Нашрияи Омӯзгор

Муборизаи аҳлона мебояд

Сана: 2021-09-23        Дида шуд: 14        Шарҳ: 0

 

Муқовимат бо терроризм ва экстремизм солҳои охир мавзуи мубрами рўз дар ҷомеа ба ҳисоб меравад. Бо ҳадафи таҳқиқи воқеии ин амали номатлуб аз тарафи олимон ва муҳаққиқони ватанию хориҷӣ талошҳои зиёде ба харҷ дода шудаанд ва ҳар яке ба паҳлуҳои гуногуни ин масъала равшанӣ андохта, роҳҳои ҳалли василаҳои баромадан аз ин мушкилоти глобалиро пешниҳод намудаанд.

Терроризм, аз нуқтаи назари ҳуқуқ, содир шудани амалҳое мебошад, ки ба одамон хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. Зўроварӣ, зулм, фишор, таҳқир ва паст задани шаъну шарафи инсон, хусусан, гурўҳҳои дигари этникӣ аз ҷониби ҷомеа ва давлат эътирози воқеиро ба вуҷуд меоварад, зеро поёни ин ҳама амалҳои зишт ифротгароӣ мебошад.

Экстремистону террористон шахсонеанд, ки барои онҳо муқаддасот, арзишҳои миллӣ, гуманизм, зебоӣ ва маданияту санъат ва хираду дониш арзише надоранд. Омили асосии ба ифратгароӣ майл намудани шахс ҷоҳилӣ, бедонишӣ, бемаърифатӣ, ноогоҳӣ, сарватпарастӣ ва тақлидкории ў аз амалҳои ғайриинсонӣ мебошад. Экстремизм зўроварии хусусиятҳои сиёсидошта мебошад. Ба экстремизму терроризм ташкили бетартибиҳои оммавӣ, тафриқандозӣ ва ҳаракатҳои авбошӣ хос аст. Аъзои ин гуна гурўҳҳои манфур аксаран дину мазҳабҳоро ба манфиатҳои пурғарази шахсии худ истифода менамоянд ва аслан, боиси доғдор гаштани боварҳои мардумӣ мешаванд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар  Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон январи соли равон чунин таъкид карданд: «Вазъи тағйирёбандаи  ҷаҳони имрўза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла, терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи  мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем. Зеро пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кўшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд.»

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, изҳор доштанд, ки хоинони миллат ва ҳоҷаҳои хориҷии онҳо то ҳанўз аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90-ум доштанд, даст накашидаанд. Онҳо то ба ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кўшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба мардуми мо таҳмил кунанд. Тамоми сокинони шарафманди Тоҷикистон, махсусан, ҷавонони бонангу номуси кишвар инро набояд фаромўш кунанд ва бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд, бештар бо ҳам дўсту ҳамдам ва муттафиқ гарданд, дасти ҳам гиранд.

Муқовимат бар ниҳоду ҷараёнҳои манфуру пурзиён аз самтҳои асосии таъмини амнияти Ҷумурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Халқи тоҷик  терроризмро дар тамоми зуҳуроташ қотеона маҳкум менамоянд ва аз талошҳои дастҷамъонаи ҷомеаи башарӣ дар мубориза бар зидди ин падидаи марговару хатарнок пуштибонӣ мекунанд. Тибқи  таҳлилҳои коршиносон, сабаби асосии даст задани террористон ба амалҳои нангин сатҳи пасти маърифати ҳуқуқиву динӣ ва бехабар будан аз арзишҳои миллии худ аст.  Чунин шахсон зуд фирефтаи дасти дасисабозон гардида, дар баробари худро бадному гумном кардан, дигаронро ба қатл мерасонанд, ба тахрибкорӣ даст мезананд. Онҳо гумроҳшудагон ва зархаридоне мебошанд, ки ҳатто ба занону кўдакон раҳме надоранд.

Яке аз самтҳои асосии  мубориза бо зуҳуроти террористӣ ва экстремистӣ дар муҳити ҷамъиятӣ, махсусан, дар таълимгоҳҳо  анҷом додани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва амалҳои пешгирикунанда мебошад. Махсусан, баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ҷавонон хеле муҳим аст, чунки маҳз муҳити ҷавонон вобаста ба як қатор омилҳои объективӣ ва субъективӣ аз нигоҳи гаравидан ба гурўҳҳои гуногуни ҷиноятӣ ва зиддииҷтимоӣ хеле заиф мебошад.

Аз ин рў, ҳар яки моро лозим аст, ки бо эҳсоси баланди ватандўстию масъулияти хештаншиносӣ муқобили ин падидаи манфӣ муборизаи дастҷамъона барем, то ки суботу оромии ҷомеаи Ватани маҳбубамон устувору пойдор бимонад.  Дар ин самт масъулияти мо – омўзгорон бештар аст.

Парвина Қурбонова,

омўзгори МТМУ №60-и

ноҳияи Сино

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш