Нашрияи Омӯзгор

География ва маълумоти навини илмӣ

Сана: 2021-10-27        Дида шуд: 756        Шарҳ: 0

 

Тайи солҳои охир дар ҷумҳурӣ китобҳои дарсие таълиф гардиданд, ки бо муҳтавою ғояи баланд, дарбаргирии мавзуъҳои таълимӣ ва сабку услуби ба хонандаи мактаб фаҳмою сода ҷолиб мебошанд. Бахусус, китоби дарсии «География» барои синфи 11, ки муаллифони он Р.Ҷўраев ва Р. Ибрагимова мебошанд, бо ҷанбаи илмию назариявӣ ва гуногунии мавзуъҳояш муфид, омўзанда ва муҳтавоманд ба шумор меравад.

Бобу фасл ва мавзуъҳои пешниҳодшуда аз он ҷиҳат шавқовар ва диққатҷалбкунанда, ки маводу далелҳои навтарини георафиро дар бар мегиранд. Аз ҷумла, дар мавзуи аввал, ки «Географияи ҷаҳоншиносӣ» унвонгузорӣ шудааст, маълумот дар хусуси шохаҳои илми география оварда шудааст ва хонанда аз он огаҳӣ меёбад, ки география аз қисматҳои географияи диалектикӣ (ё фолклорӣ), географияи тиб, географияи варзиш ва амсоли инҳо иборат ёфтааст. Муаллифон ин масъаларо муфассал шарҳу тавзеҳ дода, менигоранд: «агар ба географияи иҷтимоӣ назар андозем, пас, дар замони мо онро бе ҳамроҳ кардани географияи сиёсӣ, фарҳангӣ, молия, сармоя, рекреатсионӣ, тиб, ҳарбӣ, бозори хидмат ва ғайра тасаввур кардан мумкин нест. Махсусан, ҳангоми таҳқиқот унсурҳои географияи сиёсӣ: ҳуқуқи давлат оид ба сарҳад, мақоми давлат, тақсимоти маъмурии ҳар як давлат истифода бурда мешавад». Дар ин боб таъкид гардидааст, ки фанни географияи синфи 11 (фаъолияти инсон) аз ҷумлаи фанҳои ҷамъиятӣ – географӣ маҳсуб меёбад. Бояд хотиррасон намуд, ки фанни география дар синфи XI аз чор боб: харитаи сиёсии ҷаҳон, гурўҳбандии мамлакатҳо, географияи аҳолӣ, фарҳанг ва географияи шаҳру деҳот иборат мебошад. Дар қисмати «Методҳои таҳқиқоти географӣ» муаллифон дар хусуси методҳои пажўҳиши илми география сухан ронда, методҳои таҳқиқоти таърихӣ, методи таҳқиқоти харитакашӣ, методи муқоисавии таҳқиқот, методи таҳқиқоти саҳроӣ ва мушоҳидавӣ, методи таҳқиқоти оморӣ, методи ноҳиябандии иқтисодӣ, методи иқтисодӣ – риёзӣ ва методи фосилавии мушоҳидаро муҳим меҳисобанд. Ҳамин тариқ, ба хонандагон омўзиши мавзуъҳои «Сохти сиёсии ҷаҳони имрўза», «Мамлакатҳои соҳибихтиёр», «Мамлакатҳои мустамлика ва дар тасарруфбуда», «Харитаи сиёсии ҷаҳон», «Аврупо», «Осиё», «Африқо», «Амрико», «Австралия ва Уқёнусия» ва ғайра пешниҳод мегардад. Дар бораи сохти сиёсии ҷаҳон маълумот дода, А.Ҷўраев ва Р. Ибрагимова унсурҳои зеринро, ки ба сохти сиёсии мамлакатҳо алоқаманд аст, баён медоранд, ки онҳо география сиёсии умумӣ ва назариявӣ, географияи сиёсии функсионалӣ (соҳавӣ), географияи сиёсии амалӣ ва географияи сиёсии минтақавӣ ба ҳисоб мераванд. Хулосаи илмӣ дар хусуси сохти сиёсии ҷаҳон аз он иборат аст, ки ҷаҳони муосир шакли ягонаи сиёсӣ надорад.

Маводи ғании фаровонро хонандагон аз мавзуъҳои «Омилҳои афзоиши аҳолии ҷаҳон», «Сиёсати демографӣ», «Дин ҳамчун объекти маърифат», «Шаклҳои урбанизатсия» гирифта метавонанд. Ҷиҳати ҷолиби китоби «География»-и синфи 11 дар он аст, ки дар саҳифаҳои он вобаста ба ҳар як мавзуъ расмҳо ва графикаҳо ҷой дода шудаанд. Расмҳо равшану барҷаста буда, дар графикаву ҷадвалҳо факту далелҳои зарурӣ оварда шудааст. Дар охири китоб луғати истилоҳот ҷой дода шудааст, ки барои омўзгорону хонандагон хеле зарур мебошад. Умуман, дар таълифи китоби дарсии мазкур муаллифон заҳмати зиёд кашида, кўшидаанд, ки он ба хонандагон фаҳмо бошад.

Дилором МАҲКАМОВА,

омўзгори мактаби №14,

шаҳри Ваҳдат


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш