Нашрияи Омӯзгор

Варзишгоҳи марказии ноҳияи Мастчоҳ бо 10 ҳазор ҷойи нишаст

Сана: 2020-09-17        Дида шуд: 30        Шарҳ: 0

 

Дар ноҳияи Мастчоҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Варзишгоҳи марказии ноҳияро бо 10 ҳазор ҷойи нишаст ифтитоҳ карда, дар ҳамин ҷо бо роҳбарон ва фаъолону сокинони ноҳия мулоқот карданд.

Майдони умумии варзишгоҳ 3,2 гектарро ташкил дода, корҳои сохтмонӣ дар он аз соли 2016 оғоз гардида буд.

Варзишгоҳ дар шаҳраки Бӯстон бо маблағгузории Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷи-кистон аз тарафи пудратчиён - Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сохтмон”, “Темурҷон” ва “Эъҷози ҳунар” сохта шуд.

Варзишгоҳ аз чор минбари нишастгоҳ ва ҳамчунин барои меҳмонони олиқадр ҷойи махсус иборат аст.

Масоҳати майдон барои бозии футбол бо андозаҳои 105 метр бар 68 метр мебошад.

Дар ошёнаи 1-ум утоқи кории директор, ҳуҷраи маъмурият, толори машқи бадан, тениси рӯи миз, бунгоҳи тиббӣ, ҳуҷраи назорати допингӣ, ҳуҷраи нигоҳи бозингарон, ҳуҷраи интизорӣ, ҳуҷраи либоскашӣ, утоқи мураббӣ,  душхона, ҳоҷатхона, анбори таҷҳизоти варзишӣ, ҳуҷраи техникӣ, ошхона, шустушӯи зарфҳо, анбор, хол ва роҳрав ҷойгир аст.

Дар ошёнаи 3-юм ҳуҷраи меҳмонон, ҳуҷраи истироҳатӣ ва ҳуҷраи санитарӣ ҷойгир шудааст.

Дар минбари шарқӣ ҳуҷраи доварон, ҳуҷраи инспекторон, ҳуҷраи мураббӣ, ҳуҷраи либос-кашии варзишгарон, ҳуҷраи маҳс, ҳаммом ва ҳуҷраи техникӣ сохта шудааст.

Мавриди зикр аст, ки ташрифи навбатии Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ барои сокинон бобарору хотирмон мебошад, зеро танҳо зимни ин сафари корӣ 57 иншооти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат, муҳ-тарам Эмомалӣ Раҳмон бевосита дар маросими ифтитоҳи 17-тои он иштирок карданд.

Дар доираи сафари кории Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иншооти наву муосири мактабу корхонаҳои саноатӣ, маркази адлия, бинои ҳизбӣ, парчами давлатӣ, фабрикаи парандапарварӣ, корхонаи коркарди шир, варзишгоҳи марказӣ бо 10 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода дода шуда, 21 километр роҳҳои маҳаллӣ мумфарш гардид. Барои таъмини пурраи аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ 90 ҷоҳи амудӣ канда шуд.

Ифтитоҳи иншоот агар аз як ҷиҳат боиси пешравии иқтисодиёти ноҳия бошад, аз ҷониби дигар, омили муҳими ташкили ҷойи кор ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум мебошад.

President.tj


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш