Нашрияи Омӯзгор

Коллеҷи оташнишонӣ – ғолиби озмун

Сана: 2021-04-07        Дида шуд: 38        Шарҳ: 0

 

Бо ташаббуси Вазорати  маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми низомии 3502 – и раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД ҶТ мусобиқаи маҳорати варзишӣ ва ҳарбӣ – ватандӯстӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30 – солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо гардид. Ҳокимхон Вализода, сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми ифтитоҳи чорабинӣ ҳадафи баргузории мусобиқаро шарҳу тавзеҳ дода, афзуд, ки минбаъд  низ чунин  озмунҳо байни дигар муассисаҳои таҳсилоти  миёнаи касбии вазорат давра ба давра  барпо  хоҳанд гардид. Мавсуф  зарурати баргузории  чунин чорабиниҳоро тайёр намудани  ҷавонону наврасон барои ҳифзу ҳимояи кишвар маънидод карда, афзуд, ки хизмат ба Ватан  вазифаи муқаддаси ҳар як фарди миллатдӯсту ватанпараст ва бонангу номуси кишвар ба ҳисоб меравад.

Муовини аввали раиси Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» - и ВКД ҶТ, подполковники милиса Аслиддин Шоҳиён, муовини фармондеҳи қӯшунҳои дохилаи ВКД ҶТ, полковники милиса  Иброҳимзода Носир Валӣ, муовини командири полки фаврии таъиноти махсуси қисми ҳарбии 3502-и ВКД ҶТ, полковники милиса Ализода Баҳодур Ҳасан низ доир ба зарурати баргузории чунин чорабиниҳо изҳори андеша намуда, ба гурӯҳҳои иштирокчӣ дар сабқат комёбӣ орзу намуданд.

Сипас, шогирдони коллеҷҳо аз рӯйи  нуҳ намуди мусобиқа – ба қисмҳо ҷудо ва ҷамъ кардани автомати тамғаи «Калашников», ҳаво додани норинҷак, гӯштини миллӣ, давидан ба масофаи 100 метр, турниккашӣ, ҷаҳидан ба дарозӣ, вазнбардорӣ (24 кг), қаду рост кардани дастон, эстафетаи даставӣ  байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Дар ҷамъбасти озмун ҷойи якум насиби коллеҷи оташнишонӣ – техникии ВКД ҶТ (36 хол), ҷойи дуюм насиби коллеҷи милитсияи ВКД ҶТ бо қароргоҳ дар шаҳри Кӯлоб (35 хол) ва ҷойи сеюм ба коллеҷи техникӣ – технологии ташкилоти ҷамъиятии  мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста шуд. Ғолибон бо ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ,  бо Диплом ва Ҷоми мусобиқа сарфароз гардонда шуданд.

Ҳангоми тафреҳ ҳамаи иштирокдорони мусобиқа бо шароити будубоши сарбозони қисми низомии 3502 ошно гардида, таассуроти нек бардоштанд.

 

Ҳотами  ҲОМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш