Нашрияи Омӯзгор

Шарҳу эзоҳи маънои луғавии калимаҳо

Сана: 2021-10-13        Дида шуд: 16        Шарҳ: 0

 

Яке аз масъалаҳои ниҳоят муҳим ва дар айни ҳол душвори таълими луғат (лексика) дар машғулиятҳои забони тоҷикӣ дар мактаби миёна (синфҳои 5-11) дуруст омўзонидани роҳҳои асосии шарҳу эзоҳ додани маънои луғавии калимаҳои нав, номафҳум ва душворфаҳм мебошад, ки аз муаллими забони модарӣ диққати ҷиддӣ, заҳмати зиёд ва масъулиятшиносиро талаб мекунад.

Мо дар зер дар асоси мушоҳидаҳои дуру дароз, таҷрибаи корӣ ва озмоишҳои (эксперимент) педагогии анҷомдода  дар бораи усулҳои асосии шарҳу тавзеҳ додани маънои луғавии калимаҳо ба таври мухтасар маълумот медиҳем, ки номгўйи онҳо инҳоянд:

1. Ба воситаи синонимҳо шарҳ додани маънои луғавии калимаҳо.

2. Ба воситаи решаи калимаҳо муайян кардани маъноҳо.

3. Шарҳи маънои луғавии калимаҳо бо роҳи тасвири нишонаҳои ашё.

4. Таҳлили фонетикии калима

5. Муқоиса.

6. Аёният.

Акнун мо ҳар кадом усулҳои дар фавқ номбаршударо дар  алоҳидагӣ мухтасар шарҳу эзоҳ медиҳем.

1.Ба воситаи синонимҳо (муродифот) шарҳ додани маънои луғавии калимаҳо

Пўшида нест, ки забони тоҷикӣ аз ҷиҳати синонимикаи калимаҳо ниҳоят бой мебошад. Аз ин рў, дар ҷараёни таълим шарҳ додани маънои луғавии калимаҳо мавқеи асосиро ишғол намояд.

Моҳияти бо ин усул шарҳ додани маънои калима дар он аст, ки калимаҳои барои талабагон номафҳум бо калимаҳои барои онҳо шинос бо роҳи муқоиса шарҳу эзоҳ дода мешавад: анис-ҳамдам рафиқ, ёр, дўст, ҳамсуҳбат..., гетӣ-дунё, хуршед-офтоб, кавкаб-ситора, андалеб-булбул, шаффоф-тоза, покиза, беғубор, азим-калон, бузург..., ошуфта - ба ҳаяҷон омадан, оташин шудан, ғамгин гаштан, густурдан-паҳн кардан (намадро, кўрпачаро, дастархонро ва гайра). Мисолҳо дар шакли ҷумла.

а) Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,

Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст (Ҷомӣ).

б) Ман ва бачагони дигар дар пеши созандагон ғун шуда, онҳоро тамошо мекардем (С.Айнӣ).

в) Авлоди башар чун ту фидокор надидаст,

Ҷон додаю ҷони ҳамаи халқ харидӣ (М.Турсунзода).

Ҳамин тариқ, ба воситаи синонимҳо (муродифот) шарҳ додани маънои луғавии калимаҳо дар сурате ба кор бурда мешавад, ки ин ё он калимаи номафҳум синоними аниқ, дуруст ва машҳури худро дошта бошад.

Чунонки дар боло ишора шуд, забони тоҷикӣ дар ин бобат забони ниҳоят ганӣ ва тараққикарда ба шумор меравад...

2.Ба воситаи решаи калимаҳо

муайян кардани маъно

Бо ин усул шарҳ додани маънои луғавии калима аз талабагон малакаҳои эҳтиёткорӣ, дақиқназарӣ ва тарбияи диққатро талаб мекунад. Ҳангоми ба кор бурдани ин роҳ шогирдон таъкид карда мешаванд, ки маънои асосии калима дар реша буда, барои кушодани хазинаи сухан решаи калима ҳамчун “калид” хизмат мекунад:   “ҳамабоб”, “лўлаболиштҳо”, “қавибозу”, “гирдоб”, “пурхурўш”, “побел” ва монанди инҳо.

Мисолҳо: а) – Инҳо дуоҳои ҳамабобанд, – гуфт мактабдор, кадомашро ба кадом касал диҳед, як ба як шифо меёбад (С.Айнӣ) б) Ў кўрпача паҳн карда, лўлаболиштҳоро дар паҳлуяш гузошт (С.Айнӣ).

в) Устои мо Ҳазорабек ном ҷавони қавибозуе буд, ки на аз гирдоб метарсиду на аз мавҷи пурхурўш. (М.Миршакар)

г) Баъд Ятим ва Сайдалӣ ин заминро аз як сар побел карда баромаданд (С.Улуғзода).

3.Шарҳи маънои луғавии калима бо роҳи тасвири нишонаҳои ашё

Шарҳи маънои луғавии калима бо ин тарз яке аз усулҳои хуби методӣ ба шумор меравад. Калимаҳои ифодакунандаи ин ё он ашё, аломат ва ё амалу ҳолат ба воситаи калимаҳои дигар, ки тавсифи мафҳуми муайянеро дар бар мегиранд, шарҳу эзоҳ дода мешаванд: мистар - асбоби сатркашӣ буда, ин асбобро аз коғази сахт ва риштаи абрешимӣ месохтанд; айвон - нишастгоҳест, ки сақфнок ва се тарафаш девор дорад, аммо як тарафаш кушодагӣ аст; шоҳин - парандаи соҳибчанголи шикорӣ, ки бо вай парандаҳои дигарро шикор мекунанд; товус-як навъи паранда. Мурғи калоне, ки парҳои рангоранги зебо, вале пойи безеб дошта, думи наринаи он мисли соябон кушода ва баланд мешавад.

Як мисол:

Товусро ба нақшу нигоре, ки ҳаст,

халқ

Таҳсин кунанду ў хиҷил аз пои

зишти хеш.

(Саъдии Шерозӣ)

4. Таҳлили фонетикии калима

Мо ин усулро шартан барои он таҳлили фонетикӣ номидаем, ки дар он бисёр лаҳзаҳои таҳлили фонетикӣ вва орфоэпии калима ҷой дорад. Бо ин роҳ муайян кардани маънои калима, асосан, ба калимаҳои аз рўи пайдоишашон арабӣ, аз ҷумла, калимаҳои дар асоси ҷамъбандии шикастаи арабӣ (“ҷамъи мукассар”) сохташуда хос мебошад: анҳор, атфол, ашкол, авоқ, асноф; манзум, мансур, машриқ, мағриб, мантиқ, тавсиф...

Баъди шарҳу эзоҳи ҳаматарафаи калимаҳои мазкур талабагон бояд ба таври бошуурона дарк намоянд, ки овозҳои ҳамсадои к, т,б “скелет”-и калимаҳои зерин ба шумор мераванд, китоб, мактуб, мактаб, котиб, котиба, мукотиба ва монанди инҳо.

5. Муқоиса

Бо роҳи мукоиса омўзонидани маънои луғавии калимаҳо дар машғулиятҳои лексикӣ дар мавридҳои муайян ба кор бурда мешавад. Моҳияти ин усул аз он иборат аст, ки калимаҳои ифодакунандаи номи ашё, аломат ва ҳаракату ҳолати онҳо дар муқоиса ба ҳамдигар омўзонида мешаванд: Шеър-шер, суръат-сурат, даъво-даво; кўш-куш, гул-гўл, бўр-бур; кафш-кашф, лаҳн-лаҳм, разм-рамз, самъ-самт, эҳзон-эҳсон, таътил таҳсил, тавсия-тавсеа...

Истифодаи ин усул имконият медиҳад, ки хонандагон на танҳо тарзи навишт (имло) ва талаффузи калимаҳо, балки маънои луғавии онҳоро низ бошуурона дарк намоянд. Муаллим ҳангомӣ таълими исм, сифат, феъл ва дигар ҳиссаҳои нутқ аз ин усули методӣ дар мавридҳои зарурӣ истифода бурда метавонад.

6. Аёният

Дар адабиёти методии таълими забони тоҷикӣ аёният ҳамчун яке аз воситаҳои шарҳу эзоҳ додани маънои лугавии калима низ ба эътибор гирифта шудааст. Аз ин рў, истифодаи навъҳои гуногуни аёният (нишон додани ашё, расми он ва ғайра) на танҳо дар синфҳои ибтидоӣ, балки дар ҳамаи зинаҳои таҳсилоти мактабҳои миёнаю типи нав, коллеҷу омўзишгоҳҳо, муасссисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, инчунин, донишкадаҳою донишгоҳҳои гуногун бояд ҷой дошта бошад.

Барои он ки хонандагони мактабҳои миёна ба моҳият ва маънои луғавии калимаҳои таркиби луғавии забонамон, аз ҷумла, калима ва истилоҳоти техника ва технологияи муосир, аз қабили ҷавшан, синон, зубин, дуҳул, мадраса, манора, гунбаз, минбар, меҳроб, видео, компютер, принтер, флеш, силлабус ва ғайра сарфаҳм раванд, лозим аст, ки худи он ашё ва ё расмашонро ба талабагон нишон дода ва бо қисме аз онҳо сару кор гирифтанро (воситаҳои нави техникӣ) амалан нишон диҳем, ки талаботи давру замон ва ҷаҳони муосир мебошад.

Бояд гуфт, ки дар ташреҳу тавзеҳ ва маънидоди баъзе калимаҳо ва мафҳумҳои гуногун (андалеб, товус, парасту, манора, мадраса, дуҳул, синон...) якчанд усул ва воситаҳоро баробар кор фармудаи мумкин мебошад. Аз ин рў, ин гуна усулҳоро ба таври шартӣ “усулҳои муштарак” номидан ҷоиз аст.

Ҳамин тариқ, ба шогирдон омўзонидани роҳҳои гуногуни шарҳу эзоҳ додани маънои луғавии калимаҳо аз омўзгор истифодаи метод, усул ва навъҳои ҳархелаи тадрисро тақозо менамояд, ки яке аз ин гуна воситаҳои муҳимми таълим кор бо хелҳои гуногуни фарҳангҳои мавҷуда, махсусан, бо луғатҳои тафсирӣ, истилоҳотӣ энсиклопедӣ, соҳавӣ, дузабона ва луғати калимаҳои хориҷӣ мебошад.

Қайюм САНГОВ,

дотсенти кафедраи забони тоҷикии ДДК

ба номи Абуабдуллоҳи Рўдакӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш