Нашрияи Омӯзгор

Фанҳои табиӣ ва технологияи иттилоотӣ

Сана: 2020-11-27        Дида шуд: 54        Шарҳ: 0

Ҷаҳиши асосӣ дар пайдоиш ва барқароршавии техникаи ҳисоббарор дар асрҳои 17 – 18 ба вуҷуд омад. Мошинҳои аввалини арифметикӣ аз тарафи олимони замон истеҳсол мешуданд. Компютери аввалине, ки дар асри 20 сохта шуда буд, аз компютерҳои имрӯза ба куллӣ – чӣ аз ҷиҳати сохт ва чӣ аз ҷиҳати корашон фарқ мекунанд. Имрӯз ба куҷое, ки назар кунем, компютерро дидан мумкин ва ин, хушбахтона, ба талаботи замон бисёр мувофиқ аст. Бояд қайд намуд, ки дар муддати начандон зиёди таърихӣ технологияи иттилоотӣ аз як фанни техникӣ дар бораи методҳо ва воситаҳои коркарди маълумоти додашуда бо ёрии мошинҳои электронии ҳисоббарор ба илми бунёдӣ дар бораи иттилоот ва равандҳои иттилоотии на танҳо системаҳои техникӣ, балки табиат ва ҷомеа табдил ёфтааст. Фанҳои табиӣ  риёзӣ бо фанни технологияи иттилоотӣ робитаи бевосита доранд ва аз ин лиҳоз, ба робитаҳои байни ин фанҳо диққати ҷиддӣ дода мешавад. Фанҳои табиӣ риёзӣ (физика, химия, биология, география, математика, технологияи информатсионӣ, нақшакашӣ) хонандагонро ба бисёр масъалаҳои умумӣ шинос карда, онҳоро аз нуктаи назари дигар маънидод менамоянд. Робитаи байнифаннӣ имкон медиҳад, ки савияи баланди азхудкунии мафҳумҳои илмии табиатшиносӣ таъмин карда шавад. Робитаи байнифаннӣ барои ба даст овардани савияи баланди маҳорату малакаҳои таҳлили донишҳои аз дарсҳои фанҳои гуногун азхуднамудаи хонандагон, дар ҳалли масъалаҳои барои ташаккули маҳорату малакаҳои ҳаматарафа омӯхтани ҳодисаҳои дар табиат амалоянда кумак мерасонад. Математика ҳамчун илм нисбат ба технологияи иттилоотӣ барвақттар шинохта шудааст ва барои технологияи иттилоотӣ замина мебошад. Амалҳои арифметикӣ ва як қатор амалҳои дигари технологияи иттилоотӣ аз математика мерос мондаанд. Дар ҷараёни омӯзиши технологияи иттилоотӣ мафҳумҳои зерини математикӣ аз қабили: алгебраи мантиқ, системаи ҳисоб, назарияи эҳтимолият, омори математикӣ, назарияи алгоритмҳо ва ғайраҳо вомехӯранд. Барои мисол системаи ҳисоб ва назарияи алгоритмҳоро дида мебароем. Системаи ҳисоби даҳӣ, ки дар фаъолияти рӯзмарраи инсон истифода мешавад, барои он ба амал омад, ки инсон дар дастони худ даҳ ангушт дорад ва барои ҳисоб кардан онҳо воситаи хеле қулай буд. Аз нуқтаи назари математика, ба сифати системаи ҳисоб дилхоҳ ададро интихоб кардан мумкин аст, агар барои ашёи ченшаванда қулай бошад. Аз як системаи ҳисоб ба системаи дигари ҳисоб гузаштан душворие эҷод намекунад ва алгоритми онро сохтан низ сода аст. Алгоритмҳо дар алгебра бисёр васеъ истифода мешаванд – оғоз аз амалҳои одитарини арифметикӣ то баробариҳои дифференсиалӣ. Амалҳои сода бо ададҳо, аз ҷумла ҷамъ, тарҳ, зарб ва тақсимро як қисми математика – арифметика меомӯзад. Онҳо ҳамчун воситаҳои гуногуни ҳисоб бисёр хуб омӯхта шудаанд. Таваҷҷуҳи математика ба ҳама гуна ҳисобҳое, ки ба ҳалли ин ё он масъала оварда мерасонад, зоҳир аст, ҳатто ҳисобҳое, ки ҳалли худро наёфтаанд. Масалан, даҳҳо алгоритми ёфтани масоҳати секунҷаи росткунҷа мавҷуд аст (теоремаи Пифагор). Омӯзгорони фанҳои гуногун низ метавонанд алгоритми дарси худро ба воситаи дастаи барномаҳои офисӣ, аз қабили Microsoft Word ва Microsoft Power Point сохта, дарсҳояшонро ба воситаи компютер ва проектор гузаронанд, чунки бо ин гуна методи дарсгӯӣ ҳам вақт сарфа мешавад ва ҳам энергияи муаллим.

Сунатулло САФАРОВ,

омӯзгори информатика ва математикаи гимназияи №1-и ноҳияи Варзоб


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш