Нашрияи Омӯзгор

Ифтитоҳи маркази соҳибкорӣ

Сана: 2021-09-13        Дида шуд: 6        Шарҳ: 0

 

Дар шаҳри Хоруғ Маркази соҳибкорӣ ифтитоҳ шуд. Дар мавриди баҳрабардорӣ қарор додани маркази соҳибкории мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ муовини раиси вилоят Иматшозода Анвар Иматшо, Сабине Олтов, директори минтақавии ташкилоти ҳамкории Олмону Тоҷикистон, Диловар Буттабеков, директори мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори Осиёи Марказӣ, Хуҷамёр Хумориков, менеҷери минтақавии Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кўҳистон дар вилоят ва дигар иштирокдорон бо дастоварду ҳунарҳои соҳибкорон шинос гардиданд.

Директори ММКД-и ДОМ Диловар Буттабеков дар назди ҳозирин оид ба дастовардҳои таълимгоҳ ҳарф зад. Ректори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ Суҳайл Нақвӣ ба тариқи онлайн ҳозиринро ба таъсиси марказ табрик гуфта, аз ҷумла қайд намуд:

- Ин маркази соҳибкорӣ дар Хоруғ аз дониш ва маҳорати инсонӣ истиқбол хоҳад кард. Он ба одамон дар амалӣ намудани идеяҳояшон кумак мекунад. Онҳо дар ин ҷо оид ба иқтисод, кор кардан бо мардум, роҳандозии ширкат, тарзи иҷро кардани қонунгузориҳои андоз, маҳдудиятҳои иҷтимоӣ ва пайдо кардани роҳи ҳалро меомўзанд.

Ҷ,Қозибеков,

 «Омўзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш