Нашрияи Омӯзгор

Сайре дар «Балҷувон»

Сана: 2021-10-13        Дида шуд: 5        Шарҳ: 0

 

Дар Китобхонаи марказии шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар шаҳри Душанбе рўнамоии китоби тозанашри нависанда Гулчеҳра Муҳаммадиева «Балҷувон»  баргузор шуд, ки дар он доираи васеи олимону адибон ва рўзноманигорон иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар оғоз директори китобхонаи мазкур Абдуқодир Талбаков  перомуни рўзгор ва фаъолияти эҷодии Муҳаммадиева маълумот дод ва аз  ҷумла,   зикр кард, ки мақолаҳову чакидаҳои хомааш дар китобҳои «Як шаб», «Қасоси зан», «Бўи модар», «Бонувони Фархор», «Чордодарон», «Ишораабрў», «Навҳаи асп» ва ғайра гирд оварда шуданд.

Г.Муҳаммадиева қайд намуд, ки як хоҳиши падарам сабаб гашт, ки китоби «Балҷувон» навишта шавад. Қиблагоҳам зодаи деҳаи Тойдараи ноҳияи Балҷувон буданд, аммо бо ҳукми тақдир дар ноҳияи Фархор истиқомат доштанд. Ҳамеша дар бораи табиати афсункору дилфиреби Балҷувон нақлу ривоятҳои ҷолиб мекарданд. Боре зимни ин гуна суҳбатҳо аз ман хостанд, ки ҳатман ба зодгоҳаш сафар намоям. Пас аз баргаштам аз ман чунин дархост намуданд:

- Духтарам, ту соҳибқаламӣ, дар бораи он диёри зебо чизе навис, то дигарон низ аз он зебоиҳо бархўрдор бошанд.

Пас аз суханҳои падар қалам ба даст гирифтаму дар бораи ин гўшаи зебои диёри соҳибистиқлол таассуроти худро рўйи коғаз овардам.

Сипас, Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб, мудири шуъбаи адабиёти классикии нашриёти «Адиб» Муҳтарам Ҳотам, сармуҳаррири нашрияи «Омўзгор» Ноилшоҳ Нурализода, сармуҳаррири маҷаллаи «Маорифи Тоҷикистон» Саида Набизода, муҳаррири ҳафтаномаи «Тоҷикистон» Одил Нозир, ҳамкорону дўстон ва пайвандон дар бораи асарҳо ва зиндагии рангини адиб андешаронӣ карданд.

Сарояндаи мумтоз  Ҷумъахони Сафар  бо иҷрои сурудҳои дилангез ба маҳфил ҳусни дигар бахшид.

Дилафрўз Қурбонӣ,

«Омўзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш