Нашрияи Омӯзгор

Натиҷаҳо умедбахшанд

Сана: 2021-04-28        Дида шуд: 97        Шарҳ: 0

 

Рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси натиҷаҳои нимсолаи якуми соли таҳсили 2020-2021

Бо мақсади иҷрои талаботи банди 17 «Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 30 августи соли 2017 зимни ифтитоҳи бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи дониш» ва банди 5, зербанди 12 Низомномаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ гузаронида шуд.

Бояд зикр намуд, ки вобаста ба паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ва бо мақсади амалӣ намудани протоколҳои ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави Коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, раванди таълим дар муассисаҳои таълимӣ, махсусан, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ муваққатан боздошта шуда буд. Бинобар ин, имконият даст надод, ки иҷрои талаботи банди 17 нақшаи чорабиниҳои дар боло зикршуда таъмин карда шавад, яъне дар нимсолаи якуми соли 2020 рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ гузаронида нашуд.

Вобаста ба муътадил гаштани вазъият дар нимсолаи якуми соли таҳсили 2020-2021 Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои талаботи банди 17 – ро таъмин намуд.

Дар ин асос маводи зарурӣ ҷиҳати муайян намудани рейтинг аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷамъоварӣ карда шуд. Вобаста ба масъалаи мазкур, тибқи фармоиши директори Агентӣ гурӯҳи корӣ оид ба баҳодиҳии рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз ҳисоби кормандони Агентӣ таъсис дода шуд. Гурӯҳи корӣ дар асоси маводи пешниҳодшуда аз ҷониби муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ маълумотро дар асоси нишондиҳандаҳои рейтинг таҳлил ва холгузорӣ намуданд.

Дар ин рейтинг 31 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ иштирок намуданд. Таҳлили рейтинги навбатӣ нишон дод, ки бинобар сабаби бемории сироятӣ дар соли 2020 муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар самти маърӯза дар конфронсу семинарҳои илмии байналмилалӣ, миқдори омӯзгорони доимие, ки барои таълим додан ба дигар таълимгоҳҳои хориҷи кишвар даъват шудаанд, миқдори омӯзгорони хориҷие, ки барои таълим додан ба муассисаҳои таълимӣ даъват шудаанд, такмили ихтисоси омӯзгорон ва таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар хориҷи кишвар, миқдори ихтироот, навоварӣ ва пешниҳоди илмӣ-назариявӣ, миқдори рисолаҳои доктории ҳимояшуда, шумораи ҳайати омӯзгорони доимие, ки дар 5 моҳи охир дараҷаи илмии донишкада ва ё донишгоҳҳои хориҷи кишварро гирифтаанд, ба натиҷаҳои назаррас ноил нагаштанд.

Новобаста аз ин, таҳлилҳо нишон доданд, ки дар ин рейтинг дар байни муассисаҳо нисбатан рақобати шадидтар ба вуҷуд омада, дар 6 моҳи охир дар самтҳои мухталиф корро ҷоннок намудаанд.

Дар ин давра, дар фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ вобаста ба нишондодҳо, хусусан, дар самти омӯзгорони унвон ва дараҷаи илмидори доимӣ, миқдори доктори илм-профессор, ҳимоя намудани рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ, миқдори ташрифоварандагон дар сомонаи таълимгоҳ, мавҷудияти технопаркҳо, шумораи компютерҳое, ки танҳо барои истифодаи донишҷӯён муайян карда шудаанд, таъмини китобҳои дарсӣ тибқи меъёр ва номгӯи зиёди китобҳои дарсии электронӣ, мавҷудияти системаи дохилидонишгоҳии идора ва мониторинги сифати таълим, сатҳи сифати таҳсилот, шумора ва арзиши грантҳо, шумораи ҷойҳои ишғолнамудаи донишҷӯён дар озмунҳои фаннии ҷумҳуриявӣ, ба ҷойи кор таъмин шудани хатмкардагон, миқдори ҷойи нишаст дар китобхонаи электронӣ ва мавҷуд будани филиали кафедраҳо дар назди дигар муассисаҳо пешравиҳо ба назар мерасад.

Дар натиҷа Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сазовори ҷойи якум, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино сазовори ҷойи дуюм, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон бо ба даст овардани холҳои баробар сазовори ҷойи сеюм гардидаанд. Роҳбарияти муассисаҳои таълимии зикргардида чун рейтингҳои қаблӣ дар муддати 6 моҳи охир дар самти миқдори рисолаҳои номзадӣ ва доктории ҳимояшуда, миқдори мақолаҳои илмии дар маҷаллаҳои комиссияи олии аттестатсионӣ (КОА) нашршуда, миқдори ихтироъ, навоварӣ ва пешниҳоди илмӣ-назариявӣ, миқдори монографияҳои илмии чопшуда, шумораи муассиса, ташкилоту идораҳо, ки ба муассисаи таълимӣ ҳамкорӣ мекунанд, такмили ихтисоси омӯзгорони доимӣ ва таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар хориҷи кишвар, шумораи компютерҳое, ки танҳо барои истифодаи донишҷӯён муайян карда шудаанд ва шумораи китобҳои дарсӣ вобаста ба теъдоди донишҷӯён корҳои назаррасеро анҷом додаанд. Ҳамзамон, бояд қайд намуд, ки муассисаҳои зикргардида аз ҳисоби омӯзгорони унвон ва дараҷаи илмидор, махсусан, аз лиҳози доктори илм-профессори доимӣ ва номзади илм-дотсенти доимӣ аз шумораи умумии омӯзгорон ба меъёрҳои муайяншудаи мақоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мувофиқат менамоянд.

Сайу талоши роҳбарияти Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ва Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав низ дар ҷамъбасти рейтинг назаррас мебошад. Масалан, Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон дар рейтинги гузашта ҷойи ҳафтум ва дар ин рейтинг ҷойи сеюм, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар рейтинги гузашта ҷойи нуҳум ва дар ин рейтинг ҷойи ҳаштум, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ дар рейтинги гузашта ҷойи даҳум ва дар ин рейтинг ба ҷойи нуҳум баромаданд. Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ва Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо натиҷаҳои нисбатан назаррас дар ин рейтинг ба даҳгонаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ворид гардиданд.

Чи тавре қайд карда шуд, дар ин рейтинг Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон бо ба даст овардани 176 холи якхела сазовори ҷойи 3-юм, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат бо ба даст овардани 164 холи якхела сазовори ҷойи 7-ум гардидаанд. Инчунин, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо ба даст овардани 155 холи якхела сазовори ҷойи 10-ум гардиданд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки рақобати солим байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ вуҷуд дорад.

Дар ин рейтинг ҷойҳои Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ бе тағйир монданд.

Тибқи маълумоти пешниҳоднамуда маълум гардид, ки баъзе муассисаҳои таълимӣ дар самти нашри китобҳои дарсии тахассусии бо забони давлатӣ нашршуда, аз ҷониби омӯзгорон чопи мақолаҳо дар КОА, ҳимояи рисолаҳои номзадиву докторӣ, миқдори ихтироъ, навоварӣ ва пешниҳоди илмӣ-назариявӣ, миқдори монографияҳои илмии чопшуда, миқдори барномаҳои таълимие, ки аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаштаанд, ҳайати омӯзгорони доимие, ки дар 6 моҳи охир дараҷаи илмии донишкада ва ё донишгоҳҳои хориҷи кишварро гирифтаанд, шумораи ҷойҳои ишғолнамудаи донишҷӯён дар озмунҳои фаннии ҷумҳуриявӣ, такмили ихтисоси омӯзгорони доимӣ ва таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар хориҷи кишвар, маърӯза дар конфронсу семинарҳои илмии байналмилалӣ корҳои назаррасро ба анҷом нарасонидаанд.

Ҳамзамон, тибқи таҳлилҳо муайян гардид, ки дар 6 моҳ баъзе аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ аз рӯи нишондоди мавҷуд будани филиали кафедраҳо дар истеҳсолот, дорандаи аккредитатсияи байналмилалӣ аз рӯи ихтисосҳои алоҳида, шумораи ҷойҳои ишғолнамудаи донишҷӯён дар озмунҳои фаннии ҷумҳуриявӣ, миқдори рисолаҳои номзадӣ ва доктории ҳимояшуда, миқдори ихтироъ, навоварӣ ва пешниҳоди илмӣ-назариявӣ, мавҷудияти институтҳои илмӣ-тадқиқотӣ, шумора ва арзиши грантҳо, миқдори омӯзгорони доимие, ки барои таълим додан ба дигар таълимгоҳҳои хориҷи кишвар даъват шудаанд, миқдори омӯзгорони хориҷие, ки барои таълим додан ба муассисаи таълимӣ даъват шудаанд, таҷрибаомӯзии донишҷӯён ва омӯзгорон дар хориҷи кишвар умуман соҳиби хол нагардиданд. Бояд зикр намуд, ки қисме аз нишондодҳое, ки баъзе муассисаҳо соҳиби хол нагардидаанд, чи тавре дар боло қайд намудем, ба таътили муассисаҳои таълимӣ дар давраи бемории сироятӣ вобастагӣ доштанд. Аммо новобаста аз бемории сироятӣ ва давраи таътил, тибқи таҳлили рейтинги қаблӣ муайян карда шуд, ки баъзе муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи нишондодҳои зикргардида умуман хол ба даст наовардаанд.

Дар рейтинги гузашта аз рӯи нишондоди аккредитатсияи байналмилалӣ дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аз аккредитатсияи байналмилаллӣ аз ҷониби Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (Ҷумҳурии Қазоқистон) дар доираи ихтисосҳои муайян гузаронида шуда, ба онҳо шаҳодатнома дода шудааст. Ин буд, ки танҳо аз ҳисоби нишондоди 31-и муайянкунандаи холгузорӣ (миқдори барномаҳое, ки аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаштаанд) Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон соҳиби 7-холӣ ва Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон соҳиби 10 холи иловагӣ гашта буданд. Дар рейтинги навбатӣ аз рӯи нишондоди 31-и муайянкунандаи холгузорӣ (миқдори барномаҳое, ки аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаштаанд) Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Донишоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ва Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон соҳиби холҳои муайян шуданд.

Фаъолияти технопаркҳо, хусусан, дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, Донишгоҳи славянии Россия - Тоҷикистон, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд, Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб дар муқоиса ба дигар муассисаҳои таълимӣ хубтар ба роҳ монда шудааст. Муассисаҳои таълимии номбурда барои татбиқи илм ва ҷорӣ кардани технологияи нав дар истеҳсолот кӯшишҳои зиёд ба харҷ додаанд.

 Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит, Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара ва Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон паркҳои технологӣ фаъолият намекунанд.

Дар рейтинги навбатӣ дар 6 моҳи охир ҳимояи рисолаҳои номзадӣ (аз миқдори умумии омӯзгорони доимӣ) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ва Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон зиёдтар ба назар расида, аз рӯи нишондоди 7-ум муассисаҳои номбурда соҳиби 5-8 холӣ гардидаанд. Ин муассисаҳо дар омода намудан ва азнавтайёркунии кадрҳои илмӣ-педагогӣ тайи 6 моҳи охир корҳои зиёдро ба анҷом расонидаанд.

Дар рейтинги қаблӣ аз рӯи нишондоди 7-ум (дар 6 моҳи охир ҳимояи рисолаҳои номзадӣ аз миқдори умумии омӯзгорони доимӣ) Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон нисбат ба дигар муассисаҳои таълимӣ корро беҳтар ба роҳ монда буданд.

Таҳлилҳо собит сохтаанд, ки дар муқоиса ба рейтинги гузашта, дар умум, ба даст овардани холҳо ба ҳисоби минималӣ фарқ менамояд. Масалан, дар рейтинги гузашта аз ҳама холи паст (холи минималӣ) 70 хол (22,5%)-ро ташкил менамуд, дар ин рейтинг бошад, холи паст 80 хол (25,8%)-ро ташкил додааст. Яъне тафовути холҳои минималӣ 10 холро (3,3%)-ро ташкил додааст, ки рӯ ба афзоиш мебошад.

Новобаста аз ин, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро зарур аст, ки дар якҷоягӣ бо ҳайати профессорону омӯзгорон барои нигоҳ доштани мавқеи муассисаҳои худ дар рейтингҳои минбаъда, инчунин, ҷиҳати ба нишондиҳандаҳои хубтару беҳтар ноил гаштани муассисаҳои худ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Гузаронидани рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тайи солҳои охир собит менамояд, ки барои баланд гардидани нишондодҳои рейтингӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ рақобат ба назар мерасад. Ин боис мегардад, ки дар маҷмӯъ рейтинг барои баланд бардоштани сатҳи сифати таълим ва омода намудани мутахассисони баландихтисоси талаботи бозори меҳнат таъсири худро расонад.

Натиҷаи ниҳоии рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон

                       

Ҷойи ишғолнамуда          

 

 

                      Номи муассиса                                                                               Ҷамъи  холҳо

1          Донишгоҳи миллии Тоҷикистон            182

2          Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино    178

3          Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров

Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон        176

 176

4          Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон          173

5          Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур  171

 

6          Донишоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ   170

7          Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат       164

164

8          Донишгоҳи технологии Тоҷикистон       159

9          Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ     157

10        Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав          155

155

11        Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд          154

 

12        Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ           153

 

13        Донишгоҳи давлатии Данғара     146

14        Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд            119

15        Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон    117

16        Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон     110

17        Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент            108

18        Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев   106

19        Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода    105

20        Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода            104

21        Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб           103

22        Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон    99

23        Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон 94

24        Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара 88

25        Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов 87

26        Донишкадаи давалатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон            86

27        Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит            81

28        Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт        80

 

Агентии назорат дар соҳаи маориф

ва илми назди Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш