Нашрияи Омӯзгор

Марҳалаҳои таҳаввул

Сана: 2021-09-08        Дида шуд: 28        Шарҳ: 0

 

Соҳаи маориф яке аз соҳаҳои муҳими давлатдорӣ, пояи асосии рушди дигар соҳаҳо ва амнияти кишвар ба шумор меравад.

Аслан, рушди босуботи ҳамаи соҳаи мавҷудаи кишвар, аз ҷумла, соҳаи маорифро пас аз ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар кишвар аз 27 июни соли 1997 ҳисобидан равост. Бар асари даргириҳои дохилӣ, кўдакони зиёде ятиму бесарпаноҳ ва дур аз таълиму тарбия монда буданд.  Бо вуҷуди шароиту вазъияти вазнини иқтисодии кишвар, бо супориши Сарвари давлат дар аксари шаҳру ноҳияҳои ҷангзада мактаб-интернатҳо ташкил карда шуданд. Миқдори чунин мактаб-интернатҳо дар соли 1998  48 ададро ташкил медоданд, ки 13-тои он мақоми ҷумҳуриявиро доштанд.  Бинобар сабаби нобасомониҳои мавҷудаи он солҳо, сатҳи пасти зиндагӣ, набудани шароити номусоид, норасоии кадрҳои омўзгорӣ дар соли таҳсили 1997-1998  35% кўдакони синни мактабӣ ба таҳсил фаро гирифта нашуда буданд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки бо қарори раёсати Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 августи соли 1991 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» таҳия ва барои муҳокимаи умум пешниҳод гардид. Ба иллати сар задани ҷангҳои дохилӣ ва авзои ноороми ҳамонвақтаи ҷумҳурӣ, муҳокимаи санади мазкур бештар аз ду сол тўл кашида, бо қарори Иҷлосияи XVIII Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 1993 «Оид ба мавқеи иҷро гузоштани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» қабул гардид. Бо вуҷуди камбудию норасоиҳо ин нахустин қонуни миллӣ дар бораи маориф буд. Аз он ба баъд раванди низоми таълиму тарбия вобаста ба муқаррароти қонуни мазкур ба роҳ монда шуда, ба мазмуну муҳтавои маълумот ва барномаву нақшаҳои таълимӣ тағйирот ворид гардид. Зина ба зина таълими фанҳои «Алифбои ниёгон», «Таърихи халқи тоҷик», «Санъат ва меҳнат», «Асосҳои давлат ва ҳуқуқ», «Асосҳои иқтисоди бозаргонӣ», «Асосҳои техникаи кампютерӣ», «Маърифати оиладорӣ», «Экология»,  «Забони давлатӣ» дар муассисаҳои таълимӣ ҷорӣ гардиданд. 

Дастовардҳои соҳаи маориф дар давоми ин солҳо баёнгари воқеияти асланд. Масалан, агар дар соли таҳсили 1991-1992 дар кишвар 3229 мактаб бо фарогирии 1325400 нафар хонанда, ки 95000 омўзгор ба таълиму тарбияи онҳо машғул буданд, амал мекарданд, пас дар давоми 30 соли соҳибистиқлолии миллӣ теъдоди муассисаҳои таълимӣ ба 3911 адад (омори соли таҳсили 2020-2021) расонида шуд, ки тафовут 682 муассисаи нави таълимӣ аст. Миқдори хонандагон дар ин муддат ба 2 миллиону 108 ҳазору 942 нафар (783.542 нафар зиёд) расида, 130465 нафар омўзгорон машғули таълиму тарбияи онҳоянд.

Алҳол афзоиши ҳамасолаи хонандагони муассисаҳои таълимӣ ба қайд гирифта шуда, имсол 240 ҳазор нафар наврас бори аввал ба таълиму тарбия фаро гирифта шуданд.   

Дар давоми ин солҳо дар низоми маорифи кишвар дигаргуниҳои зиёд ба вуҷуд омада, дар низоми маориф мактабҳои типи нав, амсоли гимназия, литсей ва коллеҷҳо ташкил карда шуданд. Дар давоми соли таҳсили 1992-1993 ва соли таҳсили 1993-1994 дар ҷумҳурӣ дар навбати аввал 4 литсей-интернати муштараки тоҷикӣ-туркӣ ва баъдан теъдоди онҳо ба 6 адад расонида, ташкил карда шуданд, ки заминаи хуби моддию техникӣ дошта, хонандагонро аз рўи фанҳои риёзӣ, физика, химия, биология ва асосҳои техникаи компютерӣ ба забони англисӣ ба таҳсил фаро гирифтанд. Сатҳи дониши хонандагони чунин литсейҳо ҷавобгўи стандартҳои байналмилалии таҳсилот буд ва онҳо дар олимпиадаҳои байналмилалӣ иштирок карда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Аз соли таҳсили 1995-1996 сар карда, хонандагон дар синфҳои болоӣ бо дарназардошти қобилият ва майлу хоҳишашон аз рўи равияҳои таълимии ҷамъиятӣ-гуманитарӣ, риёзӣ-иқтисодӣ ва табиӣ дар синфҳои тафриқавӣ ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Бинобар сабаби он ки таҳсил дар мактабҳои ба ном типи нав аз мактабҳои муқаррарӣ ягон тафовуте надоштанд, яъне бо ҳамон барномаву нақшаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсии барои мактабҳои муқаррарӣ пешбинишуда, фаъолият доштанд ва хонандагон ҳам на бо назардошти қобилияту майлу хоҳиш, балки бо ба инобат гирифтани пардохти саривақтии маблағи таҳсил қабул мешуданд, бо фармоиши Вазорати маорифи вақти кишвар фаъолияти чунин мактабҳои ба ном типи нав  боздошта шуд.

Раванди таълимро агар дар чунин низоми соҳаи маориф дар қиёс ба солҳои охир гирем, тафовут хеле назаррас аст. Изҳори қаноатмандии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар Паём ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 дар хусуси он ки 97%-и хатмкардагони литсейю гимназияҳо ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ дохил мешаванд, пеши назар овардан кифоя аст. Қайд кардан ба маврид аст, ки айни замон дар ҷумҳурӣ 150 адад  литсейю гимназия (75-гимназия ва 75-литсей) фаъолияти босамар доранд.

 Бо мақсади огаҳии хонандагон аз навоварию навҷўиҳои замона компютеркунонии мактабҳои ҳамагонӣ оғоз шуда, барои татбиқи амалии он барномаи давлатӣ қабул карда шуд. Ба омўзиши забонҳои хориҷии русӣ, англисӣ, олмонӣ ва ғайра диққати бештар дода шуда, ҷиҳати азхуд кардани на камтар аз ду забони хориҷӣ «Барномаи давлатии такмили таълим ва омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ» қабул карда шуд. Бо ин мақсад масъулини соҳа вазифадор карда шуданд, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ба тайёр кардани омўзгорон ва мутахассисони самти техникаю технологияи компютерӣ ва забонҳои хориҷӣ диққати махсус зоҳир намоянд.

Дар ин давра собиқ хонаву қасрҳои пионерӣ ба марказҳои кўдакон ва наврасон табдил дода шуда, ба таъсиси марказҳои таҳсилоти иловагӣ ва маркази рушди истеъдодҳо таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Ҳамчунин, масъулини соҳа муваззаф гардонида шуданд, ки бо ҷалби бештари хонандагон ба гузаронидани озмунҳои гуногуни фанҳои таълимӣ дар сатҳи муассисаҳои таълимӣ, ноҳиявию шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ  чораҷўӣ намоянд. Моҳи феврали соли 2000-ум Созмони хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ вобаста ба зинаҳои таълимӣ бо номҳои «Ахтарон», «Ворисони Сомонӣ» ва «Сомониён» ташкил карда шуд, ки ба таври мутамарказ дар назди 84 маркази таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳо фаъолият доранд ва зиёда аз 1 миллиону 553 ҳазору 705 нафар хонандаро дар тобеияти худ муттаҳид кардаанд.

Илова ба ин, даҳҳо низомномаву консепсияву стратегияҳо, барномаҳои зиёди давлатӣ ва дигар намуди санадҳои меъёрӣ қабул шуда, дар танзими соҳаи маориф нақши муҳим гузоштаанд.

Ҷиҳати таъмини муассисаҳои таълимии деҳот бо кадрҳои омўзгорӣ бахусус, дар минтақаҳои дурдасти кишвар оғоз аз соли 1997 ҳамасола тариқи квотаҳои Президентӣ ба таври суҳбат ба 20 муассисаи таҳсилоти олии кишвар зиёда аз 20000 нафар донишҷў қабул карда шуданд, ки айни замон қисме аз онҳо дар истеҳсолот фаъолияти босамар доранд.

Бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои дурнамои сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ва иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» санадҳои зерқонунии зиёде дар шакли қонуну низомнома ва тартибу дастуру оиннома қабул карда шуда, мавриди иҷро қарор доранд.

Бо мақсади татбиқи низоми байналмилалии таҳсилот ва гузариши муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба тайёр кардани мутахассисони таҳсилоти олидор дар зинаҳои бакалавру магистр ва ҷалби онҳо ба зинаи навбатии докторантураи PhD ва тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи олии аттестатсионӣ таъсис дода шуд. Таъсиси комиссияи мазкур аз чанд ҷиҳат ба манфиати миллату давлат аст ва яке аз дастовардҳои бузурги Истиқлоли давлатӣ ба шумор меравад. Пеш аз ҳама, илму кашфиёт ва навҷўиву навовариҳои муҳаққиқони тоҷик ҳамчун сармояи бузурги миллӣ дар кишвар маҳфуз мемонанд ва ба нафъи миллату давлат хизмат мекунанд. Дигар ин ки, муҳаққиқони кишвар аз оворагиҳову сарсониҳо ва пардохти хароҷоти барзиёд озод шуданд. Муҳимтар аз ҳама, рисолаҳои илмӣ ба забони давлатӣ таҳия шуда, дар масъалаи эътирофи забони миллии тоҷикӣ ҳамчун забони илм саҳм мегузоранд.

 

 Раҷабалӣ САНГОВ,

Аълочии маориф ва

илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш