Нашрияи Омӯзгор

Публитсистикаи замони истиқлол

Сана: 2021-01-13        Дида шуд: 14        Шарҳ: 0

Аз таъсиси Академияи воситаҳои ахбори омма 5 сол сипарӣ мешавад. Дар ин давра таҳти роҳбарии номзади илмҳои филологӣ  Зинатуллоҳ Исмоилзода баҳри фаро гирифтани донишҳои муосир ба журналистони ҷавон конфронсу семинарҳои омӯзишии зиёд созмон дода шуд. Яке аз самтҳои фаъолияти Академия ВАО гузаронидани конфронсҳо ва таълифи китобҳо ба ҳисоб меравад. Ҳамин аст, ки бо дастгирии академия дар давоми 5 сол силсилаи асарҳо вобаста ба рушди журналистика ва публитсистикаи муосир ба нашр расидаанд, ки бешубҳа, барои муҳаққиқону омӯзгорони соҳаи журналистика дастури муҳим мебошанд. Яке аз китобҳое, ки ба масъалаҳои публитсистика ва проблемаҳои он дар замони муосир бахшида шудааст, «Баъзе масъалаҳои публитсистикаи замони истиқлол» ном дорад. Дар маҷмӯаи мазкур мақолаҳои пурмуҳтавои олимону донишмандон ва аспирантону унвонҷӯёни соҳаи журналистика гирд оварда шудааст, ки ба масъалаҳои умдаи публитсистикаи замони мусоир бахшида шудаанд. Дар муқаддимаи китоби мазкур академик Абдуҷаббор Раҳмонзода бамаврид таъкид намудааст: «Таваҷҷуҳи хосаи Академяи ВАО ба бахши публитсистика ба он хотир аст, ки ҷаҳони имрӯза зери таъсири ахбори фаровон қарор гирифта, ҳамзамон як навъ таваҷҷуҳ ба ахбор рӯ ба косташавӣ низ дорад. Ин омил ба интихоби васеъ робита дорад ва ба он ки васоити коммуникативӣ ҳамарӯза ахбори бешумори ғайримуътамадро дар майдони иттилоотӣ ворид карда, бовариву эътимод ба ахбор низ кам шуда истодааст. Ҳамин аст, ки аудиторияи умумиҷаҳонӣ боз майл ба матолиби хусусияти иҷтимоидошта пайдо менамояд». Доктори илмҳои филологӣ, профессор Мурод Муродӣ дар мақолаи «Нигоҳе ба вазъи имрӯзаи публитсистикаи тоҷик» ба таври фарогир нақши публитсистикаи дар рушди ҷомеа мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор додааст. Ба таъбири мавсуф, «Авзои сиёсии ҷаҳон, раванди баҳамоии тамаддунҳо, рӯҳияи иҷтимоии кишварҳо тақозо менамояд, ки дар замони имрӯз таваҷҷуҳ ба журналистика ва публитсистика дар бедории фикрии мардум, ҳамфикрӣ ва муттаҳидии онҳо нақш мебозад, зеро авзои ҷаҳон тақозо менамояд, ки ба шарҳу тавзеҳ ва маънидоди зуҳуроти иҷтимоӣ эътибори бештар дода шавад». Ҳамчунин, дар ин мақола муҳаққиқ осори дар публитсистикаи тоҷик таълифгардидаро доир ба масъалаи бунёдкориву сулҳу ваҳдат пажӯҳиш ва баҳогузорӣ намудааст. Профессор М. Муродӣ баъди таҳлилу омӯзиши амиқ ба хулосае меояд, ки «публитситикаи мо ҳанӯз тамоми мавзӯоти муҳиму мубрами ҷомеаи имрӯзро фаро нагирифтаанд. Табиист, ки ҷомеа ҳамеша дар инкишоф буда, пайваста масъалаҳои гуногунро ба миён мегузорад, ки ба таҳқиқу баррасӣ ниёз пайдо мекунанд. Ҳамчунин, маҷмӯа фарогири мақолаҳои «Публитсистикаи устод Айнӣ дар рӯзномаи «Овози тоҷик», «Политическая публитсистика как особый вид творчество: теорический аспект», «Чеҳраи Эмомалӣ Раҳмон дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат», «Тасвири корнамоиҳои Пешвои миллат дар асарҳои алоҳидаи публитсистӣ», «Оҳанги замон дар публитсистикаи бадеии Асадулло Саъдуллоев», «Дабистони публитсистикаи ҷанговар», «Унсурҳои шинохти назми публитсистӣ», «Бозтоби воқеият дар қолаби жанрҳои таҳлилии публитсистика», «Книжная политическая публицистика Таджикистана» ва ғайра мебошад. Дарвоқеъ, китоби «Баъзе масъалаҳои публитсистикаи замони истиқлол» барои устодону омӯзгорон ва муҳаққиқони соҳа дар шинохти публитсистикаи муосир сарчашмаи омӯзиши арзишманд ба ҳисоб меравад.

О. Насриддин,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш