Нашрияи Омӯзгор

Истиқлол ва нашри китобҳои дарсӣ

Сана: 2021-09-08        Дида шуд: 68        Шарҳ: 0

 

Дар замони соҳибистиқлолии кишвар, дар баробари ҳалли масоили сиёсиву иқтисодӣ баҳри дигаргунсозии мазмуну моҳияти таълим, ворид шудан ба фазои ҷаҳонии таҳсилот ва шаклгирии мактаби миллӣ таваҷҷуҳи беандоза равона гардида, як силсила тадбирҳои назаррас анҷом дода шуд. Хусусан, таҳияи барномаву китобҳои дарсӣ ва адабиёти зарурии таълим, инчунин, рушди мактаби миллии китобнависӣ як саҳифаи дурахшон дар таърихи маорифи мо дар замони соҳибистиқлолӣ дониста мешавад. 

Дарвоқеъ, асоси ҳама гуна ислоҳоту навгонӣ дар соҳаи маориф ва беҳтар шудани сифати таҳсилот ба таҳияи китобҳои дарсӣ ва адабиёти таълимии ба талаботи стандарти таҳсилот мутобиқ вобаста аст. Дар зарфи 30 соли соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳбуди ҳолати таълимгоҳҳо, таълифи барномаву китобҳои дарсӣ, мураттабу омодасозии дастуру воситаҳои ёвари таълимӣ тадбирҳои зиёде роҳандозӣ шуд. Натиҷаи ин тадбирҳост, ки имрўз дар сохтори вазорат Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ фаъолият дошта, робитаи вазорат бо муаллифону мураттибони китобҳои дарсӣ вусъат ёфта, нақшаву барномаҳои таълим пурра бознигарӣ шуда, барнома ва китобҳои дарсии насли нав рўйи чоп омаданд. Дар баробари ин, Шўрои миллии таҳсилот (ШМТ) ҳамчун ниҳоди ҷамъиятӣ, ки масъалаҳои вобаста ба такмилу таҷдиди адабиёти таълимиро ба танзим медарорад, таъсис шудааст. Дар сохтори ШМТ гурўҳҳои ҳамоҳангсози барнома ва китобҳои дарсӣ барои ҳар як фан амал карда, китобҳои дарсӣ ва воситаҳои таълимиро қабл аз тавсия шудан ба чоп пурра аз лиҳози мутобиқ будан ба хусусиятҳои педагогиву синнусолӣ арзёбӣ мекунанд. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо назардошти нашри такрорӣ 702 номгўйи китоби дарсӣ ба миқдори 46 млн 618 ҳазору 432 нусха ба маблағи  377 млн 206 ҳазору 85 сомонӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ зина ба зина нашр ва дастрас гардонида шуда, ин раванд ба ҳамин тартиб ҳамасола идома меёбад.

Дар раванди ислоҳоте, ки давоми даҳсолаи охир дар низоми маорифи кишвар анҷом шуд, бо назардошти пешрафти бемайлони илм дар нақшаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд фанни нав, аз қабили табиатшиносӣ (олами атрофи мо) дар синфҳои 1-ум, 2-юм, 3-юм, 4-ум, таърихи дин дар синфи 9-ум; география дар синфҳои 10-ум ва 11-ум, маърифати оиладорӣ дар синфи 10-ум, асосҳои иқтисодиёт дар синфи 11-ум ворид гардида, барои ҳар кадоми онҳо бори нахуст барномаи таълим ва китобҳои дарсӣ таълиф карда шуд.

Нашри бонизоми китобҳои дарсӣ, аз як тараф, ба маблағгузории соҳа, тартиби дурусти таҳияву нашр, аз ҷониби дигар, ба донишу маҳорати муаллифону таҳиягарони китобҳои дарсӣ вобаста аст. Рушди мактаби миллии китобнависӣ дар шароити таҳаввулоти ҷаҳонии илму техника ва сифати нави таҳсилот тақозо мекунад, ки китоби дарсӣ барои дарки воқеият, ташаккули ҷаҳонбинӣ ва диалектикии таълимгирандагон мусоидат намояд ва ҳамбастагии мантиқии илмҳои замонавиро таъмин намуда, ба принсипҳои башардўстонаи ҷараёни таълим мувофиқ бошад ва аз лиҳози мантиқӣ ва дидактикӣ пай дар пай ва муттасил баён шудани мазмуни маълумотро фаро гирад. Ҳарчанд давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар як гурўҳи бонуфузи муаллифон барои таҳияву таълифи китобҳои дарсӣ таҷриба андухтанд, вале идомаи роҳи устувори ҳамин мактаб то ҷое норўшан аст. Ба таври мисол, сол ба сол синну соли қисми зиёди муаллифони китобҳои дарсӣ зиёд шуда, баъд аз чанд соли наздик онҳо дигар ҳамон энтузиазм (ҳавсала)-еро, ки ҳоло доранд, аз даст хоҳанд дод. Мутаассифона, тарбия кардани насли ҷавон барои идомаи ин роҳ чандон ба назар намерасад.  Бинобар ин зарур аст, ки шурўъ аз имрўз барои ҷалб кардан ва омўзонидани муаллифони китобҳои дарсӣ аз ҳисоби олимон ва методистони ҷавон тадобири муҳимме рўйи даст гирифта шавад.

Мушкили дигар, ки боиси камтаваҷҷуҳии аксар муаллифон барои навиштани китобҳои дарсӣ мегардад, кам будани ҳаққи қалам аст. Барои як ҷузъи чопии нашрӣ қонунгузории кишвар 297 сомонӣ (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми августи соли 2006, №351) муқаррар кардааст. Аммо Вазорати маориф ва илм бо назардошти беқурбшавии асъори миллӣ ҳудуди 500 сомонӣ ба муаллифон барои ҳар як ҷузъи чопии асар ҳаққи қалам пардохт мекунад, ки ин ҳам чандон муаллифонро қонеъ намекунад. Барои муқарризон ҳам, ки ба ҳусну қубҳи дастхати адабиёти таълимӣ баҳо медиҳанд, умуман музди меҳнат пардохт намешавад. Ин омил бештари вақт боиси сарсарӣ ва рўякӣ арзёбӣ шудани дастхати китобҳои дарсӣ аз ҷониби экспертҳои муассисаҳои дахлдор мегардад. Аз ин рў, барои боз ҳам вусъат ёфтани раванди таҳияи китобҳои дарсии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта қабул шудани марҳалаи дуюми Барномаи давлатии таҳия ва нашри китобҳои дарсӣ амри зарурӣ мебошад.

Фаридун РАҲМОНЗОДА,

сармутахассиси Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш