Нашрияи Омӯзгор

Неруи асосии пешбари ҷомеа

Сана: 2020-09-10        Дида шуд: 40        Шарҳ: 0

 

Бо ташаббуси шуъбаи таҳсилот ва технологияи педагогии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дар Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ мизи мудавввар дар мавзӯи «Илму дониш-омили асосии пешрафти ҷомеа» баргузор гардид, ки дар он масъулону кормандони академия ва пажӯҳишгоҳ ширкат карданд.

Ҳамоиш дар партави суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ ҷараён ёфт.

Ноиби президенти АТТ Ирина Каримова  оид ба ҳадафи баргузории чорабинӣ маълумот дод. Сипас, узви вобастаи АТТ Саидбой Шербоев, сармутахассиси АТТ Азим Байзоев, корманди ПРМ Давлатназар Имомназаров, сармутахассиси АТТ Саъдулло Неъматов, сармутахассиси АТТ Г. Абдураҳмонов, сардори шуъбаи таҳсилот ва технологияи педагогии АТТ Сайфиддин Камолзода, котиби АТТ Баҳриддин Муҳиддинзода…  дар бораи мушкилоти бахши таълиму тарбия ва сатҳу сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ андешаронӣ карданд.

Аз ҷумла, Азим Байзоев дар маърӯзаи хеш таҳти унвони «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф» иброз дошт, ки аслан ҳар як толибилм фан ё машғулияти дӯстдоштаи худро дорад ва дар раванди таҳсил талош мекунад, ки ҳамон фанни мавриди назарашро беҳтар аз худ намояд. Агар фикр кунем, ки бо эълон кардани «Бистсола…» ҳамаи хонандагони ҷумҳурӣ саросар ба омӯзиши илмҳои дақиқ рӯй меоранд, иштибоҳ мекунем. Беҳтараш, ҳамон хонандагонеро, ки воқеан ба омӯзиши фанҳои дақиқ рағбат доранду ҳавасманданд, даври ҳам оварем ва тамоми нозукиҳои ин илмҳоро ба онҳо омӯзонем. Ҳамчунин, хеле хуб мебуд, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ хонандагони синфҳои болоӣ аз рӯйи равия таҳсил бикунанд. Илова бар ин, сифатро дар омода намудани мутахассисон бояд аз миқдор афзалтар шуморем.

 Г. Абдураҳмонов дар маърӯзаи худ «Самтнамоии касбии хонандагон ҳамчун роҳи тарбияи мутахассисони рақобатпазир» қайд кард, ки яке аз мушкилоти ҳалталаби имрӯза масъалаи мувофиқати дараҷаи тахассуси хатмкунандаҳои макотиби олӣ ба талаботи бозори меҳнат мебошад, ки ҳанӯз ҳам ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ нест. Дуруст ба роҳ мондани раванди роҳнамоии касбӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ яке аз роҳҳои баланд бардоштани сифати касбияти мутахассисони оянда мебошад. Ба масъалаи расонидани кумаки амалӣ ва самарабахш ба хонандагон дар интихоби касби ояндаашон диққати ҷиддӣ додан лозим аст. Низомномаи дарсгоҳи самтмуайяннамоии касбӣ бояд коркард шавад ва  таъсиси чунин дарсгоҳҳо бояд ҷиддӣ пайгирӣ гардад. Дар барномаи таълимӣ «Интихоби касб» ҳатман ворид карда шавад. Ташкили марказҳои шаҳрии машваратӣ ва бунгоҳҳои машваратӣ низ мувофиқи мақсад мебошад. Зеро ҳангоми интихоби касби оянда хонандагон аз камиттилоотӣ аксаран ба шавқу завқ ва майлҳои худ такя намуда, мувофиқати худро ба талаботи ин ё он соҳаи фаъолият (имкониятҳои психофизиологӣ, зарфияти зеҳнӣ, сифатҳои муҳимми касбӣ …) сарфи назар мекунанд.

Дар фарҷом миёни ҳозирин мубодилаи афкор сурат гирифта, аз ҷониби коршиносони соҳа доир ба мушкилоти ҷойдошта мулоҳизот ва пешниҳодоти судманд шунида шуд.

 

Дилафрӯз Қурбонӣ,

«Омӯзгор»     


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш