Нашрияи Омӯзгор

Мусоидат барои барқарорсозии сулҳ

Сана: 2021-10-27        Дида шуд: 763        Шарҳ: 0

 

20 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи хадамоти махсуси Эрон, Қазоқистон, Чин, Покистон, Русия, Тоҷикистон ва Ўзбекистон баргузор  гардид. Ширкаткунандагони ҷаласа изҳор намуданд, ки вазъ дар ин кишвари ҷангзадаи Афғонистон  мураккабу боқӣ монда, амалҳои террористӣ ва дигар аъмоли хушунатомез бо қурбонии зиёди одамон идома доранд, ки боиси нигаронист.

Дар кори ҷаласа масъалаҳои мубрами рўз, аз қабили ҷо гардидани  созмонҳои террористӣ дар қаламрави Афғонистон ва ба ҳар роҳу васила ҷалб намудани ҷавонони мансуби миллатҳои гуногун ба созмонҳои байналмилалии террористӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Зикр гардид, ки созмонҳои байналмилалии террористӣ барои мавҷудияти давлатдорӣ дар Афғонистон ба минтақа ва ҷаҳон хатар эҷод мекунанд.

Ҳамчунин, иштирокдорони ҷаласа перомуни аҳамият ва зарурати ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон,  андешаронӣ  намуданд. Ҷонибҳо бо мақсади ташкили ҳукумати фарогир ва ором гардидани вазъияти Афғонистон назару пешниҳодҳои худро баён намуданд. Иштирокдорони ҷаласаи мазкур аз созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои манфиатдор хоҳиш ба амал оварданд, ки дар ҳалли қазияи Афғонистон роҳи ягонаро пеша намуда, тамоми кўшишҳоро баҳри барқарорсозии фазои сулҳ дар ин кишвар ва таъсиси ҳукумати фарогир ва муборизаи алайҳи терроризми байналмилалӣ равона намоянд.

Сорбон Бозор,

 устоди ДДХ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш