Нашрияи Омӯзгор

Чаро гўям, ки бо мо Гулназар нест?!

Сана: 2021-09-23        Дида шуд: 13        Шарҳ: 0

 

Ҳамасола 20-уми сентябр рўзи мавлуди Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рўдакӣ, муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон, шоири маҳбуб, шодравон Гулназар таҷлил мегардад. Ба хотири арҷгузорӣ ба саҳми Гулназар дар рушди адабиёти тоҷик ва гиромидошти солрўзи шоири шаҳир, гурўҳи устодон ва шогирдони Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар оромгоҳи мавзеи Лучоби пойтахт, ки дар он ҷо равоншод Гулназар Келдӣ ба хоби абадӣ рафтааст, маҳфили ёдбуд барпо намуданд.

- Гулназар ба адабиёти тоҷик бо шўру шавқ ворид гардида, дар муддати кўтоҳ роҳи эҷодии вижаи худро пайдо кард,- иброз дошт зимни ифтитоҳи маҳфил, номзади илмҳои филология Ҳамза Боқизода. Номбурда роҷеъ ба сабку услуб, мундариҷа ва шакли осори Гулназар фикрҳои бикр баён дошта, аз лаҳзаҳои мондагори рўзгори шоир ва ҷойгоҳи Гулназар дар адабиёти муосири тоҷик ёдовар шуд.

Муҳаққиқи осори Гулназар, номзади илмҳои филология, шоири тозапардоз Равшани Ҳамроҳ перомуни ашъори пурмуҳтавои шоир назари худро баён намуда, шеъри дар сўгвории устод Гулназар эҷоднамудаашро қироат намуд, ки басо ҷолибу муассир аст:

Дареғу дард, дигар Гулназар нест,

Дигар устоди сар то по ҳунар нест.

Сафар мекард бо мо дар раҳи сидқ,

Кунун бо мо рафиқи ҳамсафар нест.

Куҷо рафт ин саҳар он шоири субҳ,

Сафо дар нағмаи мурғи саҳар нест.

Назар аз дидаи гулҳо парида,

Ба ман аз дидаи гулҳо назар нест.

Бигиряд килки ў дар дафтари хушк,

Кавири синаҳоро шеъри тар нест.

Бигирям зор дар хоки мазораш,

Вале аз гиряи зорам асар нест.

Пушаймон шав аҷал аз кардаи худ,

Ки умре синни ўро мухтасар нест.

Нафасҳоям бипечад бо сурудаш,

Чаро гўям, ки бо мо Гулназар нест?!

Шеъри Гулназар зангўлаи худшиносӣ ва осори ў намои худогоҳии миллӣ ба шумор меояд. Муҳимтарин нукта он аст, ки осори Гулназар ба воқеият тавъам аст, тасвирҳо дар шеъри ў самимиву заминиянд, реша бар умқи зиндагӣ доранд, ҳамболу ҳамрози мардуманд.

Муҳаббати шоир дар дили халқ то абад решадор хоҳад буд. Ин матлабро академики Академияи байналмилалии мактабҳои олӣ Саидмуроди Хоҷазод баён намуда, пешниҳод кард, ки бояд оид ба мероси адабии шоир пажўҳиши густурда сурат бигирад.

Дар ин чорабинии хотирмон устодону донишҷўён аз осори шоир намунаҳо қироат намуда пешниҳод карданд, ки минбаъд баргузории чунин маҳфилҳо ҷиҳати дар зеҳни насли наврас падид овардани ангезаҳои садоқат ба чеҳраҳои саршинос ва тақвияти худшиносии миллӣ бояд равиши дастаҷамъонаи тоза касб намояд.

 

«Омўзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш