Нашрияи Омӯзгор

30 соли осорхонаи маориф

Сана: 2021-10-27        Дида шуд: 775        Шарҳ: 0

 

Осорхонаи маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон соли 1960  таҳти унвони «Музейи маорифи халқ» таъсис дода шудааст, ки муассиси он Вазорати маорифи халқи РСС Тоҷикистон мебошад. Осорхона то соли 1996 чун муассисаи алоҳида ва баъд ҳамчун шуъба дар назди Пажўҳишгоҳи илмҳои педагогӣ фаъолият кардааст. Пас аз таъсиси Академияи илмҳои педагогӣ соли 2002 (ҳоло Академияи таҳсилоти Тоҷикистон) ба ҳайати зерсохтори он ворид карда шуд.

Осорхона муассисаи илмиву таърихӣ, фарҳангӣ ва педагогӣ буда, ки аз  мероси гузаштаву имрўзаи маорифи кишвар маълумот медиҳад. Он дар тўли фаъолияти худ ҳуҷҷатҳои нодири таърихӣ, нигораҳо, амсилаву аксҳоеро, ки рушду нумў ва бурду бохти маорифи Тоҷикистонро бозтоб менамоянд, гирд овардааст. Дар гирдоварии маводи илмиву таърихӣ саҳми пурарзиши роҳбарият ва кормандони осорхона назаррас аст. Ходимони илмии осорхона барои дастрас намудани мавод ва маълумоти зурурӣ ба шаҳру навоҳии кишвар сафар намуда, ба таври густурда корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботӣ анҷом медиҳанд.

Осорхона дорои амсилаву нигораҳои нодир ва бою рангин, аз қабили «Мактаби куҳна», «Мадраса», «Асбобҳои таълимии асрҳои қадима» ва ғайра мебошад. Девонҳои Хоҷа Ҳофиз, Саъдӣ, Бедил, Фузулӣ, ки бо ҳуруфи форсӣ нашр шудаанд ва аз рўйи онҳо дар мадрасаҳои Самарқанд, Бухоро, Ҳисор, Истаравшан, Хуҷанд ва ғайра дарс мегуфтанд, аз ҷумлаи боигариҳои нодири осорхона маҳсуб меёбанд. Ҳамзамон, китобу дастурҳои таълимии солҳои пешин низ бо ҳуруфи форсӣ ва лотинӣ гирдоварӣ шудаанд, ки маҳсули солҳои 30-юми асри XX ба шумор мераванд.

Осорхонаи маоиф дорои чор толори муҷаҳҳаз оид ба давраҳои гуногуни таърихи маорифи Тоҷикистон мебошад:

Мавриди зикр аст, ки дар осорхона толори алоҳида бо номи «Рушди маорифи миллӣ дар замони Истиқлолияти давлатӣ» ташкил шудааст, ки дастовардҳои соҳаи маорифро дар замони соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инъикос менамояд. 

Кормандони илмии осорхона бо омўзгорони муассисаҳои таълимӣ, донишҷўён ва мутахассисони муассисаҳои томактабӣ роҷеъ ба омўхтани таърихи маориф ёрии ҳамаҷониба мерасонанд. Ҳамасола олимону муҳаққиқон, аспирантону унвонҷўён, омўзгорону донишҷўён ва меҳмонони зиёде аз Тоҷикистон ва хориҷи он сайри осорхона карда, аз таъриху пешрафти маорифи кишвар огаҳӣ пайдо менамоянд.

Масалан, доктори илмҳои педагогӣ, профессор аз шаҳри Маскав Чистяков В. М. андешаашро оид ба осорхона чунин баён намудааст: «Шиносоӣ бо Осорхонаи маорифи Тоҷикистон ба ман як ҳаловати махсуси илмӣ, тарбиявӣ ва амалӣ бахшид. Осорхона таърихи бою рангин буда, амсилаҳои нодир дорад. Тоҷикон бояд фахр намоянд, ки чунин осорхона доранд. Ман пас аз сайри он як ҷаҳон таассурот бардоштам.» (Чистяков В. М., 15.09.2012).

Маҳмуди Фаршедӣ, вазири омўзишу парвариши Ҷумҳурии исломии Эрон назари хешро ба гунаи зер иброз медорад: «Боздид аз муассисаи Осорхонаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои инҷониб муҷиби масаррат шуд. Фарҳанги муштараку пайванди деринаи таърихӣ миёни ду кишвари дўст – Ҷумҳурии исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон сармояи гаронқадрӣ аст, ки тақвияти иртиботи байни ду кишварро мумкин месозад. Умедворем, ҳар рўз шоҳиди густариши иртиботии миёни ду кишвар, хусусан, дар зинаҳои фарҳангиву илмӣ бошем ва дар сояи ин иртибот шукуфоии илмиву фарҳангии ду кишвар падид ояд.» (Маҳмуд Фаршедӣ, 5.11.2008).

Ҷон Роберт аз шаҳри Чикагои Штатҳои Муттаҳидаи Амрико оид ба боздид аз осорхонаи маориф чунин навиштааст: «Ман оид ба таърихи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолаи илмӣ навишта истодаам ва хеле хурсандам, ки ба ин муассисаи таърихиву фарҳангӣ ташриф оварда, аз таъриху маданияти маорифи халқи тоҷик воқиф гардидам» (Ҷон Роберт, Донишгои Чикаго, 31.07. 2007).

Осорхонаи маориф тарғибгари хизматҳои шоёни олимону маорифпарварони маъруфу шинохта, арбобони илму техника, омўзгорони шоиста ва омўзгорони сол, аз ҷумла «Аълочиёни маорифи СССР», «Қаҳрамонони Меҳнати Сотсиалистӣ», «Аълочиёни маорифи Тоҷикистон» ва собиқадорони маориф мебошад. Гўшаҳои махсусе, ки ба фаъолияти олимон Лутфуллозода Муҳаммад, Ғуломқодир Бобизода, Каримова Ирина Холовна, Шарифзода Файзулло, Убайд Зубайдов, собиқадорони маориф Ҳабиб Искандаров, Ниёз Сафаров, Розиқ Ҳомидов, Қаҳрамонони меҳнати Сотсиалистӣ Муҳаббат Маҳмудова, Ҳабиба Каримова, муаллимони Халқӣ: Идӣ Халифаев, Фотима Самадова ва омўзгорони сол Бунафша Ғаниева, Коробкина Вероника бахшида шудааст, далели ин гуфтаҳост. Дастоварди муҳими солҳои соҳибистиқлолӣ аз тарафи Президенти Руссия В. В. Путин ба медали «А. С. Пушкин» сазовор гаштани Каримова Ирина Холовна мебошад.

Қурбоналӣ Зиёев,

мудири Осорхонаи маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш