Нашрияи Омӯзгор

Ташаккулбахши худшиносӣ

Сана: 2021-04-07        Дида шуд: 45        Шарҳ: 0

 

Дар раванди ҷаҳонишавӣ бисёре аз арзишҳои аслии инсонӣ аз байн рафта, ҷойи онҳоро арзишҳое мегиранд, ки сунъию сохта ва фалаҷкунандаи мафкура, фарҳанг ва ахлоқ мебошанд. Ин раванд боиси коста гардидани сатҳи худшиносии миллӣ, бахусус, ҷавонон гардида, дар ин замина барои пойдории давлату миллат хатар эҷод мекунад. Бояд фаромӯш насозем, ки миллати мо тамоми арзишҳои моддию маънавӣ, адабию ахлоқӣ ва фарҳангию таърихиеро, ки барои як миллати комил хос мебошад, дорост.

 Мо, тоҷикон, бояд хуб донем, ки расму оини миллӣ, забони миллӣ, таомҳои миллӣ, либосҳои миллӣ, мусиқии миллӣ, номҳои миллӣ, бозиҳои миллӣ, санъати меъмории миллӣ ва ҷашнҳои миллӣ арзишҳои таърихию фарҳангии халқи тоҷиканд. Бинобар ин, дар бораи ин арзишҳо маълумоти дақиқу пурра доштан вазифаи асосии ҳар як шаҳрванди поквиҷдон ва бонангу номус, махсусан, насли  наврасу ҷавонон мебошад.

Дар фарҳанги ғайримоддии мо расму оин ва ҷашнҳои миллӣ ҷойгоҳи махсус касб менамоянд. Мазмуни аслии онҳоро дар  маҷмӯъ, инсондӯстию раъиятпарварӣ, хайрхоҳию накукорӣ, дастгирии ятимону барҷомондагон, эҳтироми волидайн ва калонсолон, созандагию бунёдкорӣ, ободонию зебоипарастӣ, раҳму шафқат, ҳамдардию ҳамбастагӣ, муттаҳидию ягонагӣ, ваҳдатпарастию хушрӯзӣ ташкил медиҳад. Ҳамаи ин амалҳо ва хислатҳои накуро мо, ҷавонон, бояд дар сиришти худ ҷой диҳем ва дар кору пайкори худ  барои зиндагии босаодат истифода  намоем.

Номҳои миллии мо дар худ зебоӣ, арзиши олӣ, муқаддасот, далерию шуҷоат, меҳру муҳаббат, сиришти неки инсонро дар зиндагӣ инъикос менамоянд.

Таомҳои миллӣ дорои лаззат ва хусусиятҳои хоссаи худ мебошанд. Мо номгӯи гуногуни таомҳои наҳорӣ, нисфирӯзӣ, шом, таому хӯришҳои баҳорӣ, тобистона, зимистона дорем. Тайёр кардани хӯрокҳои миллӣ санъати махсус дорад, ки ганҷинаи нодири фарҳанги миллӣ мебошад. Таомҳои миллии мо имрӯз диққати ҳазорон нафар сайёҳ ва меҳмони хориҷиро ба худ ҷалб намудаанд.  

Либосҳои миллӣ симои ҷавонписа-рону ҷавондухтарони миллати моро зинати бештар мебахшанд. Онҳо дар худ нақши зебоии табиатро дошта, бо санъати махсуси дӯзандагӣ омода карда мешаванд. Нақшу нигори либосҳои миллӣ тафаккури баланди зебоипарастию хештаншиносиро дар худ таҷҷасум намуда, аз ҳунари баланди  халқи тоҷик дарак медиҳанд.

Ниёгони мо пайваста тарғиб менамуданд, ки соҳиби ҳунару касб будан, инсонро соҳибманзалат ва ризқу рӯзияшро зиёда мегардонад. Ҳунарҳои зиёди миллии мо, аз қабили оҳангарию чӯбтарошӣ, кулолгарию меъморӣ, рассомию бофандагӣ, дӯзандагию зардӯзӣ, наққошию гулдӯзӣ, ки мерос аз гузаштагон мебошанд, соҳиби тамаддун будани халқи тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ муайян мекунад.

Ҳамчунин, гузаштагони мо ҷашнҳои миллии зиёдеро ба мерос гузоштаанд, ки тавъам ба табиатанд ва асоси илмию ахлоқӣ доранд. Миёни онҳо Наврӯз ҷойгоҳи махсусро касб менамояд.

Дар баробари Наврӯз дигар ҷашнҳои милливу таърихӣ - Садаву Меҳргон низ дар ташаккули худшиносии  ҷавонон нақши  созгор мебозанд.

Суруш Шарифзода,

донишҷӯи факултаи

 ҳуқуқшиносии ДМТ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш