Нашрияи Омӯзгор

Асари арзишманди тарбиявӣ

Сана: 2021-10-27        Дида шуд: 757        Шарҳ: 0

 

Зариф Ғулом яке аз нависандагони сермаҳсули тоҷик аст, ки дар давраи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дарахти сарсабзи эҷодиёти ў меваҳои хуштамъ ба бор меоварад. Ў дар ин давра ба ҷуз қиссаву романҳои моҷароию таърихӣ як силсила ҳикояю қиссаҳо барои хурдтаракону наврасон ба табъ расонд, ки дар онҳо масъалаҳои гуногуни ахлоқӣ тасвир шудаанд.

Нашриёти «Шарқи озод» охири соли 2020 маҷмуаи қиссаву ҳикояҳои ин адиби хушқаламро бо номи «Мори сафед» бо теъдоди 500 нусха аз чоп баровард, ки он ба хонандагони хурдсол ва наврасони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ туҳфаи шоистаест.

Ёд овардан бамаврид аст, ки шабакаи телевизионии «Баҳористон» шоми 10 - уми августи соли равон вобаста ба мазмун, мундариҷа ва муҳтавои маҷмуаи мазкур дар барномаи «Суҳбат бо адиб» намоиши хотирмоне пешкаши дўстдорони китоб гардонд. Аслан, дар таърихи адабиётамон нависандае нест, ки барои навниҳолони боғи ҳаёт асар наофарида бошад. Анъанаи ба хурдтаракон ва наврасон бахшидани асарҳои бадеӣ аз сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ ба адибони тоҷик мерос мондааст. Пасон, нависандагони забардастамон Сотим Улуғзода ва Пўлод Толис бо истеъдоди нодири худ ин анъанаро идома бахшиданд.

Дар китоби «Мори сафед» ёздаҳ ҳикояю қиссаи адиб гирд оварда шудааст. Хеле ҷолиб аст, ки адиб дар симои қаҳрамонони хурдсолаш овони кўдакию наврасӣ, азобу машаққат, ранҷу душвориҳои зиндагӣ, часпу талош ва ҳолати рўҳии онҳоро бо забони содаву фасеҳ ва сабки равон ба риштаи тасвир кашидааст.

Маҷмуаи «Мори сафед» асари арзишманди ахлоқӣ буда, дар тарбияи худшиносиву худогоҳӣ ва баланд бардоштани завқу шавқи хонандагон ба китоб саҳми арзанда мегузорад. Мавзую масоил, симо ва характерҳо, забон ва тарзи баёни он, хулоса, мазмуну мундариҷа ва шакли бадеии асар ба ҳамдигар мутаносиб мебошанд.

Китоби номбурдаро далели равшани фикру андешаҳои тоза ва такмили маҳорати адиб метавон шумурд.

Абдулло ЮСУФЗОДА,

мудири шуъбаи маорифи

ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш