Нашрияи Омӯзгор

Ғанизода Гулчеҳра Самӣ, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сана: 2021-04-28        Дида шуд: 124        Шарҳ: 0

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

аз 27 апрели соли 2021 №136

ш. Душанбе

Дар бораи муовини вазири маориф

ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

таъйин намудани Ғанизода Г.С.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ғанизода Гулҷеҳра Самӣ муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин карда шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии

Тоҷикистон                              Эмомалӣ Раҳмон

Ғанизода Гулчеҳра Самӣ 13.12.1969 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Ӯ соли 1992 Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзодаро аз рӯйи ихтисоси  забон ва адабиёти рус  хатм кардааст.   Фаъолияти кории мавсуф аз соли 1987 ҳамчун мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №1-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе оғоз ёфтааст. Сипас, дар вазифаҳои  мутахассиси шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе (1992-1997), муовини директор оид ба корҳои таълиму тарбия дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №49-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе (1997-2000), мутахассиси дараҷаи аввали ҳукумати ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе (2000-2004), директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе (2004-2016), мутахассиси шуъбаи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи шаҳри Душанбе (2016), мудири шуъбаи таъминоти методии раёсати маорифи шаҳри Душанбе (2016-2017), сармутахассиси раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2017), муовини директор оид ба корҳои таълиму тарбияи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21-и ноҳияи Шоҳмансур (2017-2019), муовини директор оид ба корҳои таълиму тарбияи гимназияи №74-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе (2019-2020) ва директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №34-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе (2020- 2021)  кор кардааст.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 27 апрели соли 2021, №136) Ғанизода Гулҷеҳра Самӣ муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш