Нашрияи Омӯзгор

Пояндаву безавол

Сана: 2021-09-08        Дида шуд: 14        Шарҳ: 0

 

Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст. Сӣ сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихи сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад: Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Ин ҳодисаи фараҳбахш аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқўъ пайваст ва 9 сентябр расман Рўзи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шуд.  Аз ҳамон вақт то имрўз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб мешавад.

Даврони  истиқлол барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрўзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сўи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлол барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаву бунёдкорона, азму талошҳои халқпарварона, рушдбахшии иқтисод ва  фарҳангро омўзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлол нишонаи барҷастаи пойдории давлат, бақои  миллат, рамзи асолату ҳувият, ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

Имрўз мо ифтихор дорем, ки сӣ сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлоли воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият  соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардидем.

Ҳодисаву воқеаҳои пурошўби ибтидои солҳои 90-ум водор намуд, ки оид ба масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ, нигоҳ доштани оромии ҷомеа пойдории сулҳу субот ва таҳкими истиқлолияту ҳифзи дастовардҳои он андеша кунем, ки ин ҳама як қисми таркибии сиёсати давлати мо маҳсуб мешаванд.

Пас аз гузаштани солҳо ва  ба даст овардани комёбиҳои назаррас метавонем чунин хулоса кунем: давраи навини давлатсозию давлатдории мустақилона моро водор сохт, ки роҳи ислоҳоти иқтисодӣ, дигаргун сохтани шакли моликият, ташаккули иқтисодиёти миллӣ ва сохторҳои нави идоракунии онро пеш гирифта, барои густариши  муносибатҳои бозоргонӣ ва пайвастани низоми иқтисодии Тоҷикистон ба набзи иқтисоди ҷаҳонӣ роҳ кушоем.

Мақсади асосии низоми демократӣ дар ҷомеаи мо, пеш аз ҳама, таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, фароҳам овардани шароит барои меҳнат ва зиндагии осуда, волоияти қонун, пойдории адолат ва иштироки фаъол дар идоракунии давлат мебошад, ки ба анъанаву суннатҳои давлатдории миллӣ арзишҳои ахлоқиву фарҳангии миллат ва дастовардҳои тамаддуни башарӣ такя мекунад.

Соли равон бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон садҳо иншооти бошукўҳ бунёд карда шуд. Тавассути истиқлол Тоҷикистон тоҷикони ҷаҳонро бо ҳам овард ва дари худро ба ҳаммиллатони бурунмарзӣ боз намуд.

Самараи неки истиқлол аст, ки имрўз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон манбаи омўзиши тамоми сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки ин боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди ҷумҳурист. Мо бояд аз ин миллати барўманд биболему барои боз ҳам ободу шукуфо гаштани он кўшишу ғайрат намоем.

Аз файзи ин иди фархунда миллат  ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар бештар осудаву саодатманд хоҳад шуд.

Сулҳу ваҳдату истиқлоли Тоҷикистон ҳамеша пояндаву бе-завол хоҳад монд.

Муқаддас АБДУЛЛОЕВА,

омўзгори синфҳои ибтидоии МТМУ №8-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш