Нашрияи Омӯзгор

Ба ҳуқуқу озодии мардум арҷ бояд гузошт

Сана: 2021-10-27        Дида шуд: 766        Шарҳ: 0

 

Ман омўзгорам ва аз касбам ифтихор дорам. Аз фанни ҳуқуқ дарс медиҳам. Шогирдонам ба ҳодисаҳои имрўзаи Афғонистон таваҷҷуҳ карда мепурсанд: “Чаро ин давлати ба мо дўст ба ин ҳол гирифтор шуд?”, “Барои чӣ духтаронро аз таҳсил бозмедоранд?”, “Ашраф Ғанӣ чӣ гуна президент буд, ки аз Афғонистон гурехт?”...

Ҷавоби мушаххас ин аст: Афғонистон – мулки ҷангзада, азбаски давлати қашшоқ аст, муҷиби ғасби террористон шуд. ИМА, давлатҳои узви НАТО, ки бо шиори мубориза бар зидди терроризм қувваҳои ҳарбии худро дар Афғонистон ҷой карда буданд, на фақат авҷи террорро кам карда натавонистанд, балки вазъияти ин давлатро ба буҳрон расонданд. Ман дар такя ба дониши андўхтаи худ мефаҳмонам, ки ифротгароиву хурофотпарастӣ чӣ оқибатҳо доранд. Ва талқин мекунам, ки дўст доштани Ватан касро ба мақсадҳои наҷиб мерасонад. Шумо, мегўям ба шогирдон, хушбахттарин насли даврони Истиқлол ҳастед, ки бо номи Ватани азизи худ – Тоҷикистон бояд ифтихор дошта бошед.

Воқеан, мо медонем, ки мардуми Афғонистон дар натиҷаи ҷанги дохилӣ ба азобу кулфат гирифтор шуда, ҳазорон нафар ба гўшаҳои дунё, аз ҷумла, Амрикою Олмону Канада, инчунин, Тоҷикистон гуреза шуданд. Ҷанги беш аз чилсола ин кишварро аз ҷиҳати иқтисодӣ заиф кардааст.

 Дар ду моҳи охири соли равон, ки ҳукумати Афғонистон ба дасти Толибон афтод, ҳуқуқҳои мардум, хусусан ҳуқуқу озодиҳои занону духтарон поймол гардид. Толибон монеаи таҳсили духтарон мешаванд. Пурсида мешавад: магар Туркия, Эрон, Покистон мамлакатҳои исломӣ нестанд?! Дар ин кишварҳо тибқи қонунҳояшон занон баробари мардон дар идораи давлат ширкат меварзанд, озодона сари минбарҳо сухан мегўянд, ақидаҳои пешқадами хешро баён месозанд. Дар Тоҷикистони азизи мо, ки 99 фоизи аҳолияш мусулмон аст, ба занону духтарон имкониятҳои фаровони кору таҳсил муҳайё гардида, Конститутсияи кишвари мо ҳуқуқу озодиҳои инсонро арзиши олӣ медонад. Толибон бояд аз ҳамсояҳои худ, ки зиндагии осоишта доранд, ибрат бигиранд. Таҷрибаҳои ҷаҳонии давлатдорӣ собит кардааст, ки ягон давлат ба танҳоӣ ба пешравӣ ноил гашта наметавонад.

Толибон, ки аз ба сари қудрат омаданашон на зиёдтар аз ду моҳ гузаштааст, ҳанўз кори худро сару сомон карда натавонистаанд. Кормандони муассисаҳои давлатӣ ду-се моҳ мешавад, ки маош нагирифтаанд. Беморхонаҳо моломоли кўдакони мариз гаштааст, табибон бо сабаби пардохт нагардидани маоши худ корро тарк мекунанд. Ваъдаҳои Иморати исломӣ сари вақт иҷро намешаванд.

Толибон ҳукумати Афғонистонро зўран ғасб кардаанд. Ҳамин аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ онҳоро эътироф намекунад. Ҳукуматдорони имрўзаи Афғонистон мехоҳанд дар сохторҳои давлатӣ бештар афғонҳо ва паштуҳо мавқеъ дошта бошанд. Аз рўи адолат бигўем, чунин тарзи давлатдорӣ хилофи қонунҳои умумибашарист. Дар сурате, ки 46 фоизи аҳолӣ тоҷик асту қисмати дигарро ўзбекон, ҳазораҳо ва дигар халқиятҳо ташкил медиҳанд, бояд мавҷудияти онҳо эътироф карда шуда, ҳуқуқҳояшон маҳдуд нагардад.

Маҳбуба АЗИМОВА,

омўзгори МТМУ №64,

шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш