Нашрияи Омӯзгор

Омодагӣ хуб аст

Сана: 2021-10-27        Дида шуд: 746        Шарҳ: 0

 

Дар муассисаҳои таълимии вилояти Суғд баробари фарорасии рўзҳои гарми тобистон тайёрию омодагӣ барои гузаронидани рўзҳои сарди тирамоҳ ва зимистон оғоз шуда буд. Қариб ҳамаи муассисаҳои таълимии вилоят ба маводи сўхт таъмин гардида, таъмири дегхонаҳо ва дигар василаҳои гармидиҳӣ сари вақт ба анҷом расонида шудааст.

Гулрў Пулодова, сардори раёсати маорифи шаҳри Истаравшан,  изҳор дошт, ки барои таъмини гармӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳру деҳоти ноҳия  мувофиқи нақша 1467 тоннаву 644 кг ангишт, 381,5 м 3 ҳезум бояд тайёр карда мешуд, вале то 25 сентябр ба назардошти 69 тонна ангишт ва 17,53 ҳезуми  дар соли гузашта дастраснагардида, 1536 тонна ангишт  ва 398м3 ҳезум захира карда шуд, ки ҳар ду нишондиҳанда 104 фоизӣ иҷро шуд.  Ҳамаи 91 адад дегхонаҳои муассисаҳои таълимӣ бо ангишт ва барқи доимӣ таъмин мебошанд. Ҳамчунин, 1283 бухорӣ ва 260 печи барқӣ барои истифода омода карда шудааст. Барои таъмини гармӣ дар синфхонаҳо 250 нафар корманди мавсимӣ ба кор ҷалб шудаанд. Дар мавсими имсола бо дастгирии Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан дар муассисаҳои миёнаи таълимии рақами 10, 15, 22 ва ғайра 13 адад дегхонаи нав  ба истифода дода шуд.  

 Ибодулло Оқилзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Мастчоҳ, оид ба омодагӣ ба тирамоҳу зимистон чунин баён дошт: “Барои дастрас намудани ангишт ба муассисаҳои таълимӣ шуъбаи маорифи ноҳия бо корхонаи “Қудрат” шартнома баста буд. Корхона сари вақт 530 тонна ангишти нақшавиро ба муассисаҳои тахлимӣ интиқол дод. Ҳамчунин, 258 м3 ҳезум захира карда шуд. Нақшаи таъмини ин ду навъи маводи сўхтро  100% иҷро гардидааст. Имсол аз ҳисоби  гармидиҳии буғхонагӣ 4 муассисаи таълимии нав сохташуда бо гармӣ таъмин мешаванд.”

Дар ноҳияҳои Деваштич ва Кўҳистони Мастчоҳ низ тайёрии хуб барои гузаронидани фасли сармо сол мушоҳида гардид.

 

Неъмат Неъматзода,

“Омўзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш