Нашрияи Омӯзгор

Дониш - равшангари роҳи мо

Сана: 2021-10-13        Дида шуд: 10        Шарҳ: 0

 

 

Дониш дили моро мисли чароғ равшан мекунад. Инсони донишманд дар печутоби зиндагӣ бо донишу илме, ки дорад, дар ҳама гуна мушкилиҳо пирўз мешавад, ба касе муҳтоҷу зор намегардад. Дониш ба мисли ҷавшанест дар тани одам, ки ўро аз тамоми бадиҳо муҳофизат менамояд. Устод Рўдакӣ барҳақ, фармудааст:

Дониш андар дил чароғи равшан аст

В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.

Ҳар яки мо бояд бикўшем, ки илму дониш омўзем ва ба воситаи он дар ҷомеа обрўманду соҳибмартаба гардем, ба Ватани азизамон хидмат кунему дар рушду ободии он саҳми назаррас гузорем.

Агар илму дониш, фаҳмишу биниш комил надошта бошем, мутахассиси хуби соҳаи хеш набошем, пас, чӣ тавр ва бо кадом роҳ метавонем хидмати шоиста ба Ватан кунему кишвари худро ба яке аз давлатҳои пешрафтаи дунё мубаддал созем?!

Ҳамчунин, ба ҳайси волидони масъулияшинос барои босаводу донишманд ва соҳибҳунар тарбия намудани фарзандони хеш бояд тамоми талошро ба харҷ диҳем, ба раванди илмомўзию донишазхудкунии хонандагонамон таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, дар дилашон меҳру муҳаббати китобхонию китобдўстиро бедор намоем.

Пўшида нест, ки сарчашмаи асосии илму дониш китоб мебошад. Аз ин рў, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ пайваста насли наврасро ва ҳамагонро ба китобхонӣ даъват менамоянд. Таъсиси озмуни “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” яке аз иқдомҳои олии Сарварамон мебошад, ки боиси боз ҳам бештар рў ба мутолиаи китоб овардани кулли ҷомеа гардидааст.

Ҳама навъи донишро инсон аз китоб гирифта, онро бо ақлу заковати хеш сайқал медиҳад ва баҳри беҳбудии рўзгори худ ва пешравии ҷомеа истифода менамояд. Он чизе, ки инсонро ба қуллаҳои баланди эҷодӣ ва фаъолият мебарад, дониш аст. Барои инсон бояд донишомўзӣ вақту ҳудуди муайян надошта бошад, ҳар лаҳзаи ҳаёташ бояд ў такмили дониш кунад, зеро ки тараққиёту илму техника имрўз суръати кайҳонӣ гирифтааст.

Дар тамоми давру замон шахси донишманд мавқеи худро меёбад, соҳиби иззату эҳтиром мегардад ва барои ҷомеа шахси зарурӣ ба ҳисоб меравад.

Дар ҳақиқат, дониш раҳнамо ва нурбахши зиндагии мо - инсонҳаст. Аз ин рў, моро мебояд рў ба китоб оварем, то ба мавқею манзалати азалии худ соҳиб гардем.

Китоб дўст, рафиқ, ҳамсуҳбат, ҳамнишини дилҳои мову шумо мебошад. Шахси комилу бофазлу донишманд он шахсест, ки пайваста ба мутолиаи китоб машғул мешавад.

Шоири тавоно Биноӣ басо хуб гуфтааст:

Ҳурмати илму устоду китоб,

Лозими ин раҳ аст аз ҳама боб.

Ҳар ки ў тарки ин се ҳурмат кард,

Азми идбору майли зиллат кард.

 

Озода НАМОЗОВА,

омўзгори синфҳои ибтидоӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш