Нашрияи Омӯзгор

Аёният дар дарси математика

Сана: 2021-07-22        Дида шуд: 67        Шарҳ: 0

Олими бузург Я. А. Каменский ҳамчун асосгузори омили  аёниятнокӣ онро дар асари мондагори худ - «Қоидаи тиллоии дидактика» чунин шарҳ додааст: «Аҳамият надодан ва ё вайрон кардани қоидаи тиллоии дидактика ба инкишофи тафаккури хонандагон монеъ шуда, таълимро бо формализм ва схоластика оварда мерасонад».

Равоншиносон муайян кардаанд, қобилияти қабулкунии чашми инсон (биниш) назар ба гӯши ӯ (шунавоӣ) 100 маротиба бештар аст. Ба ҳамин хотир, омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ дар вақти дарсу машғулиятҳо аз воситаҳои аёнӣ васеъ истифода мебаранд. Бояд таъкид кард, ки онҳо бояд мутобиқ ба талабот ва хусусиятҳои синнусолии хонандагони хурдсол омода шаванд. Дар синфҳои ибтидоӣ барои омӯзиши фанни математика чанд намуди воситаҳои аёнӣ: расму тасвирҳо, диофилмҳо, диопазитивҳо, асбобҳои ҳисобкунӣ, ҷадвалҳои таълимӣ ва ғайра истифода бурда мешаванд, ки ҳамаашон ба хонандагон шиносанд.

Ҷадвалҳоро аз рӯи тарзи истифодабарияшон ба 4 гурӯҳ ҷудо мекунанд:

а) Нишонаҳои муайян;

б) Инструктивӣ;

в) Машқдиҳӣ;

г) Маълумотдиҳӣ.

Ба асбобҳои ҳисобкунӣ ҳисобкунак ва қуттии математикӣ дохил мешаванд. Ҳисобкунакро дар вақти нумератсияи ададҳо истифода мебаранд. Қуттии математикӣ ба мисли кубик сохта мешавад. Асбобҳои ченкуниро дар раванди таълим ҳамчун воситаҳои ёридиҳанда дар вақти омӯзиши ченак истифода мебаранд.

Диопазитивҳо дар экран намоиш дода мешаванд. Онҳо дар пластинкаи шаффоф тасвир шудаанд. Диопазитивҳоро доир ба ҳар як бахши дарс ва мавзӯъҳои математикӣ тайёр мекунанд.

Яке аз воситаҳои дигари аёнӣ диограмма мебошад. Диограммаҳо аз якчанд навъ иборатанд: хаттӣ, қаторӣ, лентаӣ ва секторӣ. Дар синфҳои ибтидоӣ, асосан, диограммаҳои қаторӣ, лентаӣ ва хаттӣ истифода мешаванд.

Воситаҳои аёниро хонандагон бо роҳбарии омӯзгор месозанд, ки ин хеле муфид аст. Хонандагон чунин воситаҳоро худашон омода карда, аз раванди сохтани он ҳаловат мебаранд ва ҳамзамон, дониши худро мукаммал менамоянд.

Дар математика воситаҳои аёнӣ таркибӣ низ мешаванд. Воситаҳои аёнии таркибӣ назар ба воситаҳои аёнии ғайритаркибӣ афзалиятноканд, чунки ҳангоми истифода бурдани онҳо хонандагон дар бораи ҳар як адад тасаввуроти муайян ва амиқ ҳосил карда, муносибатҳои байни ададҳоро низ маълум мекунанд. Масалан, дар натиҷаи якчанд маротиба дар чут ҷудо кардани ададҳои даҳии якум дар шуури хонандагон образи ҳар як адад нақш мебандад, ки ин барои хубтар аз худ кардани қатори ададҳо, муносибати байни ададҳо ва ҳатто, таркиби онҳо мадад мерасонад. Воситаҳои аёниро на барои ҳосил кардани натиҷаи ҳисоб, балки барои осон кардани тарзи иҷрои амалҳо истифода мебаранд. Агар асбоб фақат барои ҳосил кардани натиҷаи ҳисоб хизмат кунад, он гоҳ натиҷаи мусбат намедиҳад.

Фирӯза Абдураҳмонова,

омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби №124-и ноҳияи Фирдавсӣ    


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш