гуна пешрафту тараққиёт ва осоиштагист. Дар акси ҳол, мамлакат ба харобазору вайрона табдил меёбад.

Биёед ба вазъи давлати ҳамсоя Афғонистон мурур кунем. Бо амри тақдир дар баробари таъйин гардидани падар ба ҳайси мушовири вазири маориф дар Афғонистон (солҳои 1978 – 1983) аз яксолагӣ дар ин мамлакат ҳузур доштам, хотираҳои ширини зиёд аз ин диёр дорам ва ҳар гоҳ китоби падар «Дар хизмати маорифи Афғонистон»-ро варақ мезанам, он хотираҳо боз думболагирам мекунанд. Чӣ шуд бо ин сарзамини ҳамзабону ҳамдини мо? Охир, замоне он ҷо ободӣ, пешравӣ, озодӣ буд. Падар, ки дар ин мамлакат барои бачаҳои тоҷикону паштуҳо, туркману ўзбекҳо ва балучҳо «Алифбо» навиштаанд, имрўз дилхун гардида, аз воқеаҳои дар ин кишвар рухдода амиқ андешаманданд. Худ, ки аҳли илму маърифат ҳастанд, барои маориф, таълиму тарбия, аз мактаб дур мондани кўдакону муаллимон, хусусан, духтарон ғамгин аст. Рўзҳои охир мавзуи суханашон танҳо атрофи ҳолу аҳволи мардуми Афғонистон аст. Воқеан, хеле сахт аст ин ҳол. Ҳатто боре гуфтанд: Худо маро ақаллан даҳ сол ҷавонтар мекард, мерафтам дар паҳлўи тоҷикони ин кишвар қарор мегирифтам.      

Вале чуноне мегўянд, поёни шаби сиёҳ сафед аст. Бигзор, мардуми Афғонистон яъсу ноумедиро як сў гузошта, барои озодиву сулҳ мубориза баранд. Ин ҷо мехоҳам, аз суханони Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мисол орам: «Халқи Афғонистон ҳеҷ гоҳ бояд ноумед нашаванд, зеро чуноне мегўянд, банда бо умед – шайтон ноумед».

Воқеан, дар ҷаласаи ботантана ба ифтихори 30 – солагии Истиқлоли миллӣ, ки бо иштироки Пешвои миллат, муҳтарам Президенти кишвар дар Кохи Борбад сурат гирифт, ман низ иштирок доштам. Ҳангоме ки Президенти азизамон Эмомалӣ Раҳмон суруди сарояндаи афғон Фаҳим Фаноро шуниданд, хоҳиш намуданд, то боз ягон суруде бихонанд. Ў дар васфи Ватан чанд мисрае хонд ва бовар кунед, ин мисраъҳо чунон ба дилҳо таъсир расонданд, ки тамоми аҳли толор гирён шуд ва Ҷаноби олӣ низ ашк рехтанд. Ин аз чӣ гувоҳӣ медиҳад? Аз он ки Президенти кишвари мо ҳамеша дар талоши сулҳу ваҳдат ва оромии ҷомеа ҳастанд.

Баъдтар Пешвои миллати мо дар ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои СҲШ, ки бевосита раисии онро ба уҳда доштанд, сухан ронда, масъалаи таҳкими сулҳу амниятро дар Афғонистон хотиррасон ва таъкид карданд.

Як чиз боиси сарбаландист, ки ҳатто омўзгорони Америка дар дарси сулҳ ба толибилмон бо истифода аз дарсҳои видеоӣ таҷрибаи хуби моро, аниқтараш ба тасвиб расидани созишнома оид ба сулҳро, ки бевосита бо талошҳои Сарвари давлат ба имзо расида буд, намоиш медиҳанд. Яъне тоҷикон, ки аз азал мардуми сулҳдўсту ваҳдатофаринанд, кўшиш менамоянд, роҳи ҳалли ҳама муноқишаҳоро тавассути вохўриву нишастҳо, чуноне мегўянд, сари як пиёла чой ҳал намоянд.

Парвина ЛУТФУЛЛОЕВА,

муовини директори Пажўҳишгоҳи  рушди маорифи АТТ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш