Нашрияи Омӯзгор

Фаъолияти вазорат густариш меёбад

Сана: 2021-04-28        Дида шуд: 21        Шарҳ: 0

 

22-юми апрели соли 2021 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илм оид ба фаъолияти вазорат дар се моҳи аввали соли 2021 баргузор шуд.

Дар мушовара Муҳаммадюсуф Имомзода - вазири маориф ва илм, муовини якум, муовинони вазир, сардорони раёсату шуъба, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, сардорони сарраёсат, раёсат, мудирони шуъбаҳои маорифи вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони як қатор муассисаҳои таълимӣ бевосита ва сардори раёсати маорифи ВМКБ аз тариқи онлайн ширкат варзиданд.

Дар оғоз М. Имомзода қайд кард, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2021 фаъолияти худро дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи кори Вазорати маориф ва илм, консепсияҳо, стратегияҳо, барномаҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ба роҳ монда, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарор ва нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илм корҳои назаррасро ба анҷом расонид.

Муҳаммаддовуд Саломиён - муовини якуми вазири маориф ва илм вобаста ба фаъолияти вазорат дар семоҳаи якуми соли 2021 ҳисобот дод. Мавсуф фаъолияти муассисаҳои тобеъ дар самти илм ва инноватсия, равобити байналмилалӣ, таъминоти муассисаҳо ба кадрҳои омӯзгорӣ, аз аттестатсия гузаронидани омӯзгорон, таъминоти муассисаҳои таълимӣ бо китобҳои дарсӣ ва пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ аз ҷониби раёсату шуъбаҳои маориф, иҷрои Барномаи давлатии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаҳои илму маориф”, фаъолияти хадамотҳои методӣ дар иҷрои Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, фарогирии кӯдакон дар зинаи таҳсилоти томактабӣ, назорати сифати таҳсилот ва азхудкунии барномаи таълимӣ, ғайримақсаднок истифода намудани бинои муассисаҳои таълимӣ, корҳои омодагӣ барои баргузор намудани даври навбатии озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифт”, вусъат бахшидани корҳои сохтмонӣ ва ғайраро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, баҳри бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта ва тақвият бахшидани фаъолият масъулинро вазифадор намуд.

Дар музокира раиси Шӯрои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ Маҳмадшо Гулзода, сардори сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода, директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Тоҷинисо Маҳмадова суханронӣ намуда, фаъолияти вазоратро дар семоҳаи аввали соли 2021 қаноатбахш арзёбӣ карданд.

Суннатуллоҳи МИРЗО,

мутахассиси Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш