Нашрияи Омӯзгор

Сипаҳсолори назм, шоири тавоно

Сана: 2021-04-28        Дида шуд: 22        Шарҳ: 0

 

24 сентябри соли 1977 устод Мирзо Турсунзода чашм аз ҷаҳон фурӯ баст. Тоҷикон бузургтарин шоир ва ровии дарду армонҳои миллатро аз даст доданд. Онҳое, ки ба шеъру адаб дилбастагӣ дошта, сухан ва ҳунар назди эшон қадр дорад, шеършиносон ва ошиқони назми устод сӯгашро бузург доштанд.

Яке аз пурсӯзтарин шеърҳои устод Лоиқ “Рӯзи ҷаноза” аст. Аз дарди ҷонсӯзи шоир санг ҳам мегиряд:

Издиҳоми мотамӣ бо гиряи дилҳо

гузашт,

Издиҳоми мотамӣ аз шаҳр чун дарё

гузашт.

Воалам, эй кӯҳсорон, қуллаеро ярч

бурд,

Водареғ, эй Тоҷикистон, аз ҷаҳон

Мирзо гузашт.

Устод Турсунзода навишта буд: “Ҳар як устод бояд шогирд тарбия кунад. Ин даъват дар кори пурмашаққати ҳаррӯзаи мо амалӣ мегардад... Адибони ҷавони мо фонди миллати адабиёти муосири тоҷик ва ояндаи мо мебошанд. Ғамхорӣ дар ҳаққи онҳо вазифаи мост”

Аз ҳамин лиҳоз, устод бисёр адибонро тарбия кардаву пуштибонӣ намудааст. Шодравон Қутбӣ Киром дар суҳбатҳои хоса нақл мекарданд, ки устод Мирзо Турсунзода нисбат ба ӯ падари хайрхоҳ буданд.

Воқеан, ҳамеша дарди касон, ғами замон, аз ибтидо дар дили устод маскан гирифтааст. Устод Қутбӣ Киром мегӯяд:

Дӯстон, дигар магӯедам, ки

Турсунзода нест,

Он сипаҳсолори назм, он шоири

дилдода нест.

Ақли дунёро ба каф оварда бар мо дода

нест,

Ҳаст ӯ, бар қисмати мо мекунад

якумр зист!

Боре ба устод Лоиқ саволе дода буданд, ки шумо шогирди тавонои устод Турсунзода ҳастед. Силсилаи шеърҳое бо номи “Сипоснома” дар бораи бузургии Мирзо Турсунзода эҷод намуда будед. Бадхоҳони устод дар матбуот устодро буҳтон зада истодаанд. Шумо хомӯшед. Устод Лоиқ мегӯяд, устод Турсунзода офтоб буданд. Ба офтоб нигоҳ кунӣ, кӯр мешавӣ. Баъд ин байтро ба забон меоранд:

Зиндаи ӯ гар мубориз буда андар

зиндагӣ,

Мурдаи ӯ ҳам муборизтар зи чандин

Рустам аст.

Устод Турсунзода вазифаи муқаддаси хешро дар ҷомеа танҳо аз эҷод кардани ашъори ноб намедонист. Ҳамчун ватандору ватандӯст устод тавонист дар бисёр кунгураву ҷаласаҳои бонуфузи байналхалқӣ иштирок карда, кишвари тоҷиконро дар арсаи олам муаррифӣ намояд. Лоиқ дар хусуси ба сафарҳои пурбаракату сулҳофарини М.Турсунзода гуфтааст:

Сайри дунё кардани ӯ сайри дилҳо

кардан аст,

Раҳми дунё хӯрдан аст, аммо на дунё

хӯрдан аст.

Гашт дар рӯи замин, то дид рӯи

одамин,

Дил ба дунё додани ӯ дил ба даст

овардан аст.

Усмон Барот,

омӯзгори мактаби №2,

ноҳияи Айнӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш