Нашрияи Омӯзгор

Муаррифии муовини вазир

Сана: 2021-04-28        Дида шуд: 57        Шарҳ: 0

 

27-уми апрели соли равон дар толори Вазорати маориф ва илм бо иштироки Сатториён Матлубахон Амонзода – муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳаммадюсуф Имомзода – вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони вазир, сардорони раёсату шуъба ва роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат ҷамъомад баргузор гардид, ки дар он муовини нави вазири маориф ва илм муаррифӣ шуд.

 

Дар оғоз М. Сатториён Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи муовини вазири маориф ва илм таъйин гардидани Ғанизода Гулчеҳра Самӣ қироат карда, дар иҷрои вазифаи хизматӣ ва рушди соҳа муваффақият таманно намуд.

М. Имомзода зимни суханронӣ барои сазовор шудан ба боварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таъйин шудан ба вазифаи муовини вазири маориф ва илми кишвар Гулчеҳра Ғанизодаро табрик намуда, иброз дошт, ки минбаъд низ дар якҷоягӣ бо муовини тозатаъйин ва умуман, кормандони вазорат барои расидан ба ҳадафҳои олии роҳбарияти Давлату Ҳукумати кишвар талош хоҳанд кард.

Ҳамчунин, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назирӣ Латофат Қаҳор бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардид. Бояд гуфт, ки дар ин вазифа Латофат Назирӣ фаъолияти густурда ва доманадор дошта, дар рушду пешрафти соҳаи маориф хидмати шоиста кардааст. Мавсуф барои саҳми арзанда дар инкишофи соҳа бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шуд.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш