Нашрияи Омӯзгор

«Офтоби тарбият» дурахшид

Сана: 2021-09-08        Дида шуд: 41        Шарҳ: 0

 

4-уми сентябри соли равон ба муносибати Рўзи китоб дар Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи устод Садриддин Айнӣ маҳфили рўнамоии китоби «Офтоби  тарбият» баргузор шуд, ки дар он доираи васеи адибон, олимону донишмандон ширкат ва суханронӣ карданд.

Мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти ДДОТ ба номи С. Айнӣ Шарифи Исрофилниё маҳфилро ҳусни оғоз бахшида, зикр кард, ки дар фарҳанги халқи тоҷик аз қадим китоб ҷойгоҳи асосӣ дорад. Адабиёти оламшумули мо аз давраи бостон то имрўз тарбиятгари инсон буд. Дар робита ба масъалаи таълиму тарбият айни ҳол китобе таҳти унвони «Офтоби тарбият» муаррифӣ мешавад, ки  дар он мақолоти кормандони соҳаҳои гуногун гирд оварда шудааст.

Раиси Анҷумани миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон, профессори КМТ ба номи Т. Сатторов Сайфулло Сафар гуфт, ки заҳматҳои шабонарўзии мураттибону нависандагони мақолаҳо натиҷа дод ва  китоби мондагоре рўйи чоп омад. Андешаҳои бузургони мо, ки ҳамаашон моҳияти тарбиявӣ доранд, аз тарафи муаллифони мақолаҳо дар беҳтарин сурат ҷамъоварӣ шудаву ба риштаи таҳлил кашида шудааст.

Сармуҳаррири нашрияи «Минбари халқ» Бахтиёр Ҳамдам изҳор дошт, ки дар «Офтоби тарбият» олимон назариёту андешаҳои абармардони миллатро тавзеҳ бахшидаанд, ки ин барои аҳли  ҷомеа бағоят муҳим аст.

Узви вобастаи АМИТ, адабиётшинос, доктори илмҳои филологӣ Мирзо Муллоаҳмадов иброз дошт, ки дар таърихи адабиёт шоир ва нависандае нест, ки дар мавриди тарбия асаре эҷод накарда бошанд. Тартиб додан ва чопи чунин маҷмўаи арзишманд лоиқи таҳсин аст. Умедворам, ки дар оянда чунин иқдоми нек ба ҳукми анъана медарояд.

Устоди ДДОТ ба номи С. Айнӣ, профессор Умринисо Казакова гуфт, ки  одам аз рўзи таваллуд то охири умраш ба тарбият ниёз дорад. Дар мавзўи тарбият нашр шудани чунин китоби хонданӣ ташаббуси камназирест, зеро мураттибон дар маҷмўаи «Офтоби тарбият» беҳтарин мақолаву навиштаҳоро ҷамъоварӣ намудаанд.

Муовини сармуҳаррири нашрияи «Омўзгор»-и Вазорати маориф ва илм, яке аз мураттибони китоби мазкур Абдурауф Муродӣ қайд кард, ки халқи тоҷик табиатан гаравиш ба китоб доштаву ифтихораш ҳамеша аз китоб будааст, на аз ҷангу юришу тохтутоз… Китоби «Офтоби тарбият» яке аз далелҳои барҷастаи ин гуфтаҳост, ки бо заҳмати як гурўҳ равшанфикрону олимон ва қаламкашони  фарҳангдўст фароҳам оварда шудааст ва онро як мактаби тарбият ҳам агар гўем, хато нахоҳем кард. 

Адиб Абдурауф Муродӣ, рўзноманигор Сайфиддин Суннатӣ ва устоди ДДОТ ба номи С. Айнӣ Фирўза Худойдодова талош кардаанд, ки ин маҷмўа ҳар чӣ мукаммалтар бо зевари табъ ороста гардад.

Дар фарҷоми ҳамоиш хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и шаҳри Душанбе Шукрона Сайдализода ва Гулнора Ширинбекова дар мавзўи арҷгузории китоб ашъори дилпазир қироат карданд.

Сарсухани китоби «Офтоби тарбият» ба қалами доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Саймумин Ятимов тааллуқ дорад.

Дилафрўз Қурбонӣ,

«Омўзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш