Нашрияи Омӯзгор

Мактаби “Дурахшандагон”

Сана: 2021-10-13        Дида шуд: 7        Шарҳ: 0

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маҷмааи таълимиву хизматрасониро мавриди истифода қарор доданд.

Дар қисми асосии бино мактаби замонавии “Дурахшандагон” таъсис дода шудааст.

Аснои шиносоӣ ба Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои таълимии сеошёна бо мақсади фароҳам овардани шароити арзандаи кору фаъолият ба омўзгорон ва таҳсили хонандагон аз ҷониби соҳибкорони ватандўст сохта шудааст. Муассисаи таълимии “Дурахшандагон” бо дарназардошти талаботи муосири соҳа бо тарҳи зебову замонавӣ барои таҳсили 600 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст.

Корҳои сохтмонӣ моҳи апрели соли 2020 оғоз шуда, иншоотро  бинокорони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ПМК-27” анҷом додаанд.

Дар мактаб барои таълиму тарбияи  насли  ояндасози кишвар  беҳтарин шароит муҳайё карда  шудааст.

Тавре иттилоъ доданд, дар ин мактаби типи нав бо мақсади дар сатҳи баланд ба роҳ мондани таҳсилот 24 синфхона, аз ҷумла, синфхонаҳои забони русӣ, англисӣ, физика, химия, география ва синфи рассомӣ ҷой дода шудааст.

Синфхонаҳои фаннӣ ва утоқҳои корӣ бо маводу лавозимоти муосир, аз ҷумла, мизу курсиҳои нав, ҷевон, тахтаҳои электронӣ, маҷмуи компютерҳо, аёнияту таҷҳизоти таълимӣ таъмин гардидааст.

Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани мактаби мазкур ва имкониятҳои хуби таълимии он, ҳайати 40 - нафараи омўзгорони муассисаи таълимии “Дурахшандагон” имкон пайдо мекунанд, ки сифати таҳсилотро баланд бардошта, хонандагонро аз илмҳои замонавӣ бархурдор намоянд. Ҳамчунин, 10 нафар омўзгорони ботаҷриба аз Федератсияи Русия даъват  шудаанд.

Соҳибкорони маҳаллӣ дар бунёди чунин иншооти муҳими соҳаи маориф, ки дар самти таълиму тарбияи насли наврас нақши бориз дорад, саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Зимни боздид Пешвои муаззами миллат,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, иқдоми созандаи соҳибкорони маҳаллиро шоёни таҳсин хонданд.

 

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш