Нашрияи Омӯзгор

Муборизи роҳи озодии мардуми Ҳинд

Сана: 2021-04-28        Дида шуд: 26        Шарҳ: 0

 

Нависандаи бузурги Ҳинд Мулк Роҷ Онанд баъд аз мутолиаи достони “Қиссаи Ҳиндустон”-и Мирзо Турсунзода чунин гуфта буд: “Кош, дар хусуси кишвари Шӯравӣ асаре нависам мисли достони шоири тоҷик Мирзо Турсунзода дар бораи Ҳиндустон”. Ин гуфтаҳо шаҳодат ба бузургии ин қиссаи таъсиргузори устод Мирзо Турсунзода аст.

Мирзо Турсунзода моҳи марти соли 1947 ба Ҳиндустон сафар намуд. Ӯ дар мавриди ин сафар менависад: “Дар ҳамин сол ба ман хушбахтие пеш омад, ки дар ҳайати делегатсияи Советӣ ба Ҳиндустон, ба Конференсияи якуми мамлакатҳои Осиё рахти сафар бандам. Аз ҳамон вақт мавзӯи Шарқи бедоршаванда моҳияти асосии эҷодиёти ман гардид. Ҳиндустон ҳанӯз мустамликаи империяи кабири Англия буд. Ман бо чашми худ дидам, ки чӣ тавр ҳарисона мустамликачиён Ҳиндустонро ғорат карда истодаанд, муборизони роҳи озодии миллиро ба зиндонҳо мепартоянд ва дар айни ҳол дар ҳар куҷо машъалҳои озодихоҳонаи миллӣ рӯз ба рӯз бештар меафзуд. Дар чунин вазъияти инқилобии миллӣ бетараф истоданро барои худ раво намедонистам. Ба бедоршудагон қувва бахшидан ва ҳанӯз хобрафтагонро бедор намудан вазифаи байналмилалии худ дониста, бо шеърҳо ва достонҳои худ ҳамсафи муборизони озодии миллии Осиёву Африқо шудам. Вақте ки ҳукуматдорони Англия барои ба Лондон рафтани ман иҷозатнома надоданд, ман рӯҳафтода нашудам, баръакс, қувваи тоза гирифтам, ки шеъру достонҳои ман дар дасти муборизони роҳи озодӣ бар зидди мустамликадорӣ аслиҳаи тавоное шудаанд”.

Вақте ки силсилаи асарҳои Мирзо Турсунзода “Қиссаи Ҳиндустон” ва “Ман аз Шарқи озод” паси ҳамдигар интишор ёфтанд, онҳо дар адабиёти асри 20-уми ҷаҳон рӯйдоди муҳим гардиданд. Зеро то ин дам ягон шоир ё нависанда Шарқи хориҷиро аз лиҳози бадеӣ чунин ҳақиқатнигорона кашф накарда буд.

Аз ин рӯ, онҳо зуд ба забони русӣ ва дигар забонҳои ҷаҳон тарҷума шуда, дар олами мутамаддин машҳур гардиданд. Дар ин асарҳо муаллиф бо ҳамдардӣ ва ҳиссиёти бузурги башардӯстӣ тарзи зиндагонии халқҳои Шарқ, қабл аз ҳама, Ҳиндустонро бо тасвирҳои пурзӯри романтикӣ баён карда, барои хушбахтию саодати одамони одӣ мубориза мебарад ва сиёсати мустамликадоронро сахт маҳкум менамояд.

Дар Ҳиндустон низоъҳои тунду тез ҳукмрон буданд. Дар ҳар қадам тафовути ҳайратангези байни бойигарӣ ва гадоӣ, серӣ ва гуруснагӣ ба чашм вомехӯрд. Ҳеҷ яке аз гуногунии олами афсонавии Ҳиндустон диққати шоири инсондӯстро ба худ ҷалб накард, ҷуз ин ки Ҳиндустони тираю торик ва гуруснаю зорро дида тавонист. Дар мавриди қабули ин силсилашеърҳо аз ҷониби мардуми Ҳиндустон Мирсаид Миршакар чунин мегӯяд: “Силсилаи шеърҳои “Қиссаи Ҳиндустон” тез паҳн шуда, писанди халқи озодихоҳи Ҳиндустон гардид. Мардуми Ҳиндустон дар шахси Мирзо Турсунзода фарзанди азиз ва аҳли дарди худро дид. Бесабаб набуд, ки рӯзномаҳои прогрессивии ин мамлакат он рӯзҳо ӯро шоири миллии Ҳинд эълон карданд”.

Мирзо Турсунзода аз ҷумлаи суханваронест, ки барояшон ҳунар ва сиёсат муродифи якдигаранд. Шоир бо маҳорати баланд лирикаро бо сиёсати давлат ва ниёзмандиҳои он ҳамоҳанг сохта буд. Арзиши “Қиссаи Ҳиндустон”- и ӯ, ки ним аср пеш иншо шудааст, маҳз дар ҳамин мебошад. Дар манзумаи мазкур назокати шоирона ва диловарии шаҳрвандӣ, дарди инсон ва орзуҳои нек, шукргузорӣ ва танаффур, муҳаббат ва талоши озодӣ, гармии дасти дӯст ва гиреҳ шудани мушт ба ҳам омехтаанд; бе ин ду боли муҳаббату ғазаб ва шодиву андуҳ “Қиссаи Ҳиндустон” наметавонист дар фазои сайёра ин гуна баланд парвоз кунад.

Шоири бузурги рус Николай Тихонов дар мавриди ашъори Мирзо Турсунзода чунин мегӯяд: “Ашъори Мирзо Турсунзода ба сони мурғи афсонавӣ аз рӯи қуллаҳои баланду дарёҳои паҳновар гузашта, бо ҳаққоният, самимият ва пардози зебои шоиронаи худ ақлу дили ҳамзамононро тасхир кардааст”. Далели ин гуфтаҳои шоири рус ва таъсири қиссаи “Ҳиндустон”-и Мирзо Турсунзода аст, ки адиби дигари рус Сергей Михалков ба ваҷд омада чунин иброз медорад: “Мирзо Турсунзода дар наздикшавии кишварҳои Осиё ва Африқо, муборизаи мардуми ин қитъаҳо алайҳи мустамликадорӣ, расиданашон ба истиқлолу озодӣ саҳми бузурге гузоштааст”.

Фаридуншоҳ АБДУЛЛОЕВ,

мутахассиси шуъбаи рушди

иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи

дастгоҳи раиси шаҳри Гулистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш