Нашрияи Омӯзгор

Рамзи соҳибдавлатӣ

Сана: 2021-09-08        Дида шуд: 9        Шарҳ: 0

 

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ таҳти унвони “Истиқлол-рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандорӣ” баргузор гардид. Дар конференсия раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, кормандону устодон ва донишҷўёни донишгоҳ ширкат варзиданд. Нахуст меҳмонон дар даромадгоҳи маҷлисгоҳ дастовардҳои устодону донишҷўёни ин муассисаи бонуфузи касбии олиро тамошо намуданд.

Ректори ДДҲБСТ, профессор Муъмин Шарифзода иброз дошт, ки имрўз тамоми сокинони Ватани маҳбубамон дар фазои идона ва рўҳбаландии беназир аз дастовардҳои фараҳбахши соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро истиқбол мегиранд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар мавзўи “Истиқлол-нишони пойдории давлат ва бахту саодати миллат” баромад намуда, таъкид дошт, ки воқеан, соҳибистиқлолӣ рамзи саодату ҳувият, шарти бақои давлату миллат, нишонаи ифтихор ва номус буда, таҳти сиёсати ояндасози Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати фарҳангсолори тоҷик тақдири худро ба даст гирифта, роҳи пешрафти минбаъда ва сарнавишти ояндаи сарзамини биҳиштосои хешро мустақилона интихоб намуд.

Дар конференсия иштирокчии Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғаффорхон Муҳиддинов оид ба нақши иҷлосияи Шўрои олӣ дар таҳкими истиқлоли давлатӣ, мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ, дотсент Далер Дадоматов доир ба “Соҳибистиқлолӣ-заминаи рушди соҳибкорӣ” андешаронӣ карданд.

 

Нуъмон РАҶАБЗОДА,

“Омўзгор”

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш