Нашрияи Омӯзгор

Андешаҳои бузургон дар бораи математика

Сана: 2021-04-28        Дида шуд: 44        Шарҳ: 0

 

Математика дар ҳаёти инсон мавқеи баланд дорад, зеро тамоми дастгоҳҳои дар истеҳсолот истифодашаванда, воситаҳои техникие, ки сари ҳар қадам вомехӯранд ва мо бо онҳо ҳар лаҳза кор мегирем, ба воситаи ҳисобҳои математикӣ сохта шудаанд. Математика, дар ҳақиқат, забонест, ки бо он ҳамаи илмҳои дақиқ гуфтугӯ мекунанд, яъне, фанҳои химия, физика, технологияи иттилоотӣ ва дигар фанҳо бо истифода аз фанни математика рушд меёбанд. Мутафаккирони бузурги олам, шахсиятҳои маъруфи соҳаҳои гуногун дар бораи математика андешаҳои худро иброз доштаанд. Чанде аз онҳоро ёд меоварем.

Олими машҳури рус М. Ломоносов математикаро «шоҳи фанҳо» ном бурдааст. Ӯ, ҳамчунин, изҳор дошта буд, ки «химия дасти рости физика буда, математика чашмони он мебошад».

Файласуф, физик ва математики машҳури асри XVІІ Галилео Галилей гуфтааст: «Мо бояд иқрор шавем, ки математика воситаест, ки тавассути он зеҳни мо инкишоф меёбад ва қобилияти фикррониямон меафзояд».

Олими намоён А.И. Гертсен баён доштааст: «Астрономия баъди ба математика ҳамроҳ шудан ҳамчун илм шинохта шуд».

Олими дигари машҳури ҷаҳон А.Франс барои аз худ намудани фанни математика чунин тавсия додааст: «Барои донишҳои математикиро обу тоб додан, бояд бо иштиҳо онро фурӯ бурд».

Нависанда, файласуфи машҳури немис И.В.Гёте муаллифи гуфтаҳои зерин мебошад: «Ададҳо ҷаҳонро идора намекунанд, вале чӣ тавр идора кардани онро нишон медиҳанд».

Донишманди номвар Р.Штейнер қайд намудааст, ки «шахсе, ки математикаро хуб медонад, тамоми қонунҳои табиатро дарк мекунад».

Олимони риёзидони Шарқ низ илми ҳисобро яке аз роҳҳои ба ҳам омадани мардум ва пеш бурдани зиндагиашон донистаанд. Закариёи Розӣ пешрафти хоҷагидорию иқтисодиёти давлатро дар даврони Сомониён дар инкишоф ёфтани илми риёзӣ дониста буд. Мавриди ситоишу тарғиб қарор гирифтани ин илм аз тарафи олимону донишмандони он давра боис гашта буд, ки чандин марказҳои илмӣ дар давлатҳои Осиёи марказӣ, Арабистон, Ҳиндустон ва Хитой фаъолият дошта бошанд.

Х. Шосафаров,

Ҷ. НАЗАРОВ,

 омӯзгорони математикаи коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш