Нашрияи Омӯзгор

Кӯдакистони «Гулистон» дар Исфара

Сана: 2020-09-10        Дида шуд: 15        Шарҳ: 0

 

Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Ҷамоати деҳоти Кӯлканди шаҳри Исфара  кӯдакистони «Гулистон»  ба истифода дода шуд. Кӯдакистони мазкур аз ҷониби соҳибкор Абдуваққос Нишонов сохта шуда, барои 175 нафар кӯдак пешбинӣ шудааст.

Саҳми соҳибкорон дар пешрафту шукуфоии шаҳри Исфара назаррас мебошад. Аз ҷумла, бо иқдоми соҳибкори бурунмарзии зодаи Исфара Миразиз Усмонов зиёда аз 5 км роҳи дохилии деҳоти Кӯлканд ба маблағи беш аз 1 млн сомонӣ пурра  асфалтпӯш шуда, масоҳати 1,1 км роҳи кӯчаи марказии деҳа бо харҷи 77 ҳазор сомонӣ таъмир гардид.

Ҳамчунин, бо ташаббус ва  маблағгузории соҳибкор Ҷамшед Бузуруков 600 метр роҳи кӯчаи Гузар асфалтпӯш карда шуд. Бо дастгирии соҳибкорон дар деҳаи Гулистон варзишгоҳи хурди муосир бунёд ва мавриди баҳрабардории ҷавонону наврасон қарор дода шуд.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш