Нашрияи Омӯзгор

Навгониҳо дар баргузории олимпиадаҳо

Сана: 2021-04-07        Дида шуд: 92        Шарҳ: 0

 

Дар Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе 3-4-уми апрели соли равон даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ барои хонандагони синфи 11 аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ баргузор гардид, ки дар расми ифтитоҳи он муовини вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Латофат Назирӣ, директори Маркази тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Икромӣ, директори Маркази ҷумҳуриявии рушди истеъдодҳо Тоҷинисо Маҳмадова иштирок ва суханронӣ карданд.

Латофат Назирӣ қайд кард, ки ҳадаф аз баргузории чунин озмунҳо дарёфт ва рушди хонандагони боистеъдод мебошад, ки инкишофи зеҳнии онҳо ба самти фаъолияти илмӣ-эҷодӣ нигаронида шудааст. Ошкор ва ҳавасманд намудани омӯзгорони эҷодкор, навовар ва дорои малакаи баланди касбӣ, ки дар омода намудани ғолибони олимпиадаҳо саҳм доранд, низ яке аз ҳадафҳои олимпиадаҳо маҳсуб мешавад.

Ба гуфтаи Тоҷинисо Маҳмадова, алҳол дар қаламрави ҷумҳурӣ дар як сол бисту ду олимпиада гузаронида мешавад. Гузашта аз ин, олимпиадаҳо ба равияҳо ҷудо гардида, ба ҳар як фанни он номи донишмандону бузургони гузаштаи тоҷик, ки дар ин бахш хидматҳои назаррас кардаанд, гузошта шудааст.

Сипас, Хуршед Икромӣ шартҳо ва талаботи баргузории озмунро барои довталабон тавзеҳ дод.

Дар олимпиада 586 хонанда аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва мактабҳои типи нави вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Пас аз анҷоми имтиҳонҳо барои иштирокдорони олимпиада барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор шуд.

Рӯзи дигар, пас аз эълони натиҷаҳои олимпиада апеллятсия оғоз гардид, ки дар он довталабон бо корҳои анҷомдода ва баҳоҳои худ аз наздик шинос шуданд.

Ҷамъбасти олимпиадаи фаннии ҷумҳуриявии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва мактабҳои типи нав нишон дод, ки 236 хонанда соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ, аз ҷумла, 38 медали тилло, 56 медали нуқра ва 142 медали биринҷӣ гардиданд. Дар олимпиадаи мазкур хонандагони шаҳри Душанбе 78 ҷойи ифтихорӣ, хонандагони вилояти Суғд 73 ҷойи ифтихорӣ, хонандагони вилояти Хатлон 55 ҷойи ифтихорӣ, хонандагони шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 21 ҷойи ифтихорӣ ва хонандагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 9 ҷойи ифтихориро ба даст оварданд.

 

Дилафрӯз ҚУРБОНӢ,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш