Нашрияи Омӯзгор

Бинои нави шуъбаи маорифи ноҳия

Сана: 2020-09-17        Дида шуд: 21        Шарҳ: 0

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар маркази ноҳияи Мастчоҳ - шаҳраки Бӯстон бинои нави шуъбаи маорифи ноҳияро ифтитоҳ карданд.

Бунёду мавриди баҳ-рабардорӣ қарор гирифтани бинои шуъбаи маорифи ноҳия туҳфаи арзанда ба ифтихори 29-солагии ҷашни истиқлоли давлатӣ ба аҳли маориф ва кулли сокинони ноҳияи Мастчоҳ мебошад.

Бинои нави шуъбаи маорифи ноҳия аз 3 ошёна, 17 ҳуҷраи корӣ ва маҷлисгоҳ иборат буда, бо таҷҳизоту лавозимоти замонавӣ муҷаҳҳаз карда шуда, барои кормандон ҳамаи шароит муҳайё гардидааст.

Дар бинои шуъбаи маориф китобхона таъсис ёфта, Маркази технологияи иттилоотӣ, Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо низ ҷойгир карда шудааст, ки барои фаъолияти пурсамари кормандон ва пешрафти ин самтҳои муҳими соҳаи маорифи ноҳия мусоидат менамоянд.

Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони шуъбаи маорифи ноҳия ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот ва донишу маърифати фарзандон, азхудкунии донишҳои замонавӣ, технологияҳои муосир, омӯзиши амиқи фанҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ дастуру супоришҳо доданд.

President.tj


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш