Нашрияи Омӯзгор

“Ворисони илм” дар шаҳри Бўстон

Сана: 2021-10-13        Дида шуд: 5        Шарҳ: 0

 

7 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Бўстон бинои муассисаи таълимии хусусии “Ворисони илм”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Мактаби хусусии “Ворисони илм” дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бо ташаббуси оилаи Рауповҳо бо харҷи беш аз 5 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.

Бинои мактаб аз се ошёна иборат буда, дар он 18 адад синфхона бо 460 ҷойи нишаст ва дигар ҳуҷраҳои корӣ ҷой дода шудааст. Муассисаи таълимӣ дорои маркази гармидиҳӣ буда, бо тамоми шароити муосири таълим сохта шудааст.

Таҳсил дар муассисаи нав-бунёд бо забони русӣ ба роҳ монда шуда, омўзиши забонҳои англисӣ ва хитоӣ низ дар назар дошта шудааст. Илова бар ин, дар доираи эълон шудани солҳои 2020-2040 -“Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф” дар мактаби “Ворисони илм” тадбирҳои муҳим амалӣ карда мешаванд.

Дар саҳни мактаб майдончаи варзишӣ бунёд гардида, барои ҷалби наврасону ҷавонон ба машғулиятҳои варзишӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Ҳамзамон, дар ошёнаи сеюми бинои нави таълимии хусусии “Ворисони илм” толори варзишӣ ҷой дода шуда, хонандагон ба бозиҳои баскетбол, волейбол ва намуди каратэ ҷалб карда мешаванд.  

Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хонандагони муассисаи таълимии хусусӣ суҳбат намуда, аз таваҷҷуҳи рўзафзуни Ҳукумати мамлакат нисбат ба соҳаи маориф ёдовар шуданд. Таъкид гардид, ки ҳамаи ин ғамхориҳо барои ояндаи дурахшони насли наврас мебошад. Дар ҷавоб ба ин, наврасону ҷавононро мебояд хуб таҳсил намуда, дар оянда ҳамчун фарзандони содиқ ба халқу Ватани худ хизмати шоиста намоянд.

Президенти мамлакат, муҳ-тарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити таълиму тарбия дар кўдакистони хусусии “Ворисони илм”, ки соли 2015 аз ҷониби оилаи Рауповҳо бунёд гардидааст, шинос шуданд.

Айни замон дар ин муассисаи томактабӣ 100 нафар кўдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Ба дўстрўякон туҳфаҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим карда шуд, ки кўдакони хуштолеъ аз  ғамхории Сарвари давлат хеле шоду мамнун гардиданд.

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш