Нашрияи Омӯзгор

Тоҷикистон хонаи ободи мост

Сана: 2021-07-22        Дида шуд: 26        Шарҳ: 0

 

 

То ҷашни 30 – солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз як моҳ мондааст. Дар тӯли ин  марҳилаи начандон дури таърихӣ мо, халқи тоҷик,  ба як қатор дастовардҳои бузургу шоиста муваффақ шудем. Далели ин гуфтаҳо бунёди нақбу кӯпрукҳо, корхонаҳои бузурги саноатӣ дар манотиқи мухталифи кишвар, неругоҳҳои барқии обӣ, инкишофи хоҷагии халқ ва сохтани марказҳои варзишӣ баҳри беҳдошти вазъи солимии ҷомеа, ифтитоҳи литсейю гимназияҳо ва дигар иншооти ҳаётан муҳим  мебошанд.

Бояд мо, соҳибони ин марзи аҷдодӣ,  қадри чунин неъматҳои бузургро, ки тавассути онҳо ба муроду мақсади азалии хеш мерасем, бидонем ва баҳри ҳифзу пойдории он доимо дар талош бошем.

Яке аз самтҳои афзалиятноки ҳаёти ҷомеаи мо соҳаи маориф ба ҳисоб меравад. Пешравии кулли соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла, илму фарҳанг, варзишу  тандурустӣ, саноату кишоварзӣ ба инкишоф ва болоравии соҳаи маориф пайванди ногусастанӣ дорад. Ин аст, ки ҳамасола барои пешравии соҳаи маорифи кишвар маблағҳои зиёде сарф мегардад. Зина ба зина зиёд намудани маоши кормандони соҳаи  маориф, ғамхорӣ ва қадрдонии заҳмати омӯзгорон, фароҳам овардани шароити зарурӣ баҳри пешравии сифати таълиму тарбия, дар мактабҳо баланд бардоштани мақому мартабаи омӯзгор   натиҷаи сиёсати оқилона ва хирадмандонаи Роҳбари давлат аст. Аз ин рӯ, мо - омӯзгоронро зарур аст, ки баҳри болоравии сифати таълиму тарбия дар мактабҳо фаъолияти бештар дошта бошем.

Бояд ҷавононро дар рӯҳияи волои маърифату хиради созанда, дӯст доштани Ватан, эҳтироми арзишҳои миллӣ, ҳифзи сарзамини аҷдодӣ, таҳкими сулҳу суботи кишвар ва хизмати содиқона ба Ватан тарбия намоем. Дониста бошем, ки тақдири фардои миллат, ояндаи ҷомеа бар дӯши насли наврас ва ҷавононе, ки имрӯз дар паси партаҳои мактабӣ ва курсиҳои донишҷӯйӣ нишастаанд, вогузор гурдидааст. Ҷавононро бояд ҳамчун неруи пешбар ва созанда, такягоҳи боэътимод баҳри дифои кишвар, муҳофизати дастовардҳои даврони истиқлол ва ваҳдати миллӣ сафарбар намоем.

Дар ин масъала ҳамкориро бо аҳли ҷамоатчигии ҷомеа, алахусус, бо падару модарон бояд ҷоннок намуд. Бояд коре кард, то миллат ва ҷумҳурии худро аз ҳама қувваҳои бадхоҳ ҳифз бинамоему дигарон моро низ чун  ҷомеаи мутамаддин дар арсаи байналмилалӣ бишиносанд.         

Зуҳро БАБАЕВА,

омӯзгори синфҳои ибтидоии

мактаби рақами 78,

ноҳияи Фирдавсӣ   


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш