Нашрияи Омӯзгор

«Сиратнома»-и хирадафзо

Сана: 2021-10-13        Дида шуд: 8        Шарҳ: 0

 

«Одамони нексират некэҷоданд. Дар гумон аст, ки шамшери интиқом дар тафаккури онҳо дар ҳолати хашму ғазаб бурро гардад ва тинати зебояшон олуда гардад аз суханҳои заҳрогин. Дар ҳолати саррову зарро низ дурандешу мулоҳизакоранд».

Ин андешаи ҷолиб ва инсонгароёна ба қалами нависанда, омўзгор ва рўзноманигори варзида Саодат Сатторӣ тааллуқ дорад, ки дар китоби нави ў бо номи «Сиратнома» ҷой дода шудааст. Саодат Сатторӣ дар китоби тозаи худ, ки маҳсули омўзиши бардавом ва андўхтаву бардоштҳои огоҳмандонаи ў аз осори барҷастаи классикони адабиёти форсу тоҷик маҳсуб меёбад, саъй бар он намудааст, ки андешаҳои бикру ҳакимонаи худро баён намояд. Ҳикоятҳои пандомези нависанда дар шакли хеле зебову муҷаз иншо гардида, дорои ғоя ва муҳтавои баланд мебошанд. Муҳим он аст, ки С.Сатторӣ на аз роҳи тақлид, балки пайравии эҷодкорона ба бузургони гузашта, мушоҳидаву бардоштҳои хешро аз зиндагии имрўзаи мардум ҳамчун як эҷодкори соҳибсухан ва таҷрибаандўхта пешниҳоди хонандаи соҳибмаърифату заковатманд гардондааст. Дар баробари ташвиқу талқини хислатҳои шоистаи инсонӣ, Саодат Сатторӣ аъмолу кирдори нохушу зишти одамон, аз қабили ҳасудию хасисӣ, бахилӣ, бадтинативу кибр, бадхоҳиву тамаллуқ, мунофиқию дурўғгўйӣ, найрангу шуъбадабозӣ ва амсоли инҳоро бо тасвири саҳнаҳои мухталифи лаҳазоти зиндагӣ мазаммат мекунад. Ҳароина, баъди мутолиаи ин ҳикоятҳо хонанда худ хулосаву натиҷагирӣ мекунад, ба рафтору амали одамон баҳо медиҳад. Ҳарчанд маҷмўаи нависанда «Сиратнома» унвонгузорӣ шудааст, аммо ҳикоятҳои он дар дохили китоб ҳамчун фасле бо номи «Сабақи зиндагӣ» муаррифӣ гардидаанд. Воқеан, ҳикоятҳову нуктаҳои пандомези китоб ҳар яке сабақест барои инсонҳои некрой аз зиндагии ҳамарўзаи мо.

Дар охири китоб луғати душворфаҳме, ки муаллиф истифода кардааст, оварда шудааст, ки қобили пазириш мебошад. Китоб 200 нусха дар ҶДММ «Нашри Мубориз» чоп гардида, муҳаррири он Мубашшир Акбарзод мебошад.

Ш. Суҳайл,

«Омўзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш