Нашрияи Омӯзгор

Сӣ соли дастоварду комёбиҳо

Сана: 2021-09-08        Дида шуд: 43        Шарҳ: 0

 

Мусоҳиба бо муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми филология, профессор Муҳаммаддовуд Саломиён

– Баъд аз байн рафтани давлати абарқудрати Шўравӣ ва соҳиб гардидан ба Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон дар соҳаи маориф чӣ вазъияте ҳукмфармо буд? (Манзур таъсири ҷанги шаҳрвандӣ ба сохтори мазкур мебошад)

– Раванди рушди иҷтимоӣ ва сиёсию иқтисодӣ дар охири солҳои 90-уми асри гузашта рў ба таназзул ниҳод. Шохаҳои Ҳукумати муқтадири Шўравӣ торафт заиф гашта, хавфи парокандашавии он рўз аз рўз меафзуд. Ҳокимияти ягонаи марказонидашуда, ки аз пойтахти Шўравӣ – Москва, идора мешуд, таъсиру нуфузи камтаре нисбат ба ҷумҳуриҳои тобеи Иттиҳоди Шўравӣ дошт. Чунин раванди сиёсию иҷтимоӣ то андозае боиси он мегардид, ки дар ҷумҳуриҳои тобеъ ҳаракатҳои миллию озодихоҳӣ созмон ёбанд. Дар ин раванд ҷумҳуриҳои назди Балтика худро мустақил эълон карда, аз ҳайати ИҶШС берун шуданд. Пас аз ин ҳаракатҳои истиқлолхоҳӣ дар дигар ҷумҳуриҳо низ батадриҷ шурўъ ба фаъолият мекарданд.

Ҳамин тариқ, давлати абарқудрати Шўравӣ пароканда гардид ва ҷумҳуриҳои таркиби он истиқлоли давлатии худро эълон карданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ҳазор соли давлатдории Сомониён 9 сентябри соли 1991 ба ин неъмати бебаҳои давлатдорӣ мушарраф гардид. Далелҳои таърихӣ гувоҳи онанд, ки пас аз парокандашавии давлатии Сомониён давлатдории тоҷикӣ рў ба таназзул ниҳода бошад ҳам, дар тамоми масири таърих дар сиёсату давлатдории мардумони ғайр миллати тоҷик мақому манзалати хос дошт, яъне дар рагу пайвандҳои давлатҳои сиёсии қарнҳои миёна афкору назари таъсири амиқе дошт, зеро мардуми тоҷик бо фарҳангу забон ва афкори бунёдкоронаву илму маориф ва хирадсолорияш дар бунёди даҳҳо тамаддуни башарӣ нақши боризе гузошта буд.

Пошхўрии Шўравӣ боиси ба даст овардани истиқлоли давлатии мардуми тоҷик гардида бошад ҳам, дар солҳои аввал ба мушкилоти зиёде рў ба рў гардид. Душманони ин неъмати бузурги инсонӣ ҳаргиз намехостанд, ки тоҷикон соҳибдавлат бошанд. Бинобар ин, дар ин кишвари биҳиштосо бо макру ҳила ва дасисаҳо ҷанги шаҳрвандиро роҳандозӣ карданд. Ин гурўҳҳои ғаразнок дарк намекарданд, ки ин миллат бедор шудааст ва барои мондагории худ дар саҳифаҳои таърих ҷонашро нисор мекунад.

То оғози ҷанги шаҳрвандӣ кишвари соҳибистиқлоли моро ҳамон роҳбароне идора мекарданд, ки онҳо дар партави назару афкори Шўравӣ тарбия ёфтаву ба камол расида буданд. Шояд мафҳуми истиқлол низ барои онҳо чандон аҳамияте надошт. Ин буд, ки онҳо ҳамеша такя ба неруҳои беруна ва афкори ҳаммаслакони замони Шўравии худ карда, ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ва таърихии миллати тоҷик чандон таваҷҷуҳ намекарданд. Ҳатто забони миллат барои роҳбарияти вақт чандон аҳамияте надошт. Маҳз чунин муносибат буд, ки дар байни ҷомеа нофаҳмиҳо, гурўҳбозиҳо, манфиатхоҳии сиёсӣ, табақаҳои мухталифу муғризи ҷудоиандоз, мансабхоҳони динӣ, ҳаракату ҳизбҳои гуногуни сиёсӣ сар баровард ва бо дасти хоҷагони хориҷии худ ба тақсими кишвар ва ҷудо кардани гўшт аз нохун, яъне, бародар аз бародар шурўъ карданд. Ҷанги хонумонсўзи таҳмилӣ фарогири як қисми муҳими кишвар гардид.

Фарҳангу тамаддуни ҳазорсолаи миллати тоҷик ва сарзамини аҷдодӣ, ки мондагорияш дар тўли таърих бо дасти аҷнабиён борҳо зери суол монда буд, ин бор хавфноктар ва осебпазиртар гардид. Ҳокимияти парокандаи вақт садди роҳи ҷанг шуда наметавонист. Сарзамини парокандаю ба хун оғуштаро яроқу аслиҳа ва нафарони чашмашон хун гирифта соҳибӣ мекарданд, ки аз илму маориф ва фарҳангу арзишҳои миллӣ фарсахҳо дур буданд ва танҳо дастурҳои хоҷагони берунии худро иҷро мекарданд.

Мардуми кишварро дар баробари қурбоншавии фарзандону ҳомиёни бонангу номуси Ватан, фақру бенавоӣ ва бемориҳои гуногуне фарогир шуд.

Дар ин давра низоми маориф рў ба таназзул ниҳод. Дар муқобили ҷанги хонумонсўз омўзгору хонанда низ нотавон монд. Бунёди давлати миллӣ тақозо менамуд, ки тамоми сохтори маорифи кишвар дигар гардад, барномаю нақшаҳои таълимӣ, стандарту китобҳои дарсӣ дар асоси арзишҳои таърихию фарҳангӣ ва миллӣ таҳия шаванд. Вале вазъи замон ба ин имкон намедод. Хонандаи тоҷик ҳамоно тибқи барномаю нақшаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсии замони Шўравӣ ба табърасида таълим мегирифт. Барои омўзгор дастрасии маводи нави таълимӣ хеле душвор гардид. Дар баробари ин, вазъи иҷтимоии омўзгорон хеле коста гардид. Танҳо омўзгорони асили замон бе маош ба фарзандони миллат дарс мегуфтанд, то ки насли наврас аз ҷаҳолату бесаводӣ раҳо ёбад.

Зиҳӣ, омўзгороне, ки дар чунин як айёми сахту сангин барои таҳкими илму дониши фарзандони миллат бетарафӣ накарда, хизмати содиқонаю софдилона карданд.

Миллати бо нангу ор дар симои устодону омўзгорон ва олимони варзидаи хеш ба муқобили ҷаҳолати замон мубориза мебурд ва дар ҷустуҷўйи сарвару раҳбари асили худ буд. Оқибат, дар Иҷлосияи тақдирсози 16-ум ба муроди худ расид. Дар ин иҷлосия ҷавони акнун ба чил қадам ниҳода ба ҳайси роҳбари давлат интихоб гардид ва дар нахустин лаҳзаи интихоб шуданаш тамоми мардумро ба сулҳу оштӣ ва ба азҳамгузаштанҳову бахшишу омўрзиш, ҳифзи ягонагиву якпорчагии сарзамини ниёгон ва мисли ин барин арзишҳои волои миллию ватандорӣ ва истиқлолхоҳӣ даъват намуд.

Мардуми аз ҷанг хаставу ранҷургашта бори аввал ба ин даъват бовар кард, эътимод пайдо намуд. Мардуми аз куштору сўхтор ва марги фарзандону пайвандон шикастарўҳ дарк кард, ки даъвату хитоби роҳбари ҷавони кишвар шиору суханпардозӣ нест, ў аз дилу ҷон ва бо дилсўзию муҳаббати миллатдўстонаву меҳанпарварона ва ватандори асил будан сухан мегўяд. Ў ҷони худро дар каф гирифтаю аз миллату Ватан ва ҳифзи сарзамин мегўяд, намеҳаросад, ҷасорату мардонагӣ дорад ва тамоми ҳастияш иброз медорад, ки ба Шумо, мардуми азизам, сулҳ меорам, то як фарди тоҷик дар муҳоҷирати иҷборӣ аст, худро ором ҳис намекунам.

Ин буд, ки кишвар давра ба давра рў ба оромӣ овард. Мактаб назму низоми тоза касб кард, омўзгор дар партави ҳувияти миллӣ бо дарназардошти дастовардҳои истиқлоли давлатӣ ба таълиму тарбия шурўъ кард.

Табиист, ки бо дарназардошти торафт беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум ва суръати афзоиши аҳолии кишвар пайваста зарурати азнавсозии мактабҳои мавҷуда ва сохтмони муассисаҳои таълимии нав, хусусан, дар деҳаву шаҳракҳои навбунёд ба миён меояд. Агар дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 2500 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаи таълимӣ сохта ба истифода дода шуда бошад, пас аз ин теъдод 1444 иншооти соҳаи маориф аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар солҳои 2013-2020 сохта ба истифода дода шудааст, ки барои 2 796 22 ҷойи нишаст мебошад.

– Нақши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳқими сулҳу ваҳдат, истиқлоли миллӣ ва рушду пешрафти соҳаи маориф чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

– Таърих гувоҳ аст, ки Истиқлоли давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон ба осонӣ ба даст омада бошад ҳам, таҳкиму устуворӣ ва ҳифзи ин неъмати бебаҳо барои кишвари мо хеле гарону сангин афтод.

Танҳо неруи тавонову хиради азалии мардуми тоҷик ва дар атрофи афкори созандаю бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муттаҳид гардидани тамоми мардум боис гардид, ки Тоҷикистон мушкилоти пешомадаро паси сар намуда, зиндагии орому осоишта ва дур аз ҳар гуна ғаразҳову манфиатҳои шахсиву гурўҳиро интихоб кунад.

Маҳз бо талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат тўли 30 соли Истиқлоли давлатӣ рўзгори мардуми шарифи Тоҷикистон беҳ ва зиндагии шоиста насиби тамоми хонадони тоҷик гардид. Бо сарварии Президенти маҳбуби кишвар сулҳу субот, оромию осоиштагӣ, амнияти сартосарӣ дар ин кишвар таҳким ёфт, таҷрибаи бунёди сулҳу оромии кишвари мо дар ҷаҳон чун беҳтарин намунаи давлатдорию сиёсатмадорӣ пазируфта шуд.

Дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат низоми маориф самти афзалиятнок эълон ва ба рушду инкишофи он таваҷҷуҳи хосае зоҳир гардид, ки ин боиси боз ҳам беҳтар шудани таълиму тарбияи насли наврас ва омода кардани насли ояндасози кишвар гардид.

Тамоми раванди рушду инкишоф ва ташаккулу таҳаввули минбаъдаи маорифи мамлакат бо сиёсати маорифпарварона ва хирадсолоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон робитаи ногусастанӣ дорад. Ин шахсияти нотакрори таърихӣ яке аз муҳимтарин рукнҳои сиёсати давлатдории худро ба самти соҳаи маориф ва беҳтар гардонидани вазъи муассисаҳои таълимӣ, беҳтар гардидани сифати таҳсил дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ва устувор гардонидани мақоми омўзгор дар ҷомеа равона сохт. Маҳз чунин дастгирӣ буд, ки аҳли маорифи мамлакат дар атрофи сиёсати созандаю бунёдкорона ва маорифпарваронаи Пешвои миллат муттаҳид шуда, дар татбиқи афкору андешаҳои волои ў саҳми назарраси худро гузоштанд.

Президенти мамлакат ҳамасола дар оғози соли хониш – якуми сентябр, Рўзи дониш ва Дарси сулҳ, шахсан иштироку суханронӣ карда, соҳаи маорифро таҳлил намуда, барои рушду инкишофи он дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд, ки ин барои пешравии соҳа хеле муҳим арзёбӣ мегардад. Ҳамзамон, Сарвари давлат дар тамоми сафарҳои кории худ ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат, пеш аз ҳама, бо хонандагону омўзгорон суҳбату мулоқотҳо доир карда, дар кушодани биноҳои нави муассисаҳои таълимӣ шахсан иштирок карда, бо шароити муосир ва дар сатҳи талаботи маорифи ҷаҳонӣ сохтани биноҳои таълимиро аз омилҳои муҳими баланд бардоштани завқу хоҳиши хонандагон дар фаро гирифтани илму дониш меҳисобад.

– Дар мавриди муҳимтарин дастовардҳои замони истиқлоли кишвар андешаҳоятонро иброз менамудед.

– Бо таҳкими раванди сулҳу оромӣ ва пояҳои Истиқлоли давлатӣ, низоми таълиму тарбия ба тағйироти куллӣ мувоҷеҳ шуд. Вазорати маориф ва илмро ба ҳайси мақоми ваколатдори давлатӣ зарурати бунёди маорифи миллӣ ва дар ин самт таҳия кардани тамоми санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳа пеш омад. Зеро низоми сиёсии кишвар дигар гардид ва раванди низоми маорифи кишвар бояд тибқи талаботи иҷтимоии замони муосир ба роҳ монда мешуд.

Дар 30 соли танатанаи Истиқлоли давлатӣ ба сохтану бунёд кардани муассисаҳои таълимию тарбиявӣ ҷиҳати фаро гирифтани тарбиятгирандагон ва хонандагону донишҷўён ба таълиму тарбия таваҷҷуҳи хоссае аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зоҳир карда шудааст. Дар ин давра шумораи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба 3920, таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба 63, миёнаи касбӣ ба 78 ва олии касбӣ ба 41 адад расид.

Ҳамчунин, бо дастгирию ибтикори Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат муассисаҳои типи нав ба фаъолият шурўъ карданд. Дар ин давра 9 мактаби Президентӣ, 7 литсей барои хонандагони болаёқат, 75 литсей ва 75 гимназия бо фарогирии зиёда 94 ҳазор хонанда ба фаъолият оғоз кард.

Дар давоми 30 сол шумораи муассисаҳои таълимӣ аз 4310 ба 4780 расидааст, ки ин нисбат ба соли таҳсили 1990-1991 461-то зиёд мебошад. 

– Яке аз омилҳои муҳими Истиқлоли давлатӣ мутобиқ сохтани низоми маорифи мамлакат ба арзишҳои он, яъне дар заминаи арзишҳои миллию фарҳангӣ ва таърихӣ  ба роҳ мондани раванди таълим ва ҳамзамон, мутобиқ сохтани он ба талаботи маорифи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон аст. Дар ин масъала чӣ корҳо ба анҷом расонида шудааст?

–Дар замони ташаккули истиқлол ва давлатсозӣ яке аз муҳимтарин масъалаҳо бунёди маорифи миллӣ буд. Вазорати маориф ва илм тамоми кўшишро барои эҳёи муассисаҳо ва раванди бонизоми соҳаи маориф равона карда, дар амалӣ намудани ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат дар татбиқи сиёсати иҷтимоӣ нақши боризе гузошт.

Соли 2001 маблағгузории соҳаи маориф ба 60 млн 900 ҳазор сомонӣ расид, ки он нисбат ба соли 2000 46,4 фоиз зиёд мебошад. Ин раванд минбаъд идома меёбад. Ин аст, ки ҳаҷми маблағгузории соҳаи маориф дар соли 2020 ба 5 млрд 4 млн 653 ҳазор сомонӣ расида 5,7 фоизи ММД ва 19 фоизи Буҷети давлатиро ташкил дода, соли 2021 ин нишондиҳанда ба 5 млрд 597 млн 100 ҳазор сомонӣ расида, 6 фоизи ММД ва 19,9 фоизи Буҷети давлатро доро мебошад.

– Дар низому сохтори соҳа, аз ҷумла, раванди таълиму тарбия чӣ дигаргунию тағйирот ба амал омаданд? Ин тағйирот чӣ таъсири файзбахше ба рушду такомули соҳа ва умуман, беҳтар гардидани сатҳу сифати таълиму тарбия ва донишандўзии тарбиятгирандагону хонандагон расонд?

– Дар замони муосир аз ҷониби Пешвои муаззами миллат ҷиҳати фаро гирифтани кўдакон ба муассисаҳои томактабӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад, зеро аз овони кўдакию наврасӣ таваҷҷуҳ кардан ба таълиму тарбия боиси он мегардад, ки неруи зеҳнии кўдакон ташаккул ёбад ва онҳо дар оянда дар зинаҳои дигари таҳсилот барои фаро гирифтани илму дониш дар сатҳи беҳтару хубтаре омода гарданд.

Маврид ба таъкид аст, ки шурўъ аз замони истиқлол бо мақсади арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги кишвар, ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, дар рўҳияи ифтихори миллӣ ва ватандўстӣ таълиму тарбия намудани насли наврас ва ҷавони кишвар милликунонии таҳсилот чун масъалаи мубрам ҷузъи асосии ислоҳот пазируфта шуда, корҳои назаррас ба анҷом расонида шуд.

Ин тадбир ҷиҳати ба камол расонидани насли соҳибмаърифату донишманд ва мутахассисони баландихтисос, ки заминаи устувор барои эъмори ҷомеаи пешрафта ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ мебошад, мусоидат менамояд.

Дар ин радиф ҷиҳати таҳкими заминаи меъёрии ҳуқуқии зинаҳои таҳсилоти томактабӣ ва умумӣ санадҳои зиёд, аз қабили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ»,   стандартҳои давлатии таҳсилоти томактабӣ ва умумӣ, низомномаҳои намунавии ҳамаи зинаҳои таҳсилот таҳия гардида, бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардиданд.

Ҳамзамон, санадҳои зиёди зерқонунӣ таҳия ва бо қарорҳои мушовараи вазорат тасдиқ карда шуд, ки барои танзими самаранокии фаъолияти муассисаҳои таълимӣ мусоидат менамоянд.

Таҷдиди мазмуну мундариҷаи таҳсилот, ки ҳам ба милликунонии таҳсилот ва ҳам барои воридшавӣ ба фазои ҷаҳонии таҳсилот замина гузошт, аз дастовардҳои муҳими замони истиқлол дар соҳаи маориф ба шумор меравад.

Вобаста ба ин, стандарт, нақша ва барномаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот таҷдиди назар карда шуданд.

Ҳамчунин, дар асоси Стандарти давлатии таҳсилоти умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, тибқи он таълими фанҳои нав, аз ҷумла, таърихи дин, маърифати оиладорӣ ва асосҳои иқтисодиёт ба роҳ монда шуд.

Падидаи дигари даврони истиқлол таъсиси муассисаи таълимии хусусиву ғайридавлатӣ дар ҳамаи зинаи таҳсилот мебошад.

Таъсиси ин намуди муассисаҳо ҷойи нишасти иловагӣ фароҳам оварда,  сарбории муассисаҳои давлатиро кам намуда, таълими босифатро  таъмин  ва рақобатпазириро ба миён меоранд. 

Муассисаҳои томактабии дар замони истиқлол бунёдгардида дорои тамоми шароити зарурии таълиму тарбия буда, ба талаботи байналмилалӣ пурра мутобиқ мебошанд.

Барномаҳои таълимии ҷавобгў ба стандартҳои давлатии таҳсилоти томактабӣ, дастурҳои таълимӣ, таъминот бо кадрҳои омўзгорӣ, пояи мустаҳками моддӣ-техникии муассисаҳои таҳсилоти томактабии ба инкишофи қобилияти равонӣ, зеҳнӣ ва ҷисмонии кўдакон мусоидат намуда,  пайванди раванди таҳсилоти томактабӣ ва умумиро таъмин менамоянд.

Бо мақсади фарогирии бештари хонандагон ба таълиму тарбияи томактабӣ шаклҳои дигари таълиму тарбияи томактабӣ, аз ҷумла, марказҳои инкишофи кўдак ташкил карда шуд.

Бо мақсади таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ба таҳсилоти умумии ҳатмӣ ва дастрасӣ ба таҳсилоти босифат Вазорати маориф ва илм дар масъалаи табдили мақоми муассисаҳо тадбирҳои амалӣ андешид, ки ҷиҳати пешгирии аз таҳсил дур мондани хонандагон мусоидат намуд.

– Дар хусуси рушди ҳаракати олимпӣ ва иштироки хонандагони тоҷик дар озмуну олимпиадаҳои бонуфузи байналмилалӣ дар муқоиса ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ муфассалтар маълумот диҳед.

– Дарёфт ва рушди истеъдодҳо, инчунин, таҳкими ҳаракати олимпӣ дар меҳвари фаъолияти вазорат қарор дорад. Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2014, №353 “Дар бораи Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020” дар назди вазорат Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 68 маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо бо 510 воҳиди корӣ  таъсис  дода шуд.

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти дарёфт ва рушди истеъдодҳо, таҳкими ҳаракати олимпӣ мунтазам тадбирҳои судманд андешида, тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2014 инҷониб олимпиадаҳоро тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир намуд.

Агар то замони истиқлол ҳамагӣ як олимпиадаи мактаббачагон баргузор мегардид, пас дар соли 2020 24 озмун ва олимпиада бо иштироки бештар аз 5000 нафар хонанда баргузор карда шуд.

Хонандагони кишвар баробари муваффақиятҳо дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ дар олимпиадаҳои байналмилалӣ низ фаъолона иштирок намуда, дар даврони Истиқлоли давлатӣ дар озмуну олимпиадаҳои байналмилалию ҷаҳоние, ки дар кишварҳои мутараққӣ, ба мисли Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Федератсияи Россия, Малайзия, Франсия, Англия, ҷопон, Туркия, ҳиндустон, Кореяи ҷанубӣ ва  Аргентинаву Бразилия баргузор шудаанд, фаъолона иштирок намуда, сазовори 1788 ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла, 341 ҷойи якум, 556 ҷойи дуюм, 891 ҷойи сеюм гардиданд.

Бунёд ва ба истифода додани муассисаҳои таълимии типи нав бо дарназардошти шароити муосир ва ба талаботҳои ҷаҳонӣ ҷавобгўй самараи неки даврони соҳибистиқлолии кишвар буда, ба хонандагон ҷиҳати аз худ намудани илмҳои пешрафта ва технологияи навин мусоидат менамояд.

Дар ин замина, дар ҷумҳурӣ айни замон 9 мактаби Президентӣ ва 6 литсей барои хонандагони болаёқати мақоми ҷумҳуриявидошта фаъолият менамоянд, ки хонандагони ин муассисаҳои таълимӣ дар соли 2020 дар олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ – 37,9 % ва байналмилалӣ – 60,1 % ҷойҳои ифтихориро ба даст овардаанд, ки нишондиҳандаи аз ҳама хуб ба шумор меравад. Ҳамчунин, ҳамасола  хатмкунандагони ин муассисаҳо пурра ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохил ва хориҷи кишвар дохил мегарданд.

– Қабули қарор ва барномаҳои давлатӣ ба пешрафту тараққии соҳаи маориф чӣ такони ҷиддӣ бахшиданд?

– Албатта, раванди татбиқи сиёсати иҷтимоии мамлакат дар соҳаи маориф тавассути нақшаву барнома, консепсия ва стратегияҳои гуногун амалӣ карда мешавад. Дар ин росто, дар замони соҳибистиқлолии кишвар бо пешниҳоди Вазорати маориф ва илм санадҳои меъёрию ҳуқуқии зиёде аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба тасвиб расид, ки дар ин муддат соҳаи маориф тавассути онҳо ба низом дароварда мешавад ва ба рушду пешрафти соҳа мусоидат мекунад.

– Рушди муассисаҳои таҳ-силоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар замони истиқлол чӣ гуна аст?

–  Тибқи маълумоти омории солҳои 1990-1991 дар ҷумҳурӣ 43 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият намуда, аз ин 9-тояш омўзишгоҳи омўзгорӣ буда, дар онҳо аз рўи ихтисоси муаллими синфҳои ибтидоӣ мутахассис тайёр карда мешуд. Дар  ин солҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ 40,7 ҳазор нафар донишҷў таҳсил менамуданд. 

Вобаста ба талаботи зиёд шудани шумораи аҳолӣ, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра барои фаъолияти муассисаҳо дар ҷумҳурӣ ба рушду нумўи муассисаҳои соҳаи омўзгорӣ, махсусан, омўзишгоҳҳои  омўзгорӣ  аҳамияти  калон дода шуд.

Дар ин давра барои таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо омўзгорони синфҳои ибтидоӣ як қатор муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, аз ҷумла, дар ноҳияи Рўдакӣ (1991), ноҳияи Мастчоҳ  (1991) ноҳияи Лахш (1995), ноҳияи Нуробод (2004), ноҳияи Қубодиён (1990), шаҳри Роғун (1995) ва шаҳри Турсунзода (2001) омўзишгоҳҳои омўзгорӣ таъсис ва шумораи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии соҳаи омўзгорӣ ба 16 адад расонида шуд.

Ҳамчунин, дар даврони истиқлол  як қатор муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла, коллеҷҳои муҳандисӣ-омўзгории шаҳри Душанбе, хореографии ба номи М. Собироваи шаҳри Душанбе,  омўзишгоҳҳои тиббии шаҳрҳои Истаравшан, Панҷакент, Турсунзода ва Исфара таъсис ёфтанд.

Тазаккур бояд дод, ки бо мақсади таъмини сохтмони Неругоҳи барқии обии Роғун бо кадрҳои коргарӣ ва муҳандисони дорои таҳсилоти миёнаи касбӣ коллеҷи муҳандисию-техникии шаҳри Роғун таъсис дода шуд.

Ҳамчунин, бо мақсади аз байн нарафтан ва ривоҷ додани санъати меъморию заргарӣ, дуредгарию  хиштпазӣ, оҳангарию кордсозӣ, танўрсозию қошуқтарошӣ, қандакориву ҷомадўзӣ ва гулдўзию қолинбофӣ коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Истаравшан ба фаъолият оғоз кард.

Айни замон, теъдоди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар кишвар 78 ададро ташкил дода, нисбат ба давраи Шўравӣ теъдоди онҳо 36 адад афзудааст (43 адад то истиқлол). Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ айни замон 63 ададро ташкил медиҳанд ва то давраи истиқлол теъдоди онҳо бештар аз 70 ададро ташкил медод, ки бо дарназардошти талаботи  ҷомеа якчанд нафари онҳо муттаҳид гардида, теъдоди ихтисосҳо дар онҳо  зиёд карда шудааст.

 Агар соли 1991 шумораи донишҷўён 40,7 ҳазор нафар бошад, пас, соли 2021 ин шумора ба 93,5 ҳазор нафар расидааст.

– Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар муассисаҳои олии касбӣ ва низоми ин зинаҳои таҳсилот чӣ тағйироти назаррас ба вуҷуд омад?

– Дар маркази таваҷҷуҳи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тўли мавҷудияти ин зинаи таҳсилот пайваста баланд бардоштани сатҳу сифати омодасозии мутахассисон, васеъ кардани доираи ихтисосҳо, ҷустуҷў ва дарёфти роҳу усулҳои нав ва пешқадами муосир қарор гирифта, аз ин лиҳоз, мақсад, вазифа ва мазмуну мундариҷаи соҳаи таҳсилоти олии касбӣ маҳз ҷиҳати баамалбарории ҳамин падидаҳо нигаронида шудааст.

Бо таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати кишвар ба таҳсилоти олии касбӣ, айни замон муассисаҳои зиёди таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ, ки қишри сершумори неруи созандаи ҷомеа – ҷавононро ба таълим фаро гирифтаанд, аз лиҳози шаклу мазмуни таҳсилот, низоми сохторӣ, пояи моддию техникӣ ҳарчӣ бештар ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ наздик шуда, мақому мавқеи худро дар ҷомеа тақвият мебахшанд. 

Дар ин замина, дар замони истиқлол ҷиҳати татбиқи амалии сиёсати маорифпарваронаи Президенти кишвар аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, бо мақсади пешрафти муназзами соҳа, таҳкими низом ва мутобиқ сохтани мазмуну мундариҷаи он ба сатҳи байналмилалӣ, ба хотири воридшавӣ ба фазои ҷаҳонии таҳсилот дар баробари ба фаъолият оғоз намудани муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ба хотири милликунонии низоми таҳсилот дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ, пеш аз ҳама, зина ба зина тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳои меҳнатии соҳаи маориф аз ҷониби мутахассисони Вазорати маориф ва илм таҳия ва дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди амал қарор дода шуданд, аз ҷумла, «Консепсияи рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 1.11.2006, №484), «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015» (аз 2. 11.2007, №529), «Низомнома оид ба низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 30.08.2008, №15/3), «Барномаи давлатии омода кардани мутахассисони дорои таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2016), «Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва амсоли инҳо.

Ҳамзамон, бо мақсади омодасозии мутахассисони ҷавобгў ба бозори ҷаҳонии меҳнат муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз низоми анъанавии таълим ба низоми таҳсилоти кредитӣ гузаштанд, ки ин ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва донишҷўён шароити мусоид барои таълим ва мустақилияти бештар фароҳам меорад.

  Дар баробари ин, бо мақсади суръат бахшидан ба воридшавии меъёрҳои таҳсилоти олии сатҳи байналмилалӣ, вусъати мубодилаи донишҷўёну омўзгорон миёни муассисаҳои таълимӣ ва мутобиқ ба рақобати бозори меҳнат омода намудани мутахассисон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, шурўъ аз соли 2017 низоми фосилавии таълим ба роҳ монда шуд.

– Дар низоми таҳсилоти олии касбӣ вобаста ба ихтисосҳо чӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуд ва кадом ихтисосҳои нави ҷавобгў ба талаботи иқтисоди миллӣ таъсис дода шуд?

– Бо дарназардошти талаботи бозори меҳнат омода намудани мутахассисон дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илм, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ вобаста ба зарурат, қабули донишҷўёнро аз рўи баъзе ихтисосҳо маҳдуд карда, дар раванди таълим ихтисосҳои наву замонавӣ ҷорӣ менамоянд. Ҳамин тавр, тайи 5 соли охир ба Таснифоти давлатии равия ва ихтисосҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз 98 ихтисос ворид намуда, лоиҳаи он дар коркарди мутахассисон қарор дорад.

Агар ба таври муқоиса баҳогузорӣ намоем, дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар замони Шўравӣ аз рўи 136 ихтисос мутахассис омода карда мешуд. Айни замон  аз рўйи зиёда аз 553 ихтисос вобаста ба талаботи рушди иқтисодиёти миллӣ мутахассис омода карда мешавад, ки ин нишондиҳанда 397 ихтисос зиёд мебошад. Инчунин, аз рўи ихтисосҳои мазкур дар ҳама муассисаҳои таълимӣ неруи кадрӣ ва заминаи моддӣ - техникӣ фароҳам оварда шудааст.

– Ифтитоҳи муассисаҳои таълимии нав вобаста ба талаботи замонро чӣ гуна арзёбӣ менамоед ва доир ба нақша ва дурнамои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ чӣ назар доред?

– Ҷиҳати ба амал баровардани ҳадафҳои имрўзу ояндаи наздики кишвар ва бо мутахассисони соҳибкасб таъмин намудани тамоми соҳаҳои халқи ҷумҳурӣ ҳамасола муассисаҳои таҳсилоти олии касбии нав ба фаъолият шурўъ менамоянд.

Афзоиши шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар тўли Истиқлоли давлатӣ дар ҳолати рушд қарор дорад. Агар дар соли 1991 дар ҷумҳурӣ 13 муассисаи таҳсилоти олӣ бо теъдоди 69300 нафар донишҷў (23600 духтар) фаъолият мекарда бошад, пас, дар соли 2021 дар ҷумҳурӣ 41 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо фарогирии 244652 нафар  (85534 духтар) донишҷў фаъолият менамояд, ки аз он 17 донишгоҳ, 14 донишкада, 1 академия, 3 филиали муассисаи таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия, филиали Донишгоҳи технологияи Тоҷикистон дар шаҳри Исфара, Консерваторияи миллӣ ва 4 муассисаи таълимии мақомоти қудратӣ мебошад.

Бо дарназардошти ташкили муассисаҳои таълимии навтаъсис ва бо биноҳои маъмурию таълимӣ таъмини дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар даврони истиқлол бо кумак ва дастгирии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 74 бинои маъмурӣ ва таълимӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шуд. Дар баробари ин, сохтмони биноҳои таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино, Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кўлоб бомаром идома дорад.

Ҳамзамон, барои таъмини донишҷўёни шаҳру ноҳияҳои дурдаст бо макони зист дар ин давра дар назди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 20 хобгоҳи замонавӣ бунёд ва азнавсозӣ гардида, мавриди истифода қарор гирифт.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пайвастан бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва дар ҳамин замина вусъат бахшидан ба раванди ҳамгироӣ бо мамлакатҳои ҷаҳон, ки ҳадафи ниҳоии он ширкати бевосита дар ҳалли масоили мубраму муҳташами соҳаҳои иқтисодиёт, сиёсат, равобити фарҳангию илмии сатҳи ҷаҳонӣ иборат мебошанд, кўшиш ба харҷ медиҳад.

Яке аз нишондиҳандаҳои нуфузи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, гузаштан аз аккредитатсияи байналмилалӣ мебошад. Тибқи нақшаи дурнамо дар ин раванд миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва “Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг”-и Ҷумҳурии Қазоқистон  ва Оҷонсии аврупоӣ оид ба назорати сифат - EKKA  шартномаҳои дуҷониба ба тасвиб расида, ҳамкориҳо идома доранд.

Аз 41 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ 30 муассиса барои аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронидани 110 ихтисос аз рўи 9 самт (омўзгорӣ, иқтисодӣ, технологӣ, техникӣ, кишоварзӣ, тиббӣ, робитаҳои байналмилалӣ, варзиш ва санъат) пешниҳод карданд. 

Аз ин миқдор то ин давра 3 ихтисоси Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, 5 ихтисоси Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино, 3 ихтисоси Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва 3 ихтисоси Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аз аккредитатсияи Муассисаи ғайритиҷоратии “Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг”-и Ҷумҳурии Қазоқистон гузаронида шудааст, ки ба онҳо аз ҷониби намояндагони агентии мазкур “Сертификат” супорида шуд.  Раванди аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронидани ихтисосҳои дигар идома дорад.

Дар баробари ин, татбиқи ҳадафмандонаи «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омўзиши илмҳои зикршуда, тавсеаи тафаккури техникӣ ва афзун намудани шавқу завқи хонандагон ба омўзиши риёзиёт, ҷалби ҷавонон ба таҳқиқи илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, татбиқи таҷрибаҳои инноватсионӣ ва натиҷаҳои корҳои илмӣ дар истеҳсолоти ватанӣ аз нақшаҳои дарпешистодаи Вазорати маориф ва илм маҳсуб меёбад. 

Инчунин, зиёд намудани созишномаҳои дуҷониба миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар ва иҷрои самарабахши онҳо дар самти таҳсили донишҷўён, табодули омўзгорону донишҷўён ва такмили ихтисоси омўзгорон дар муассисаҳои таълимиву илмии хориҷи кишвар, навсозии мазмуну мундариҷаи таҳсилот мутобиқ ба талаботи меъёрҳои сатҳи байналмилалӣ аз қабили стандартҳои давлатӣ, нақшаву барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ бо забони давлатӣ талаботи замони муосир ба шумор меравад.

– Доир ба вазъи таълифи китобҳои дарсӣ дар замони истиқлол ва дастрасии хонандагон ба онҳо мухтасаран маълумот диҳед. Дар таҳия ва таълифи китобҳои дарсӣ чӣ навгониҳо ба назар мерасад?

– Ислоҳоти соҳаи маориф, аз ҷумла, татбиқи муносибати босалоҳият ба таълим, азнавсозии мазмуни таҳсилот, албатта, тавассути таҳияи стандарту барномаҳои фаннӣ ва китобҳои дарсӣ роҳандозӣ мешавад. Аз ин рў, таҳия ва нашри китобҳои дарсӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Баъди ба даст омадани Истиқлоли давлатӣ дар баробари даҳҳо масъалаи ҳалталаби соҳаи маориф давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи бо китоби дарсӣ ва маводи зарурии таълим таъмин намудани хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумиро ҳадафи аввалиндараҷа қарор дод. Ин кори осон набуд ва ҳам неруи зеҳнӣ ва ҳам аз лиҳози моддӣ хароҷоти зиёд талаб мекард. Вале Ҳукумати кишвар бо истифода аз маблағҳои буҷетӣ ва лоиҳаҳо таҳия ва чопи китобҳои дарсиро ба танзим даровард. Имрўз дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ фаъолият мекунад, ки вазифаи он бо маводи таълим ва китобҳои дарсӣ, бадеӣ, илмию методӣ, барнома ва маводи ёрирасони таълимӣ таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва пайгирии масъалаҳо дар ин соҳа аст. Ҳамзамон, бо мақсади беҳтар шудани сифати нашр ва таҳрири адабии китобҳои дарсӣ соли 2012 Муассисаи нашриявии «Маориф» ва КВД «Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе» аз Вазорати фарҳанг ба тавозуни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.   

Айни замон нашри 4-уми китобҳои дарсӣ рўйи чоп омада истодаанд, ки аз нигоҳи фарогирии мазмуну мундариҷа бо дарназардошти талаботи стандартҳои байналмилалии таълим, аз ҷумла, муносибати босалоҳият дар таълим таҳия шудаанд. Агар ба рақамҳо назар кунем, аз соли 2000-ум то давраи нуҳ моҳи соли 2021 702 номгўйи китоби дарсӣ ба миқдори 46 млн 618 ҳазору 432 нуса ба маблағи 377 млн 206 ҳазору 85 сомонӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ зина ба зина нашр ва дастрас гардонида шудааст, ки ин раванд сол аз сол дар ҳоли афзоиш аст. Вале акнун дар баробари таҳия ва таҷдиди назар шудани мазмуну мундариҷаи китобҳои дарсӣ, бояд мо ба он нукта таваҷҷуҳ кунем, ки хонандагони муассисаҳои таълимии кишвар дар рўҳияи худогоҳиву шинохти асолати миллӣ ва гузаштаи пурҳикмату наҷиби таърихӣ ба камол расанд. Бинобар ин, зарурат ба миён меояд, ки барои тарбияи маънавии насли наврас чунин китобҳоеро пешниҳод кард, ки ба арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ ҷавобгў бошанд. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои ин рисолат бо муаллифону таҳиягарони китобҳои дарсӣ, инчунин, гурўҳҳои экспертии адабиёти таълимӣ, ки бо ҷалби олимону мутахассисони соҳа ва омўзгорони соҳибтаҷрибаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таъсис дода шудааст, корҳои зиёдеро дар ин самт рўйи даст гирифтааст.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ барои ақаллиятҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ теъдоди зиёди китобҳои дарсӣ аз забони тоҷикӣ тарҷумаву чоп шуд. Аз ҷумла, давоми ду соли охир барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимоташон бо забонҳои русӣ, ўзбекӣ, қирғизӣ ва туркмании Ҷумҳурии Тоҷикистон китобҳои дарсии «Забони давлатӣ» аз синфи 2 то 11-ум таҳия ва ба миқдори умумии 308 450 нусха нашр ва дастрас карда шуд.

Барои ба забонҳои русӣ, ўзбекӣ ва қирғизӣ тарҷума кардани китобҳои дарсӣ гурўҳҳои корӣ таъсис шуда, то имрўз як теъдоди китобҳои дарсӣ ба ин забонҳо тарҷумаву чоп шуданд. Бо фароҳам шудани имконоти молиявӣ давра ба давра китобҳои боқимонда низ ба забони ақаллиятҳои миллӣ тарҷума ва чоп мешаванд. 

– Вазорат дар самти робитаҳои байналмилалӣ чӣ дастовардҳо дорад?

– Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пайвастан бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва дар ҳамин замина вусъат бахшидан ба раванди ҳамгироӣ бо мамлакатҳои ҷаҳон, ки ҳадафи ниҳоии он ширкати бевосита дар ҳалли масоили мубраму муҳташами соҳаҳои иқтисодиёт, сиёсат, равобити фарҳангию илмии сатҳи ҷаҳонӣ иборат мебошанд, кўшишҳои зиёде ба харҷ додааст.

Таъсиси Стипендияи байналмилалии “Дурахшандагон” барои таҳсил дар хориҷи кишвар ҷиҳати таъмини иқтисоди миллӣ бо кадрҳои нодир ва таҳсили зиёда аз 40 ҳазор донишҷўи тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии хориҷи кишвар аз ҷумлаи дастгириҳо ва ташаббусҳои Пешвои миллат дар замони муосир ба шумор мераванд.

Инчунин, зиёд намудани созишномаҳои дуҷониба миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар ва иҷрои самарабахши онҳо дар самти таҳсили донишҷўён, табодули омўзгорону донишҷўён ва такмили ихтисоси омўзгорон дар муассисаҳои таълимиву илмии хориҷи кишвар, навсозии мазмуну мундариҷаи таҳсилот мутобиқ ба талаботи меъёрҳои сатҳи байналмилалӣ аз қабили стандартҳои давлатӣ, нақшаву барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ бо забони давлатӣ талаботи замони муосир ба шумор меравад.

– Моҳияти баргузории озмунҳои «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст»  ва «Илм - фурўғи маърифат»-ро дар чӣ мебинед?

– Ҳадафи асосии Пешвои муаззами миллат аз эълони чунин озмунҳо, пеш аз ҳама, бедор кардани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, рушди қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар ба шумор меравад.

Ҷанбаи дигари иқдоми Сарвари давлат аз озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» тарбияи одоби ахлоқи ҳамида, рушди зеҳнии ҷавонону наврасон ва аз нозукиҳою ғановати забон ва адабиёти хеш огоҳ гардидани мардуми кишвар мебошад. Дар пайи иҷрои ҳамин иқдому ибтикороти Пешвои миллат беҳтарин китобхонҳо ва арҷгузорони фарҳанги китобхонию суханварӣ гирди ҳам омадаанд.

Бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020-2040» ва ҳамзамон ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, такмили ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвастани илм бо истеҳсолот ҳамасола тибқи Низомнома озмуни «Илм – фурўғи маърифат»  миёни хонандагону донишҷўён, магистрантону докторантон ва дигар шаҳрвандон гузаронида мешавад, ки барои омўзиш ва такмили донишҳо ва тафаккури зеҳнӣ ҷиҳати омўзиш ва азхудкунии  фанҳои  табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ моҳияти аввалиндараҷа дошта, дар амалигардонии ҳадафи чоруми стратегии кишвар саҳми бориз мегузорад.

Дар баробари ин, татбиқи ҳадафмандонаи «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омўзиши илмҳои зикршуда, тавсеаи тафаккури техникӣ ва афзун намудани шавқу завқи хонандагон ба омўзиши риёзиёт, ҷалби ҷавонон ба таҳқиқи илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, татбиқи таҷрибаҳои инноватсионӣ ва натиҷаҳои корҳои илмӣ дар истеҳсолоти ватанӣ аз нақшаҳои дарпешистодаи Вазорати маориф ва илм маҳсуб меёбад. 

Умуман, дар давоми сӣ соли Истиқлоли давлатӣ Вазорати маориф ва илм ба дастовардҳои шоёне ноил гардид. Пеш аз ҳама, бо таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, барномаву стратегия ва нақшаву консепсияҳои гуногуни тамоми раванди соҳаро ба танзим дароварда, дар самти иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат чораҳои заруриро роҳандозӣ карда, таълиму тарбияи насли наврас ва ояндасозони кишварро дар асоси дастовардҳои истиқлол ва бо назардошти манфиат ва арзишҳои миллӣ ба роҳ монд.

– Акнун бармегардем ба рушди илм дар замони соҳибистиқлолӣ. Боиси хушнудист, ки илми тоҷик тадриҷан рушду инкишоф меёбад, ки дар ин радиф аллакай корҳои зиёде анҷом дода шуд. Таъсиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои замони истиқлол мебошад. Ба андешаи шумо, дар замони соҳибистиқлолӣ илми тоҷик ба чӣ дастовардҳо ноил гардид?

– Сиёсати давлатӣ ба рушди илму технология, фаъолияти инноватсионӣ ва ҷорӣ кардани навгониҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти кишварамон нигаронида шудааст. Фаъолияти илмию инноватсионӣ тибқи талаботи ҷаҳони муосир ба роҳ монда шуда, як қатор комёбиҳои назаррас рўйи даст омаданд.

Дар солҳои охир ба тарбияи кадрҳои илмию педагогӣ низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд. Аз ҷумла, дар соли таҳсили 2020-2021 дар ҷумҳурӣ 19 шўрои диссертатсонӣ, ки дар Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия ба қайд гирифта шудаанд, амал мекунад ва дар онҳо наздики 99 нафар рисоли илмии худро дифоъ кардаанд, ки аз ин 14 рисолаи докторӣ ва 85 рисолаи номзадӣ мебошад.

Айни замон дар назди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии ҷумҳурӣ 54 Шўрои диссертатсионӣ, ки дар назди Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, ки аз рўи 145 ихтисос фаъолият менамоянд. Дар шўроҳои мазкур аз ибтидо то имрўз наздики 733 нафар рисолаҳои илмии худро дифоъ намудаанд. Аз шумораи мазкур 56нафар рисолаи докторӣ, 20 нафар докторант аз рўйи ихтисос (PhD) ва боқӣ рисолаи номзадӣ ҳимоя намудаанд.

– Дар фароварди суҳбат таманниёти шуморо ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хонандагони  нашрияи “Омўзгор” фаҳмидан мехостем.

– Ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба аҳли маорифи кишвар – хонандагону донишҷўён, омўзгорону устодон ва дастандаркорони соҳаи маориф ва илми кишвар, табрик гуфта, хоҳони он ҳастем, ки ҳар кадоми мо бо заҳмату талошҳои худ дар рушду инкишофи маорифи мамлакат нақшу саҳми боризе гузошта,  фарзандони ин миллати сарбаландро дар асоси арзишҳои миллию фарҳангии мардуми тоҷик таълиму тарбия дода, ояндаи шукуфои кишвари худро тавассути нури маориф дурахшону мондагор месозем.

Бигзор, хуршеди истиқлолу озодӣ бар кишвару миллати тоҷик ҳамеша нурафшон бошад.

Мусоҳибон

Ноилшоҳ НУРАЛИЗОДА,

Насриддин ОХУНЗОДА,

“Омўзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш