Нашрияи Омӯзгор

Меҳнат ташаккулбахш аст

Сана: 2021-04-28        Дида шуд: 65        Шарҳ: 0

 

Мегӯянд: «Аз одами бекор ҳама безор» ё «Ҳар кӣ меҳнат накунад, роҳат намебинад». Ин мақолҳо дар давоми умри ҳазорсолаи инсоният дар натиҷаи омӯзишу санҷиш ба вуҷуд омадаанд ва онҳо беҳуда нестанд.

Меҳнат кардан ё меҳнатдӯст будан гуфта, мо танҳо кори ҷисмониро дар назар надорем, фаъолияти зеҳнӣ низ худ як навъи меҳнат аст. Аз ин хотир, чун сухан дар бораи меҳнату меҳнатдӯстӣ меравад, дуруст мебуд, ки ҳардуи ин мафҳум як хел фаҳмида шаванд. Меҳнатдӯстиро мисли дигар хислатҳои накуи инсонӣ, ба монанди ростқавлӣ, маърифатпарварӣ, омӯзиши  илму дониш ҳанӯз аз зинаҳои аввали ҳаёт омӯхтан ё омӯзонидан лозим меояд. Бисёр мешунавем ин ҳарфи калонсолонро, ки мегӯянд «ба кӯдак кор нафармо, аз уҳдааш намебарояд», «кӯдак ҳам ба кор фармудан аст?» ҳатто гуфтае ҳам вуҷуд дорад, ки «ба кӯдак кор фармову аз қафояш дав». Албатта, ба кӯдак  фармоиши корҳое, ки аз қудраташ берун ҳастанд, камоли беақлист, аммо дилсӯзӣ намудану ба вай умуман кор нафармондан низ тамоман нодуруст аст. Ба синну соли кӯдак нигоҳ намуда, аз ӯ иҷро намудани ин ё он кор ба манфиати ҳам волидайн ва ҳам хурдсолон аст. Ба анҷом расонидани коре ба худи кӯдак хуш меояд, зеро маълум аст, ки баъди ин вай сазовори таҳсину офарин мешавад. Дар баробари ин, иҷрои амалу корҳои гуногун чи дар хона ва чи дар муҳити беруна донишу малакаи кӯдак ё наврасро нисбат ба муҳити атрофаш бештар мегардонад. Агар шумо мушоҳида намоед, бисёр вомехӯранд кӯдаконе, ки синну солашон барои ба мактаб рафтан мувофиқ асту аммо онҳо рангҳоро аз якдигар фарқ карда наметавонанд. Модарон метавонанд маҳз ба воситаи корҳои хона ба кӯдакашон шинохти рангҳоро омӯзанд. Чӣ гуна? Модар аз духтарчааш хоҳиш мекунад: «Духтарҷон, куртаи сиёҳи додарчаатро  биёр», ё «Духтарҷон, ба гули сурхамон об бидеҳ», «Пиёлаи кабудро ин ҷо гузор» ва ғайра… Падарон низ метавонанд ҳамин муносибатро бо писарчаҳояшон дошта бошанд. «Писарҷон, болғаи дастааш кабудро гирифта биёр, пояфзоли сиёҳи маро бурда ба ҷояш гузор…» Чунин корҳо ба кӯдак имкон медиҳад, ки натанҳо рангҳо, ҳамчунин, шинохти ашёи барои рӯзгор лозимаро донад. Модарон метавонанд ба духтарчаҳое, ки аллакай мактабхон ҳастанд рӯфтани чангҳои хона, ба тартиб овардани ҷойхоб, ғундоштани дастархонро супориш диҳанд.

Боре ба хонаи як шиноси наздикам меҳмон шудам. Ба писарчааш фармуд, то ба дастони меҳмонон об резад. Писарчааш хурд набуд, аммо аз уҳдаи ин кор намебаромад. Маълум мешуд, ки ин корро ба ӯ бори аввал фармудаанд. Аз ноуҳдабароии писар модар дар ғазаб шуда, ӯро сарзаниш мекард. Чаро? Охир, ин ҷо айб на дар кӯдак, балки дар худи волидайн аст. Вақте бори аввал ба кӯдак кореро мефармоед, бояд ба вай иҷрои онро омӯзед.

Дар муассисаҳои томактабӣ мураббияҳо кӯшиш менамоянд, ба тарбиятгирандагон фарқи меваву сабзавотро нишон диҳанд, ин хуб аст албатта, аммо ин корро дар хона падару модар низ метавонанд ба анҷом расонанд. Модар аз духтарчааш хоҳиш мекунад то барои омода кардани хӯрок барояш сабзавот биёрад, дар чунин ҳолатҳо кӯдак на танҳо сабзавот-ро шинохта мегирад, ҳамчунин, шумурданро низ меомӯзад, зеро ҳангоми овардан ӯ бояд донад, ки чандто картошка ва чандто пиёз ба модар лозим аст.

Олимон исбот намудаанд, ки нафарони меҳнатдӯст дар зиндагӣ чандин маротиба солиму бардам ҳастанд дар муқоиса ба шахсоне, ки танбалӣ мекунанду коргурезӣ. Ин далел ҳеҷ ҷойи ҳайронӣ надорад. Маълум аст, ки шахси кордӯст, меҳнатдӯст бисёр ҳаракат мекунад, пайваста дар амал аст. Ин имкон фароҳам меорад то мушаку бофтаҳои ҷисми ӯ доимо ҳаракат намоянд. Шояд шумо гуфтан хоҳед, ки фаъолияти кори ҳар шахс ҳар гуна аст, масалан, нафароне ҳастанд, ки кори ҷисмонӣ мекунанд ва шахсони дигар фаъолияти зеҳнӣ. Дар чунин ҳолат чӣ гуна метавонад шахс ҳаракат намояд. Албатта, тавре дар боло зикр намудем, фаъолияти зеҳнӣ низ меҳнат аст. Шахси меҳнатдӯст ҳеҷ гоҳ ба як кор маҳдуд намешавад.

Ман ҳамчун як тан тарбиятдиҳандаи насли наврас ҳамеша кӯшиш менамоям то кӯдаконро дар рӯҳияи меҳнатдӯстӣ тарбия намоям. Бо ин мақсад ҳангоми машғулиятҳо бо кӯдакон дар майдончаи назди боғча ба нигоҳубини дарахтон, гулҳо машғул мешавем. Дар баробари ин, ба онҳо дар хусуси дарахтон хусусиятҳои хосси онҳо маълумоти зарурӣ медиҳам.

Ҷамила РАУПОВА,

мураббии ширхоргоҳ-кӯдакистони №127-и

шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш