Нашрияи Омӯзгор

«Сипоҳи сухан» муаррифӣ гардид

Сана: 2021-10-13        Дида шуд: 3        Шарҳ: 0

 

Дар Маркази фарҳангии Исмоилияи шаҳри Душанбе маҳфили рўнамоии китоби шоир Беҳрўзи Забеҳулло «Сипоҳи сухан» баргузор гардид.

Роҳбари Ҳизби миллии конгресси Афғонистон, ходими намоёни сиёсӣ Латифи Пидром изҳор дошт, ки мавқеи шоирон дар фарҳангу тамаддуни мо бисёр барҷаста буда, шеър яке аз шохисҳои асосии фарҳангии мост. Беҳрўзи Забеҳулло низ бо ашъори баландмазмун ва волои худ яке аз ҳофизони аслии фарҳангу тамаддуни куҳани тоҷикон ба шумор меравад.  Дар ҳамоиш дўстону пайвандон, ҳамкорону алоқамандони шоир сухан гуфта, дар бораи хислатҳои неки инсонӣ ва эҷодиёти пурғановати адиб фикру мулоҳизоти худро баён доштанд.

Дилафрўз Қурбонӣ, «Омўзгор»     

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш