Нашрияи Омӯзгор

Дар ҳама кор машварат бояд

Сана: 2021-01-13        Дида шуд: 27        Шарҳ: 0

Яке аз ҳадафҳои муҳимме, ки дар назди устодону омӯзгорон қарор дорад, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар ҳамаи зинаи таҳсилот мебошад. Аз ҷумла, баланд бардоштани сифати дониши хонандагон аз фанҳои табиатшиносиву дақиқ, забонҳои англисию русӣ ва ҳамчунин, фаъолияти сохторҳои идоракунии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ вазифаҳои авалин соҳаи маориф мебошад. Чанде пеш мақолаи муфассали профессорон Саид Нуриддин ва Хуршед Зиёӣ таҳти унвони “Методологияи таълифи китоби дарсӣ” (“Омӯзгор,” аз 10.12.2020) ба нашр расид, ки аз чанд ҷиҳат ҷолиб аст. Дар ин мақола барҳақ таъкид мешавад, “Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастури супориш ва фидокориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сӣ соли Истиқлолияти давлатӣ асосҳои давлатдории миллиро бунёд карда, қадамҳои устувор дар роҳи рушди сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ гузашт ва дар таъмини якпорчагии кишвар ва ваҳдати миллӣ комёб гардид”. Нуктаи бунёдӣ дар мақолаи мазкур методология ва принсипҳои махсуси таълифи китобҳои дарсии насли нав буда, зимни он бо теъдоди 17 тезис шартҳои таълифи китобҳои дарсӣ пешниҳод гардидааст. Зимнан, таъкид мешавад: ҳифзи манфиатҳои миллӣ бояд дар таълифи китобҳои дарсӣ дар мадди аввал қарор дошта бошанд; мавзӯъҳо ва маводи дар китобҳои дарсӣ пешниҳодшаванда ба татбиқи аҳдофи давлатдории миллӣ мусоидат намоянд. Албатта, ҳадаф аз таълифи китобҳои дарсӣ таълим дониш додан ба хонандагон аст, вале тарбия ҷузъи меҳварии таълим, қисмати ҷудонашавандаи он аст. Хосса, таълими фанҳои миллӣ, ки комилан ҳадафи тафаккурсозӣ ва тарбиявию ахлоқӣ доранд. Ғояҳои ватандӯстӣ, муҳаббат нисбат ба обу хоки Ватан, марзу буми он, миллатдӯстӣ, халқдӯстӣ, ягонагӣ, ваҳдати миллӣ ва иттиҳоди мардумони диёр, умуман зиракию ҳушёрӣ ва бедории миллӣ маҳз тавассути ҳамин фанҳо дар дилу шуури наслҳо ҷойгир карда мешавад. Дар ин кор, пеш аз ҳама саҳми муаллифони китобҳои дарсӣ, хосса, муаллимони фанҳои гуманитарӣ ва махсусан, забону адабиёт, таърих калидӣ аст. Канораҷӯӣ аз бегонашавӣ ва бегонапарастӣ бояд ҳадафи асосии китобҳои дарсӣ бошад ва дар онҳо ба экспансияи афкору ақидаи ғайр роҳ дода нашавад. Муаллифони китобҳои дарсӣ, хосса, фанҳои миллӣ бояд танҳо бо назардошти арзишҳои миллӣ ва ҳимояи содиқонаи онҳо, дифои манофеи давлат ва давлатдории миллӣ, зиракии сиёсӣ, дурӣ аз ҳама гуна бегонапарастӣ ва ғояҳои нигилизми миллӣ асар китобҳои дарсиро таълиф намоянд. Ворид намудани роҳу усулҳои наву замонавии таълими фанҳои гуманитарӣ ва иҷтимоӣ дар муасисаҳои таҳсилоти умумӣ низ муҳим аст. Мақолаи профессорон Н.Саид ва Х.Зиёӣ муҷтамил бар ду бахш буда, қазоватҳои фавқуззикр ба қисмати аввали он мутааллиқ аст. Қисмати дуюми мақола “Талаботи методологӣ – дидактикӣ ва беҳдоштӣ ба таълиф ва нашри китобҳои дарсии насли нав” унвонгузорӣ гардида, шомили 5 қисмат аст. Муаллифон дар ин қисмат дар ҷойи аввал тақозои ахлоқӣ – тарбиявиро мегузоранд, ки рукни меҳварии суннатҳои миллист. Пешниҳоди нахустани ин қисмат “Талаботи дидактикӣ ба барномаҳои таълимӣ” ном дошта, дар ин ҷо таъкид мешавад, ки: “Дар барномаҳои нави таълимӣ ҳатман вазифаҳо барои рушди маънавию ахлоқии хонандагон, ташаккули шахсияти онҳо, тарзи ҳаёти солим, ҷаҳонбинии илмии орӣ аз хурофот, тафаккури мантиқию ақлонӣ ва техникӣ ва амсоли онҳо гузошта шавад.” Пешниҳоди дигари ин қисмат “Талаботи дидактикӣ ба китобҳои дарсӣ” унвонгузорӣ гардидааст ва зимнан маҳз таъкид мешавад: “Мувофиқати китоби дарсӣ ба принсипҳои таълим. Яъне дар ин самт, пеш аз ҳама, татбиқи принсипҳои системанокӣ, дастрасӣ, аёнияти таълим ва робитаи он бо амалия, инчунин, таъмини иштироки фаъоли хонанда дар раванди таълим ба назар гирифта шавад. «Меъёрҳое, ки ба китобҳои дарсии насли нав пешниҳод мешаванд»унвони қисмати дигар буда, ин маврид таъкид мегардад, ки: «Мазмуни китобҳои насли нав бояд хулосабарории мустақилона ва ба «кашфиёт» и одии шахсӣ расиданро оид ба ин ё он масъала ба хонанда омӯзонад». Ё худ: «Китобҳои дарсии насли нав бояд завқу шавқи хонандаро ба фанни мушаххас бедор сохта, ин дилбастагиро ба омӯзиш тадриҷан мустаҳкам созанд». Дар мантиқи одии ифода, ҳадаф дар ин ду қазовати фавқуззикр аз фанҳои миллӣ, дар хонандагон бедор намудани муҳокимарониҳои инфиродӣ, хулосабарориҳоии илмӣ – мантиқӣ ва умуман истиқлоли фикрӣ ва мустақилияти андешарониҳост, ки барои шаклгирии шахсият таҳкимбахшии маҳз маърифат мешаванд. Муаллифони мақола хуб таъкид менамоянд, ки муаллифони китобҳои дарсӣ бояд дар шуури насли наврас проблемаҳои созандагӣ, ихтироъкорӣ, бунёдкориву ҷӯяндагӣ, навоварӣ ва ғайраро бедор карда тавонанд. Барои расидан ба аҳдофи фавқуззикр муаллифони китобҳои дарсӣ бояд барои ноилшавии хонандагон ба истиқлоли фикрӣ, мустақилияти фардӣ, муҳокимарониҳои илмию мантиқӣ, натиҷагириҳои дақиқу амиқ заминагузорӣ кунанд. Дигар аз пешниҳодҳои муаллифони мақола марбут ба забони китобҳои дарсӣ аст, ки бояд ҳатман шеваи таълифи китобҳои таълимӣ танҳо дар заминаи тақозои забони адабӣ ва бо назардошти содагию равонӣ, оммафаҳмӣ, орӣ аз ҳама гуна ғалатҳо навишта шаванд.  Пешниҳоди чаҳоруми қисмати мазкур – «Талаботи беҳдоштӣ ба китобҳои дарсӣ» ва ниҳоят пункти 5 – ум «Забони китобҳои дарсии насли нав ва аҳамияти методологӣ, дидактикӣ ва мафкуравии он» унвонгузорӣ шудаанд, ки барои муаллифони китобҳои дарсӣ ва беҳбудии сифати асарҳои таълимӣ, таълими салоҳиятнок ва азхудкунии мавзӯъҳо ва дар ҳофизаи наслҳо – хонандагон, шаклгирии ҳофизаи таърихии наслҳои миллат беҳтарин пешниҳодот маърифат карда мешавад, ки ба назари мо, ҳамчун дастури методӣ хеле муҳим ва саривақтист.  

Сироҷиддини ЭМОМАЛӢ,

доктори илмҳои филология, профессор,

Мирзо СОЛЕҲОВ, доктори илмҳои филология, дотсент 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш