Нашрияи Омӯзгор

Луғат ва забономӯзӣ

Сана: 2021-07-22        Дида шуд: 21        Шарҳ: 0

 

 

Дараҷаи луғатдонии хуб ба мо имконият медиҳад, ки чор унсури асосӣ: гӯш кардан, гап задан, хондан ва навиштанро бо маром иҷро кунем.

Дар омӯзиши тамоми забонҳо дараҷаи луғатдонии фаъол (актив) ва нофаъол (пассив)-ро аз ҳам фарқ мекунанд.

 - Ба луғатҳои фаъол (актив) гурӯҳи калимаҳое дохил мешаванд, ки мо онҳоро ҳамарӯза дар нутқи шифоҳӣ ва дар вақти навишт истифода мебарем.

- Ба гурӯҳи калимаҳои нофаъол (пассив) бошад, ҳамон калимаҳое дохил мешаванд, ки мо онҳоро мехонем, гӯш мекунем, аммо дар вақти гуфтугӯ ва навишт истифода намебарем. Одатан, гурӯҳи луғатҳои нофаъол нисбат ба гурӯҳи луғатҳои фаъол бисёртаранд.

Ҳам луғатҳои фаъол ва ҳам луғатҳои нофаъол ба мову шумо хеле заруранд, аммо вақте нишондиҳандаи луғатҳои фаъол нисбат ба луғатҳои нофаъол ҳадди ақал 1% (фоиз) зиёд бошад, ин ба пешравӣ ва аз бою ғанӣ гардида истодани базаи луғавии мову шумо шаҳодат медиҳад. Аз рӯи нишондодҳои оморӣ маълум шудааст, ки ҳамарӯза мо зиёда аз 2000 калимаи (луғатҳои) нофаъол (пассив) ва 1000 калимаи (луғатҳои) фаъол (актив)-ро истифода мебарем.

Се гурӯҳи махсуси луғатҳои фаъолро аз ҳам фарқ мекунанд: 1. Луғатҳои маъмул (серистеъмол) – ба ин гурӯҳи луғатҳо калимаҳое дохил мешаванд, ки мо онҳоро дар рӯзгори ҳаррӯза истифода мебарем, онҳо хеле сода буда як мафҳумро ифода мекунанд. Ба мисли ,,навиштан”, ,,об”, ,,ранг” ва ғ. 2. Луғатҳои омӯзишӣ (маъмулӣ, якчандмаъногӣ) – ба ин гурӯҳ калимаҳое дохил мешаванд, ки сермаъно ҳастанд ва дар якчанд соҳа истифода мешаванду дорои якчанд муродиф (синоним) мебошанд. Аз нафаре, ки ин гурӯҳи калимаҳоро истифода мебарад, талаб карда мешавад, ки маънии асосии калимаро ба шунавандааш возеҳ фаҳмонад. Мисол: равшан, пурнур, тобон, мунаввар, ҷилодор (ҳамаи ин калимаҳо ба ҳам муродиф (синоним) ҳастанд, аммо ҳар як ҷои гуфт ва истифодаи худро доранд). 3. Луғатҳои истилоҳӣ – ба ин гурӯҳ калимаҳое дохил карда мешаванд, ки серистеъмол ҳастанд, якчанд маънӣ доранд ва мафҳуми зиёдро ифода мекунанд. Ин гурӯҳи калимаҳо, асосан, дар китобҳо (хоҳ дарсӣ ва хоҳ бадеиву илмӣ) истифода мешаванд. Аз қабили: дар забони тоҷикӣ – исм, сифат, феъл ва ғ. дар математика – зарб, муодила, масъала ва ғ. Намунаи дараҷаи луғатдонии (бояд донанд) кӯдакон дар синну солҳои гуногун аз рӯи ҷадвали тадқиқотчии маъруф Г.Д. Уятхерст:

 

Синну соли кӯдак (сол)

Намунаи луғатдонӣ (ҳадди ақал)

1

5-9 калима

1,5

20-40 калима

2

50-200 калима

3

800-1000 калима

3,5

1100 калима

4

1600-1900 калима

5

1900-2200 калима

6-7

3500 калима

7-10

аз 5000 то 10000 калима

 

 

Ин ҷадвалро дар тамоми соҳаи забоншиносӣ (дар омӯзиши ҳамаи забонҳо) истифода бурдан мумкин аст. Барои мисол, вақте волидайн дар муҳити оила ба фарзанди худ дар 6-7 солагӣ 100-200 - то калимаи забони модариашро гуфта, онро истифода баранд ва вақте ҳадди ақал 80- 100 адад калимаи дигар забон (аз қабили русӣ, англисӣ ва ғ.)-ро дар давоми ин муошират ба фарзанди худ омӯзонанд, фарзанди онҳо дар оянда на танҳо донандаи як забон, балки ҳамчун донандаи якчанд забон ба воя мерасад. Албатта вақте сухан дар бораи базаи луғавӣ (дараҷаи луғатдонӣ, забономӯзӣ) меравад, як чизро бояд қайд кард, ки луғат танҳо калимаро ба забони дигар тарҷума кардан набуда, балки ҳар як калимае, ки якчанд мафҳумро ифода мекунаду дорои якчанд муродиф (синоним) ва омоним аст, ба ҳисоб меравад.

Луғатомӯзӣ (лексикон) нозукиҳои зиёде дорад ва тарзи дурусти истифодаи онҳо дар раванди таълим натиҷаи назаррас ва дилхоҳ хоҳад дод.

Умедбахт Ҳоҷибеков,

омӯзгори забони англисии мактаби №19-и ноҳияи Зафаробод


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш