Нашрияи Омӯзгор

Бахту саодати мо

Сана: 2021-09-08        Дида шуд: 13        Шарҳ: 0

 

9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон Истиқлоли худро эълон дошт. Кишварҳои мухталифи ҷаҳон давра ба давра Тоҷикистонро ҳамчун давлати мустақил эътроф намуданд. Ин сана барои миллати тоҷик муқаддас маҳсуб меёбад. Сокинони кишвари озоду ободи мо имрўз ифтихор доранд, ки 30 сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, ба шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардиданд.

Дар ибтидои Истиқлоли давлатӣ Худованд ба халқи тоҷик Сарвареро ато кард, ки миллату давлати моро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намуда, Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшида, дар роҳи рушду тараққии ҷомеа хидматҳои барҷаста намудаанд. Сарвари давлати тоҷикон пайваста тамоми кўшиши худро ба харҷ медиҳанд, то мардум зиндагии шоиста дошта бошанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар суханрониҳои хеш Истиқлолиятро бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик номида, аҳамияти ин масъалаи муҳимро пайваста хотиррасон менамоянд. Маҳз Истиқлол ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки ватани худро обод созем, асосҳои давлатдории миллии хешро ташкил ва таҳким бахшем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё намоем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумро ба роҳ монем.

Қаҳрамони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз қадамҳои нахустинашон ҷоннисории худро даҳҳо маротиба исбот намуда, бо дастгирии мардуми кишвар ба эҷоди давлати тозабунёд шарафёб гаштанд.

Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин намунаи давлатдорӣ иродату созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омўзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлолият нишони барҷастаи пойдории давлат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

Аз замони зуҳури истиқлол Тоҷикистон марому ҳадафи сиёсии худро эълон намуд, ки кишвари демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошад.

Тоҷикистонро шинохтани кишварҳои ҷаҳон далели равшании афкори хирадмандонаи роҳбарияти давлати тоҷикон аст. Тасдиқи рамзҳои давлатӣ, пули миллӣ, бунёди муассисаҳои фарҳангию тиҷоратӣ, сохтмонҳои азими кишвар боварии мардумро ба ояндаи дурахшон зиёд намуд. Имрўз ҳар як тоҷик аз он ифтихор менамояд, ки соҳиби ватани озод ва давлати мустақил аст.

Имсол дар Ҷумҳурии Тоҷикистони азизамон 30-солагии Истиқлолият бо тантана ҷашн гирифта мешавад, истиқлоле, ки ҷаҳонро ба ҳайрат ва душманони миллатро забонкўтоҳу варшикаста гардонда буд.

Мо дар арафаи ҷашни Истиклол қарор дорем ва мушоҳида кунем, ки Тоҷикистони азизамон даҳчанд зеботару шукуфонтар шуда истодааст. Бо ташаббуси Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон сохтмонҳои азим бунёд гардида истодаанд, аз ҷумла, заводҳои калони сементбарорӣ, истихроҷи тилло, НОБ-ҳо ва ғайра, ки ин ҳама маҳз самараи Истиқлол аст.

Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки истиқлол барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст. Дар ҳама ҳолат истиқлол озодии рўҳи инсон, бахту саодати миллӣ мебошад, ки ба шаҳрвандони кишвари мо неруи тоза бахшида, пояҳои давлатдорӣ ва худшиносию худогоҳии миллиро устувор намуда, Тоҷикистони азизамонро дар қатори дигар кишварҳои дунё муаррифӣ намуд. Имрўз ба шарофати соҳибистиқлолӣ озодии баён, соҳибихтиёрӣ, таъмини шароит барои зиндагии арзанда насиби мардумони мо гардид. Аз ин рў, фарорасии 30-солагии Истиқлоли давлатии кишварамон барои ҳар яки мо боиси фараҳу ифтихор мебошад.

 

Фирўза РАҲМОНОВА,

ходими хурди илмии

шуъбаи географияи АМИТ

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш