Нашрияи Омӯзгор

Бо коррупсия бетарафӣ нашояд

Сана: 2021-10-13        Дида шуд: 34        Шарҳ: 0

 

Вақте дар бораи коррупсия ва муқовимат ба он сухан мегўем, бояд муайян кард, ки худи коррупсия чист ва чӣ оқибатҳоро метавонад ба бор орад? Ҳанўз дар аҳди қадим калимаи «коррупсия» ба истилоҳ «фасод», «вайронкунанда», «зараррасонанда» ва «фурўхтани мансаб» маънидод карда шуда, ҳамчун сўистифода намудан аз мансаб ба манфиати шахсӣ фаҳмида мешуд ва афроди ба ин амал дастзада дар ҳама давру замон ҷазои худро медиданд.

Коррупсия аз ҷумлаи “вирусҳое” ба ҳисоб меравад, ки дар натиҷаи роҳ додан ба ин амали номатлуб ба тамоми шохаҳои фаъоли мақомоти давлатӣ паҳн гашта, боиси поймолшавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд гардида, фаъолияти мақомоти давлатро заиф мегардонад ва эҳтироми мардум ба давлат коста мегардад. Ошкор намудани ин ҷиноят мушкил аст, чунки аз тарафи ду шахс ин амал одатан ба таври пинҳонӣ содир мегардад ва барои ошкор ва муайян сохтани ин гуна амалҳои номатлуб кормандони оперативӣ ба воситаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷўӣ дар намуди «санҷишҳои оперативӣ» фаъолият мебаранд. Бинобар ин, роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳотро зарур аст, ки ба масъалаҳои интихобу ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, тарбияи онҳо дар рўҳияи поквиҷдонӣ ва муносибати боэҳтиром ба шаҳрвандон эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

Гузаштагони тамаддунофари мо дар осори гаронмояи хеш ришваситониро яке аз омили касифи инсоният медонистанд. Дар дини мубини ислом низ ба чунин хислатҳои касифи инсонӣ нафрат хонда шудааст.

Дар мубориза алайҳи коррупсия ҳар як шаҳрванд бояд бетараф набошад, зеро ин кори дастҷамъона буда, танҳо дар ҳамбастагӣ мо метавонем сатҳи коррупсияро дар мамлакат коҳиш диҳем.

Шаҳло ФАТҲУЛЛОЕВА,

мудири кафедраи таърих ва ҷомеашиносии

коллеҷи омўзгории

шаҳри Панҷакент


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш