Нашрияи Омӯзгор

Бародарам

Сана: 2020-09-10        Дида шуд: 14        Шарҳ: 0

 

Чашмонамро кушоданӣ мешавам. На, наметавонам. Хоби нимишабӣ ҳанӯз рӯйи пилкҳоям вазн меорад, чашмонам дар чашмхона давр мезананд. Ва аҷиб аст, ки даричаи гӯшҳоям бозанд, садоҳо аз роҳи гӯшҳо ба  хунам меомезанд, ин гуна тадриҷан ба мағзам рафта мерасанд. Эҳсоси чизеро шунидану фаҳм  кардан дар таҳтушшуурам барангехта мешавад. Ва аммо боли сангини мурғи хоб ҳеҷ аз пилкҳоям бардошта намешавад. Садоҳо аз кадом роҳу кӯйи дуре меоянд, ларзидаву пареш хӯрда, оҳанги кунди яъсу навмедӣ ба ин садоҳо ҳамроҳ мешавад. Як фазои парту тиҳӣ дар сандуқи синаам ба зуҳур меояд, нафаси сарду ноҳангоме беморгуна ба аҷзоям мепечад. «Ман беморам? Ё ин рӯъёст, ё кобус, ё…?»  Не, дорам кам-кам ба худ меоям, ҳастам, ҳастам. Манам мавҷуде дар фазои кайҳони беохир. Инсоне бо силсилаи мақсадҳову ғояҳои воқеӣ дар моварои замину осмони воқеӣ.

-Хез, хез, то чанд мехобӣ? Акаата куштаанд. Хез, хез, эй бачаи ғафлатмондаи оча!

Овоз мустақиман ба гӯшам мерасад, дар мағзам ангезише ба зуҳур меорад. Овози модарам аст, ки ҳама садду деворҳои чинию сикандариро рахна кардаву аз пироҳани тирагуни шаб гузашта, то ба хонаи гӯшам мерасад. Эҳсосам такон мехӯрад. Меандешам, чӣ андешидане. Дунё чӣ зебову сутуданӣ буд. Хуршеди тиллогун, моҳи равшану ахтарони нурафшон ва уфуқи лоларанг дар марғзори сабзи осмон. Зебо,  дилангез. Бародарам инсони неку дардошное буд. Агар, воқеан ӯро куштаанд, пас дунё касифу зишт шуда. На дурахшу ҷилое аз хуршеду маҳтобу ахтарон монда, на уфуқи лоларанг дар марғзори сабзи осмон. Осмон тираву хира, зишту бадрӯ гардида. Эй вой бар мо, эй лаънат ба афроде, ки зебоиро маҳв кардаанд. Ва аммо ҳеҷ фаҳму тасаввур намекунам, ки чаро ӯро, бародари азизамро куштаанд? Ингуна инсонҳоро озор набояд дод. Чӣ ҷойи… Мувозинати замину осмон ва оромишу осудагии ҷаҳонро бо фазли Худо бародараму монанд ба ӯ инсонҳои некрою хирадманиш нигоҳ медоранд.

-Хез, хез, чӣ хоби сахту сангине бурдааст туро. Хез, аката куштиян. Ҳамин хел хабар оварданд, хабари маъшум, ки ҳеҷ дар пиндору тасаввур намеғунҷад.

Бародарам! Ҳеҷ бо  беадолатию зулму бетараҳҳумии камонбадас-тон дар муросо набудӣ, мардуми деҳ ҳамвора хомӯширо ихтиёр кардаву овозашон дар гулу ях баста буд. Ба бедоду ваҳшатгариҳои «дастаҳои боло» аслан парвое надоштанд. Сар ба дарун кашида, чу сангпушт аз тарси сар ба бод надодану ҷонро дар бодияи бало наафкандан ҳарфе ба забон намеоварданд. Ва аммо ту як тан дар ситезу муқовимат будӣ бо он бадгавҳарон. Онҳо табли озодӣ мезаданд, аз дунёи наву нобуда сухан дар миён андохта, ҳамҳамаву ҳангома мебардоштанд. Ва ин дунёяшон аз он таркиб  ёфта буд, ки ҳамаи заминҳои обиро аз худ карда, рӯзону шабон ба хонаҳои мардум зада медаромаданд. Гову гӯсола, бузу бузғола, гӯсфанду мурғу мурғобӣ, ин гуна ҳар неъмате, ки ба дасташон муфт меафтод, мегирифтанду мебурданд. Ва бонг мебардоштанд: мо ҳукумати ин қаламравем. Рӯймолҳое  сиёҳ бар сар баста, ришҳо расида, андоме зишту  номуборак доштанд. Ва чун духтарону дӯшизагони аҳли деҳро таҳи чашм кардаву оҳиста-оҳиста сар ба хонаҳои ҳамдеҳагон заданд, хунат ба ҷӯш омаду қалбат лабрези андуҳ, бо ғуруру нангу номуси ҷавонмардӣ як тан бо саркардаашон даровехтӣ. Саркардаҳошон кӯру калу шалу дингу песу махав буданд ва ин айбҳо бар номашон бастагӣ дошт.

-Маро кушед, ҷисмамро пора-пора кунеду ба духтарони мардум дасти татовул дароз накунед,- бо шӯру қаҳр фаҳмондӣ ба саркардаашон ва афзудӣ, ки мову шумо аз як минтақаем, оё ҷойи айбу фурӯмоягӣ нест, ки ба сокинони маҳалли худ зулмро раво медорем? Кушед маро, паронед, пеш аз он ки номуси дӯшизаеро доғдор мекунед. Саркарда, хонаи дилаш лабрези изтироб, нигоҳи чашмонаш ғазаболуд якбора тире аз таппончааш сӯйи само партоб кард, чунонки Шаддод ҷониби Худованд партоб карда буд тире.

-Шарти қозӣ то се дафъа,-садои хашинаш баромад, ки овози нобаҳангоми паланги тирхӯрдаро мемонд. -Аз гуноҳат гузаштем.

Ҳо, ҳамин тавр буд. Модарам месӯхту фиғон мекашид, ки бачем, бо уно сар ба сар нашав. Сари сабзата ба бод медиҳӣ. Худо нигаҳ дорад. Ту муаллим будӣ, баъд дар идораи ҷамоат ба кор даромадӣ. Ҳеҷ чашми дидан надоштанд туро.

«Мо ин ҳукуматира ахир сари як тир мекунем»-мегуфтанд.

-Хез, хез, бачем, нахо бовар накунӣ? Охи, аката куштиян, мурдаша овардестиян. Дар роҳанд. Эҳ, воҳ…

Чаро ман бовар намекунам? Дар марзи қалбам хорҳои ғам неш мезананд, дар хунам ҳал мешаванд, ҷӯшидаву лабрез гардида то ба мағзам мерасанд. Нафасам то гулу меояд, берун намебарояд. Ҷигару шушу гурдаву дилам монои он, ки шикаставу даридаву пораву талқон шуда бошанд, ҷонам дар панҷаи дарде лобаён метапад. Колбаде бо рӯҳе захмину ошуфтаам.

…Бори  дигар он дастаи хуношом аз осиёби Сафари ронанда бӯ бурда, ба таракаи халтаҳои орди осиёбаш даст заданд. Вай осиёи гунаи чиноӣ сохта буд. Бист халта ордро хостанд ба мошин бор карда, ба кӯҳ-қароргоҳашон бубаранд. Писари осиёббон афтону хезон ба хона наздат омад.

-Отам гуфт, ки шумо биёеду ҷонашро раҳо кунед. Халтаҳои орди мардум аст, охир.

Ту андешаманд ба роҳ афтодӣ, ҳарчанд модарам пофишорӣ кард, ки қафо гарду сарата дар бало намон, ҳарфе дар посух нагуфтӣ, бесадо ба роҳат идома додӣ.

-Ё ин халтаҳои орди мардума мебаред, ё аз болои мурдаи ман қадам монда мегузаред! Охир, ба мардуми минтақаи худ ҳеҷ дасти некӣ дароз карда наметавонед, ақаллан нони даҳонашона кашида нагиред. Чаро луқмаи  одамонро дар комашон хун мекунед? Нангу номус доред? Оё шумо ҷавонмардед?

Садои гирову раъдмонанди ту дастаро карахту пакару саргаранг сохт. Ин ба он, вай ба дигарӣ… ин тавр ба якдигар нигоҳи роздор афканданд. Ниҳоят, тири нигоҳашон дар шишаи беранги чашмони саркардаашон тамаркуз ёфт. Саркарда чӣ мегуфта бошад?

-Ба хотири ин ҷонфидоият гуфта будам-а, шарти қозӣ се бор, аз гуноҳат гузаштам. Боқӣ, ту медонию ҷонат.

Инро гуфта, боз ҳам тире аз таппончааш ба боло, ба сӯйи фалак партоб кард. Чу Намруд, чу Шаддод, чу Фиръавн…

Ҳамакнун гӯйӣ хунам аз ҳаракат монда бошад, кунду карахту сангину ноҷунбон аз болин сарамрову аз ҷогаҳ пайкарамро бардошта наметавонам.

…Кабӯтарон, кабӯтарони ман! Онҳо сафеду кабудфому хокистарию ҷола-ҷола бо як ҳуштаки ман ба парвоз меоянд. Аз рӯйи чӯби салибшакл ба боло, болои боло мепаранд, чапу рост давр мезананд, сарозер мешаванд, нимдавра тоб мехӯранд, тани худро оҳиста-оҳиста болову поён меоранд. Мечарханду мечарханд. Аҷаб чархише зебову диданӣ. Пару болашон ба ҳам бармехӯрад, садое чу садои чапакзании одамон дар анҷуманҳо мебароранд. Кабӯтарони ман! Аммо… садои тир баногаҳон баланд мешавад. Тире аз ғайб аст магар? Кабӯтарон як-як сарозер ба замин омада меафтанд. Ваҳ, чӣ фалокате ваҳшатзо. Кист ин бераҳми ақлбохта? Кист, кист?

… Аммо… маротибаи сеюм туро набахшиданд. Онҳо анҷумане ба фаҳмиши худ оростанд дар Масҷиди калон ва ҳамаро гирд оварданду раисони ҷамоату колхозро пеш андохта, назди мардум рост монданд.

-Мо бо раисонатон машварат карда, ба хулосае омадем, ки ҳамаи заминҳои  обӣ дар ихтиёри мо қарор мегирад. Шумо бошед (вай ба мардум, ки ҳайратзадаву даҳонво ба ӯ менигаристанд, чашм дӯхт), дар зери дасти мо дар ин заминҳо кор мекунед,-таъкид кард саркардаи даста ва фаҳмонд:

(Давом дорад)

Шодӣ РАҶАБЗОД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш