Нашрияи Омӯзгор

Ваҳдат - саодати миллат

Сана: 2021-07-22        Дида шуд: 20        Шарҳ: 0

 

Аз он рӯзе, ки миллати тоҷик пас аз муноқишаҳои мусаллаҳонаву даргириҳои хунин ба ҳам омад ва созиш кард, 24 сол сипарӣ гардид. Бо баракати Истиқлол ва Ваҳдати миллӣ мардуми шарифи Тоҷикистон кишварро ободу зебо гардонда, ба айёми нек расиданд. Ба ёд овардани он рӯзҳои шум барои мани пир, ки он вақт омӯзгор будам, бисёр дарднок аст. Он замон ҳеч кас ором набуд, шунидани ҳодисоти минтақаҳои даргир хурду калонро ноором мегардонд.

Имрӯзҳо, ки дар фазои амну осоиштаи кишвари ҷоноҷонам зиндагӣ мекунам, ба фарзандону ҷавонон, набераву абераҳоям аз аҳамияти бузурги таърихии Ваҳдат мегӯям, барояшон мисолҳо меорам, то дар бораи  неъматҳои даврони нав тасаввуроти комил пайдо намудаву онҳоро ҳифз карда тавонанд. Дар ҳақиқат, он замон рӯзгори сиёҳу нангине бар сари мардуми омада буд. Тарсу ваҳшат вуҷуди касро ба ларза медаровард.

Таҷрибаи рӯзгор нишон медиҳад, ки хонавода беҳтарин муҳити баҳамоӣ буда, талқини он вазифаи ҳар яки мост. Агар ваҳдатро дар хонавода, дар маҳалла ва дар ҷомеа ташкил ва ҳифз карда тавонем, моро дигарбора касе шикаст дода наметавонад. Модомки  чунин аст, фарҳанги сулҳпарварии давлатро, ки бо иқдоми Сарвари кишвар шуҳрат ёфтааст, бояд дар зеҳни ҳар кӯдаку ҳар ҷавон барҷову устувор гардонем. Ҷавонон бояд донанд, ки Ваҳдати миллӣ, сари як дастархон ҷамъ омадан ва оштӣ кардан ба осонӣ ба даст наомадааст...

Имрӯз синну солам ба ҷое расидааст, ҳунари ба интернет даромадану истифода бурдан аз онро надорам, аммо мешунавам, ки дар ин майдон бо беҳудагӯиҳо баъзе носипосон мехоҳанд ба ҳамдилии мардуми мо халал ворид кунанд. Ин қабил нокасон ҳатто аз ҳамин вабои ҳамагир (Ковид-19), ки сайёраро ба ларза дароварда, ҳамарӯза одамонро ба коми худ фурӯ мебарад, ғаразнок истифода мебаранд. Бовар кардан ба ҳарфҳои ашхоси ба ном “ғамхор”-и миллату Ватан, ки аз дур воҳима мекунанд, тамоман дуруст нест. Онҳо бояд хуб фаҳманд, ки мардуми моро дигар касе фиреб карда наметавонад.

 

Талбак КАМОЛОВ,

собиқадори маориф

аз шаҳри Роғун


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш