Нашрияи Омӯзгор

Хизмат дар Артиши миллӣ ифтихор аст

Сана: 2021-07-22        Дида шуд: 51        Шарҳ: 0

 

Аввалин қисмҳои Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар асоси ба амал тадбиқ намудани қарорҳои Иҷлосияи тақдирсози миллат-Иҷлосияи ХУ1 ШО ҶТ ташкил шуда, барои  мустаҳкам намудани  сохти давлат ва давлатдорӣ,  таъмини муҳофизати  ҳаёти бунёдкоронаю созандагии меҳнаткашони  кишвар Артиши миллӣ  саҳми беандоза мегузорад.

Бо Қарори Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 18 декабри соли 1992, № 3 «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» - 23 феврал Рӯзи Артиши Миллӣ қабул шуд. Аз 3 ноябри соли 1992 дар пойгоҳи техникии геологӣ коллеҷи олии ҳарбии фармондеҳӣ-муҳандисӣ ташкил карда шуд ва гурӯҳи аввалини донишҷӯёни шомилшуда ба коллеҷи мазкур бори нахуст, 23 феврали соли 1993 нахустин намоиши Артиши миллӣ доир ва  савганди ҳарбӣ ёд карда шуд. То соли 1997 Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ аз 3 қисмат: Қӯшунҳои хушкигард, қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ иборат буд. Ҳоло бо Қӯшунҳои зуд-амал (таркибаш қисмҳои низомии десантӣ, тирандозони кӯҳӣ, қисмҳои таъйиноти махсус, полки муҳандисӣ-сапёрӣ ва як қатор ҷузъу томҳои дигар шомил гаштанд), литсейи ҳарбӣ, Донишкадаи ҳарбӣ, полки комендантӣ, қисмҳои ҳарбии таъминотӣ ва дигар идораҳо фаъолият мебарад.

Артиши миллии кишвар барои мустаҳкам кардани муносибатҳои байналмилалӣ эътибори махсус медиҳад. Дар сиёсати хориҷӣ  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари пешбарандаи сулҳҷӯёнаву созанда эътироф гардида, эътибор пайдо кардааст. Ба шарофати сиёсати “дарҳои кушода”, ки ҷавҳари равобити байналмилалии Тоҷикистонро  ташкил медиҳад, рушди  тавсеаи ҳамкориҳои  минтақавӣ ва таҳкими амнияту субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ  яке аз рукнҳои бунёдии сиёсати хориҷии давлати  моро ташкил медиҳад. Тоҷикистон кӯшишҳои ҳукумати Афғонистонро  ҷиҳати дарёфти роҳҳои  сулҳомези ба эътидол овардани вазъи сиёсиву низомӣ ва таъмини рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии он  ҳамаҷониба пуштибонӣ мекунад.

Дар солҳои истиқлолият дар таркиби Артиши миллӣ қисмҳои пиёдагард, сарҳадӣ, артилерӣ,  ҳавоӣ - ҳарбӣ ва ғайраҳо ташкил карда шуда, бо яроқу воситаҳои ҳарбии замонавӣ таъмин карда шудааст, ки дар он мутахассисони касбӣ фаъолият мебаранд, аз ҷиҳати мазмун ва моҳият бо талаботи стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгар мебошад.

Артиши миллии Тоҷикистон артиши  сулҳпарвар мебошад. ҶТ робитаҳои муассиру самарабахш ва созандаи худро бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, шарикони рушд ва ниҳодҳои бонуфузи молиявӣ ҳамкориҳои судманд дорад.

Дар асоси пешниҳоди Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои гуногуни низомӣ вазифадор карда мешаванд, ки риояи низоми ҳарбӣ, низоми тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳо, идоракунии ҷузъу томҳои ҳарбӣ, огоҳсозӣ ва робитаи байниҳамдигариро доир ба вазъи фаврӣ пайваста такмил дода, ба масъалаи ҳифзи амнияти инфрасохтори низомӣ ба таври ҷиддӣ муносибат намоянд. Хизмат кардан дар Артиши миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарзанди  фарзонаи  мамлакатамон мебошад.

Сафар Эркаев,

дотсенти  ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш